Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси лафзии Тоҷикистону Узбакистон дар ҳамоиши Душанбе


Ҳамоиши "Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар таъмини амнияти минтақа:мушкилот ва дурнамо" рӯзи 14 май дар Душанбе оғоз ба кор кард.
Ҳамоиши "Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар таъмини амнияти минтақа:мушкилот ва дурнамо" рӯзи 14 май дар Душанбе оғоз ба кор кард.

Миёни намояндагони Тоҷикистону Узбакистон дар ҳамоише дар Душанбе, ки масоили ҳамгиройи дар арсаи нақлиёт миёни кишварҳои узви СҲШ-ро баррасӣ мекард, баҳси лафзие сар зад, ки посухаш ба рӯзи дигар монд.

Котиби комиссияи байналмилалии сарбандҳои бузург дар Тоҷикистон мегӯяд, бинобар монеасозиҳои Узбакистон дар интиқоли молу коло ба Тоҷикистон арзиши таҷҳизотҳои НБО-и Роғун ба маротиб гаронтар мешавад.

Ҳомидҷон Орифов, котиби комиссияи байналмилалии сарбандҳои бузург дар Тоҷикистон рӯзи 14-уми май дар ҳамоиши «Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар таъмини амнияти минтақа: мушкилот ва дурнамо", ки масоили ҳамгироӣ дар арсаи нақлиёт миёни кишварҳои узви ин созмон баррасӣ мешуд, гуфт: «Ба мо зарур буд, ки як давраи чархаи нерӯгоҳи Роғунро таҷдид кунем. Мо онро тариқи самолёт интиқол додем… ин чархаи тиллоӣ шуд. Ҳол он ки мешуд онро бо роҳи оҳан ба маротиб арзонтар интиқол диҳем. Аммо Узбакистон намегузорад. Мо ҳоло дар бораи ҳамкориҳо дар кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой гуфта истодаем. Чӣ гуна ҳамкорӣ? Вақте СҲШ ин мушкилро ҳал карда наметавонад, пас мо дар бораи чӣ гап мезанем. Чӣ дар даркор аст ин созмон?».
Ҷаноби Орифов афзуд, ки ҳамсоякишвар Тоҷикистонро дар инзивои иртибототӣ қарор додааст ва бо ин роҳ сохтани нерӯгоҳи Роғун мушкил хоҳад буд. Вай гуфт, ягона роҳи боз барои Тоҷикистон интиқол долани маводу таҷҳизот тариқи хоки Қирғизистон боқӣ мемонад. Зимнан, ин коршиноси тоҷик аз намояндагони вазорати нақлиёти Тоҷикистон пурсид, ки чаро қитъаи роҳи Ғалаба – Амузанг дар ҷануби Тоҷикистон то ба ҳол барқарор нашудааст ва асли мушкил дар чист? Орифов гуфт, оё Тоҷикистон дар такя ба қонунҳои байналмилалӣ метавонад аз Узбакистон барои тахриби ин қитъаи роҳ ҷуброни молӣ ва ё маънавӣ талаб кунад?

Фарида Ёқубзод, роҳбари бахши равобити хориҷии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар посух ба иддаои ҷаноби Орифов гуфт: «Тоҷикистон ва Узбакистон ҳар ду узви Созмони ҳамкорӣ дар бахши роҳи оҳан ҳастанд. Ҳамчунин то ҷое медонам, байни идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ва Узбакистон низ созишнома вуҷуд дорад. Аммо созишномаи байниҳукуматӣ дар арсаи нақлиёт нест. Бинобар ин ин гуна мушкилиҳо ба миён меояд».

Хонум Ёқубзод афзуд, дар сурати имзо шудани чунин созишнома, бисёре аз мушкилот дар арсаи нақлиёти Тоҷикистону Узбакистон ҳал хоҳад шуд.

Зимнан ду намояндаи маркази таҳқиқоти стратегӣ ва пажӯшҳишҳои минтақавии Узбакистон Ӯктам Носиров, ва Алишер Бадалов низ дар ин ҷаласа ҳузур доштанд.

Уктам Носиров дар посух ба иддаоҳои ин коршиносони тоҷик гуфт, Узбакистон яке аз ду кишваре дар ҷаҳон аст, ки барои расидан то ба бандар бояд қаламрави ду кишварро убур кунад. Вай гуфт: «Дар стратегияи сиёсати хориҷии Узбакистон, ки соли 2012 қабул шудааст, ҳамкорӣ дар арсаи нақлиёт бо ҳамсоякишварҳо аз афзалиятҳои кишвар унвон карда шудааст. Аз ин рӯ барои мо сохтмони роҳҳо ва ҳамгироӣ дар арсаи нақлиёт бо ҳамсоякишварҳо аз афзалиятҳо аст. Аммо ба сӯи шумо дар мавриди он қитъаи роҳи оҳан ман ҳоло посух дода наметавонам. Вале ваъда медиҳам, ки имрӯз сабаби ин мушкилро аз мақомоти дахдори кишварамон пурсон шуда посухашро дар давоми ҷаласа фардо хоҳам гуфт.»

Аз тахриб шудани қитъаи роҳи оҳани Амузанг- Ғалаба, ки Узбакистонро ба ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, ду сол пур мешавад. Узбакистон дар соли 2012 роҳи қатори самти Тоҷикистонро баст ва садҳо вагон бору колоҳои ҷониби Тоҷикистон моҳҳо дар қаламраваш дармонданд. Ин ҳама монеагузориҳои Узбакистон ҷиҳати интиқоли молу коло ба Тоҷикистон дар пасманзари азми қавиаш барои сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун сурат гирифт. Ба таъкиди коршиносон, ин ҳама фишорҳои Тошканд болои Душанбе маҳз барои боздоштани Тоҷикистон аз азмаш ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи Роғун сурат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG