Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати байналмилалӣ барои бунёди пайкараи Каримов


Ислом Каримов
Ислом Каримов

Раиси ҷумҳури мунтахаби Узбакистон Шавкат Мирзиёев фармон дод, ки ҷиҳати барафрохтани пайкараи президенти авввалини Узбакистон Ислом Каримов сабқати байналмилаӣ эълон шавад.

Матбуоти маҳаллӣ, ки матни фармонро нашр кард, мегӯяд, ки ин санад 2 декабр имзо шудааст. Дар матн омадааст, ки пайкараи Каримов барои гиромидошти хотираи ӯ бунёд мешавад.

Биноба маълумоти ҳукумати Узбакистон Ислом Каримови 78 сола рӯзи 2 сентябр бар асари сактаи мағзӣ аз дунё гузашт. Каримов аз соли 1989, замоне, ки Шӯравӣ ҳанӯз вуҷуд дошт, ба ин кишвари Осиёи Марказӣ раҳбарӣ кардааст.

Миёнаҳои моҳи сентябр як маcҷиди бостонии тармим шуда ба ифтихори Каримов "Ислом-Ота" номгузорӣ шуд.

Шавкат Мирзиёев, ки аз соли 2003 дар мақоми нахуствазири Узбакистон фаъолият кардааст, баъди марги Каримов раҳбари муваққат интихоб шуд. Ӯ рӯзи якшанбеи 4 декабр дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд ва зимоми қудратро дар ин кишвар барои панҷ сол ба даст овард.

XS
SM
MD
LG