Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии беголи Тоҷикистон ва Сурия дар Хуҷанд


Бозии дӯстонаи мунтахабҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Сурия бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Ин бозӣ рӯзи 27 август дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияи Тоҷикистон" бо ҳузури 7 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Дар ин бозӣ се бозигари асосии мунтахаби миллии Тоҷикистон -- легионерҳо Нуриддин Давронов, Давронҷон Эргашев ва Парвизҷон Умарбоев ҳузур надоштанд. Бозиро ҳайати ҳакамон аз Русия доварӣ карданд.

Дар бозӣ бо мунтахаби Сурия чаҳор бозигар --- Зоир Ҷӯрабоев, Фирӯз Қараев, Муҳаммадҷони Ҳасан ва Ойбек Абдулғаффоров, ки ба тозагӣ ба ҳайати мунтахаби футболи Тоҷикистон даъват шудаанд, ҳунарнамоӣ карданд.

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дувумин бозии байналмилалии худро зери мураббигии Ҳаким Фузайлов анҷом дод. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 2 июн дар бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар шаҳри Душанбе, тими Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 мағлуб карда буд.

Ҳаким Фузайлови 51-сола, футболбози дар гузашта маъруфи тими овозадори “Помир”-и Душанбе 29 апрел сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ, ки аз моҳи январи соли равон дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар мақоми муовини раиси департаменти фаннӣ кор мекард, дар мақоми ҷадидаш Мубин Эргашевро иваз намуд.

Ҳаким Фузайлов пас аз интихоб шуданаш ба ин мақом гуфт, ки дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳатман тағйирот ворид мекунад ва ба даста ҷавонони боистеъдодро даъват менамояд.

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 6 сентябр таҳти раҳбарии Ҳаким Фузайлов бо тими миллии Фаластин рақобат мекунад. Ин бозии дӯстона дар варзишгоҳи «Дура»-и шаҳри Ҳеврон, ки дар он моҳи феврали соли равон дастаи “Хуҷанд” бозии плей-оффи Ҷоми АFС-2016-ро гузаронд, барпо мегардад.

3 октябр бозии ҷавобии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Фаластин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Боз як бозии расмии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон 9 ноябр дар Душанбе бо тими миллии Туркманистон барпо мегардад.

Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки 14 июл нашр шудааст, дар байни 209 кишвар бо 220 имтиёз дар ҷойгоҳи 145-ум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG