Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Узбакистон хост, ки роҳи оҳани Амузангро барқарор кунад


Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамтоёни узбаки худ хостаанд, роҳи оҳани Тирмиз - Амузангро, ки ба ҷануби кишвар мепайвандад ва чанд соли пеш тахриб шуда буд, дубора барқарор кунад.

Душанбе аз Тошканд хост, роҳи оҳани Тирмиз- Амузангро, ки ба ҷануби кишвар мепайвандад ва чанд соли пеш тахриб шуда буд, дубора барқарор кунад. Ин пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки муддати 4 соли ахир аксари тоҷирони ин масир роҳи интиқоли молу колояшонро тағийир кардаанд.

Асо Ҷабборов, соҳибкоре, ки ба бозори “Фаровон ”- и шаҳри Қӯрғонтеппа, масолеҳи сохтмонӣ ворид мекунад, то чор соли пеш барои овардани ин масолеҳ аз роҳи оҳани Тирмиз - Амузанг истифода мебурд. Аммо баъд аз басташавии ин масир маҷбур шуд, ки роҳи дигари ҳамлу нақли борашро пайдо кунад.

Ин соҳибкор гуфт, ки дар тӯли ин солҳо даҳҳо ҳазор сомонӣ гум кардааст. “Мо масолеҳи сохтмониро аз Хитой ворид мекунем. Қаблан мо маҳсулотро мустақиман дар шаҳри Қӯрғонтеппа қабул мекардем ва аммо ҳоло онро аввал ба Душанбе меорем ва пасон боз ба мошинҳо бор карда ба вилояти Хатлон мерасонем. Худатон тасаввур кунед, ҳар як "Камаз"-е, ки борро аз Душанбе то Қӯрғонтеппа меорад, аз якуним то 2 ҳазор сомонӣ пул мегирад, ки ин албатта ба ҷайби соҳибкор зарба мезанад ва ба нархи маҳсулот низ таъсири худро мерасонад.”

Асо Ҷабборов гуфт, агар роҳи Тирмиз-Амузанг канда намешуд, тиҷорати ӯ рушди бештар мекард. Ин ҳам дар ҳолест, ки теъдоде аз ширкат ва тоҷирони маҳсулоти ғизоиро баста шудани ин роҳ комилан муфлис карда ва ё дар ҳоли вазъи мушкили иқтисодӣ қарор додааст.

Қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг қисматҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистонро мепайваст ва роҳи транзитӣ барои бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон - Хатлон маҳсуб мешуд. Содироти пахта ба хориҷи кишвар ва воридоти масолеҳи сохтмонӣ ва муҳимтар аз он, маводи ғизоӣ ба қаламрави вилояти Хатлон маҳз тавассути ин қитъаи роҳи оҳан сурат мегирифт ва ҳоло истифода аз роҳҳои дигари ҳамлу нақл даҳҳо ҳазор доллар хароҷоти изофиро дар бар мегирад.

Баҳром Шодиев
Баҳром Шодиев

Мақомоти Тоҷикистон зарари басташавииин роҳро барои кишвар ҳудуди 100 миллион доллар ҳисоб кардаву мегӯянд, он ба муомилоти тиҷоратӣ, гардиши савдои хориҷӣ дар вилояти Хатлон таъсири манфӣ расонд. Моҳе қабл як гурӯҳи корӣ иборат аз мақомоти Тоҷикистон дар Тошканд қарор дошт ва аз мақомоти Узбакистон хост, ки қисмати тахрибшудаи роҳи оҳани Тирмиз - Амузангро дубора барқарор кунанд.

Баҳром Шодиев, муовини раҳбари ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 21 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “дар ин музокирот Тоҷикистон ду масъаларо баррасӣ кард, ки яке аз онҳо барқарор намудани қитъаи роҳи оҳани Тирмиз – Амузанг ва дигари муайян кардани тарифи транзити боркашонӣ буд. Ҷониби Узбакистон гуфт, ки мо бояд зарурияти барқарор намудани ин роҳро асоснок намоем ва мо аллакай дар ин бора пешниҳоди худро ирсол намудем.”

Нишасти хабарии раҳбарони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон".
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Пас аз он, ки моҳи ноябри соли 2011 ҳаракати қаторҳо дар роҳи оҳани Тирмиз- Қӯрғонтеппа қатъ шуд, Тоҷикистон чандин бор аз Узбакистон барқарор намудани ин қитъаи роҳро дархост кард. Дар ин муддат ҳатто ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳамтоёни узбаки худ пешниҳод кард, ки барои ҳалли мушкил як комиссияи вижа ташкил шавад ва ин ҷониб омода аст тармими пулро ба зимма гирад. Ба қавли онҳо, барои анҷоми ин кор, як ҳафта кофист. Ҷониби Узбакистон дар посух ба Тоҷикистон истифодаи роҳи Қудуқлиро, ки ба истгоҳи роҳи оҳани Душанбе мебарад, пешниҳод намуд ва аз посух ба ибтикорҳои дигари Тоҷикистон худдорӣ кард.

Усмон Қаландаров
Усмон Қаландаров

Сабаби аслии тахриби роҳи қатор миёни Узбакистон ва ҷануби Тоҷикистон, аз мухолифати кишвари ҳамсоя ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун унвон мешавад. Аммо дар ҳамин ҳол, Усмон Қаландаров, муовини сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон умедвор аст, ки ин дафъа бо ҷониб ҳамтоёни узбакашон ба мувофиқа мерасанд. Усмон Қаландаров афзуд, ки “ин дафъа мо ба ҷониби Узбакистон пешниҳодамонро бо он асоснок кардем, ки ин роҳ барои мардуми мо хеле муҳим аст ва метавонад давоми роҳҳои дигар бошад. Мардум бояд тариқи ин роҳ имкони ҳамлу нақли молу колояшонро дошта бошанд.”

Ин масъули Роҳи Оҳани Тоҷикистон бештар кардани интиқоли молу колои транзитӣ тавассути Тоҷикистон ва Узбакистонро дар назар дорад. Ҳатто ба гуфтаи Усмон Қаландаров, боркашонии транзитӣ ҳам дар нимаи нахусти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 364 ҳазор тонна ва ё 11,3 дар сад камтар шудааст. Бо ин ҳам иқтисодшиносони тоҷик бар инанд, ки баста шудани роҳи Тирмиз - Амузанг боиси он шуд, ки барномаи стратегии давлати Тоҷикистон дар мавриди афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ зери суол биравад ва ҳамчунин иқтисоди вилояти Хатлонро дучори ақибмондагӣ гардад.

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз нигоҳи Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик ба хотири ба вуҷуд наомадани танишҳои иҷтимоӣ бояд минтақаҳо аз назари иқтисодиву иҷтимоӣрушди якхела дошта бошанд. Ба гуфтаи Собир Вазиров, ”агар мо минтақаи Хатлонро бо Суғд муқоиса кунем, аз лиҳози иқтисодӣ фарқияти азим аст ва мақсад аз бастани роҳ низ маҳз ба вуҷуд овардани рушди гуногунии минтақаҳо буд. Вале аз нигоҳи ман ин роҳ барқарор мешавад, чун баъзе аз масоили сиёсӣ ба ин таъсиргузор аст. Зеро душамани ягонае, ки барои ҳар ду кишвар эҳтимолан пайдо шудааст, ба он сабаб мегардад, ки масоили иқтисодии худро бо ҳам наздик кунанд.”

Зимнан, қабл аз тахриби қитъаи роҳи қатори Тирмиз – Амузанг аз ҷониби Узбакистон, ин роҳ дар соли 2010 бадалели “шуста шудани як қисмати он дар пайи омадани сел” баста шуд. Пас аз ин ҳодиса "Узбекистон темир йуллари" дар номае ба Роҳи оҳани Тоҷикистон баён дошт, ки ин роҳ аз лиҳози иқтисодӣ судовар нест ва беҳтар ин аст, ки баста шавад. Ин буд, ки моҳи ноябри соли 2011 ҷониби Узбакистон қитъаи роҳи оҳани Тирмиз – Амузангро якҷониба канда партофт.

Ҳамакнун дар пайи то андозае беҳбуди равобиту муносиботи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон эҳтимол меравад, ҷонибҳо сари дубора фаъол шудани ин қитъаи роҳ ва ба хусус ҳаракати қаторҳо дар ин ҷода ба созиш бирасанд, ки омили рушди ҳар чӣ бештари ҷануби Тоҷикистон, вилояти бузургтарини ин кишвар – Хатлон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG