Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шарти Русия: "Тоҷикистон бояд ба парвозҳо аз ҳамаи фурудгоҳҳо иҷозат диҳад"


Маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Русия аз оғози музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи танзими парвозҳо миёни ин ду кишвар хабар дод. Темур Ҳикматов, сухангӯи Вазорати нақлиёти Русия, рӯзи 7 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, натиҷаи ин музокирот дар нимаи дувуми рӯз эълон хоҳад шуд. Ҳамзамон Ҳикматов таъкид кард, "мавқеи Русия дар ин музокирот тағйир наёфтааст ва бояд Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймои ширкатҳои Русия аз ҳамаи фурудгоҳҳо, бо шумули фурудгоҳи нави Жуковский иҷозат диҳад."

Ин мавзӯъ дар музокироти ҳайатҳои Русия ва Тоҷикистон баррасӣ шуда ва умед аст, ки ҳалли мусбати худро меёбад.

Дар посух ба суоли онки "дар сурати мувофиқат накардани ҳайати Тоҷикистон ба ин тақозо, сарнавишти парвозҳо миёни ин ду кишвар чӣ хоҳад шуд?", сухангӯи Вазорати нақлиёти Русия гуфт: "Ин мавзӯъ дар музокироти ҳайатҳои Русия ва Тоҷикистон баррасӣ шуда ва умед аст, ки ҳалли мусбати худро меёбад."

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии ТАСС аз қавли мақомоти рус навиштааст, Тоҷикистон парвозҳоеро, ки ба шаҳр ва вилояти Маскав марбут мебошанд, бояд қабул кунад, зеро он шомили созишномаҳои дуҷониба мешавад. Аз ин қабл Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, гуфта буд, ҷониби Душанбе мехоҳад дар масъалаи танзими парвозҳо бо ҷониби Русия созишномаи нав имзо кунад. Ба далели 3 рӯзи таътил дар Русия, музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия барои танзими парвозҳо миёни ду кишвар рӯзи 7 ноябр оғоз шуд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 7 ноябр зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иттилои хабаргузориҳои Русия дар робита ба моил ба музокирот набудани ҷониби ин кишварро рад кард ва онро “фишорҳои иттилоотӣ дар арафаи музокирот”, гуфт. Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, "аз тариқи пахши хабарҳои беасос ҷониби Русия мехоҳад, ин баҳсро ба манфиати худ ҳал кунад. Ин баҳс бояд дар чорчӯби қонунҳо ва созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия сурат гирифта ва роҳҳои ҳалли он пайдо шавад". Ин дар ҳолест, ки хабаргузории РИА Новости рӯзи гузашта аз қавли мақомоти Вазорати нақлиёти Русия гуфтааст, дар рӯзҳои наздик музокирот миёни ҳайатҳои вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия дар нақша гирифта нашудааст.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Аммо мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ҳайати ин вазорат ба раҳбарии Маҳмадюсуф Раҳмон, сардори Раёсати ҳавопаймоии мусофирбар, ки ба он намояндагони ширкатҳои “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр” низ шомиланд, феълан дар шаҳри Маскав қарор дошта ва рӯзи 7 ноябр бо ҷониби Русия дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Ба гуфтаи ин мақомот, ҳайати Тоҷикистон барои ҳимояи манфиатҳои ширкатҳои ҳавоии худ ва риоя шудани “паритет ё баробарӣ” дар анҷоми парвозҳо пойфишорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ТАСС ба истинод ба маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Русия навиштааст, “то он замоне, ки Тоҷикистон ба ҳамаи парвози ширкатҳои Русия мувофиқат накунад, ин кишвар мавқеъяшро дар қиболи Тоҷикистон нарм нахоҳад кард.”

Зимнан, рӯзи 3 ноябр вазорати нақлиёти Русия гуфт, ки бо сабаби мухолифати Тоҷикистон барои ташкили парвозҳо ба самти Тоҷикистон аз Маскав тавассути фурудгоҳи Жуковский, Русия ҳамаи парвозҳо ба самти Тоҷикистонро қатъ мекунад.

Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати ҳавопаймои мусофирбари Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 3 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати тавассути фурудгоҳи воқеъ дар вилояти Маскав анҷом шудани парвозҳо, манфиати ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон аз рӯи муқаррароти “паритет ё баробарӣ”, риоят намешавад. Мояи норизоияти Тоҷикистон ин аст, ки шумори ширкатҳои русии анҷомдиҳандаи парвоз ба шаҳрҳои ин кишвар назар ба хадамоти ширкатҳои тоҷикӣ бештар аст.

Фурудгоҳи Жуковсикий.

Фурудгоҳи Жуковсикий.

Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати аз Жуковский ҳам илова шудани парвозҳо ба самти Тоҷикистон, шумори парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд афзоиш меёбад ва ин чиз манфиатҳои бозори парвозҳои Тоҷикистонро халалдор мекунад. То ҳол парвозҳо миёни 4 шаҳри Тоҷикистон ва беш аз 10 шаҳри Русия ба таври баробар аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ин ду кишвар анҷом мешаванд.

Аз сӯи дигар, фурудгоҳи нав дар ҳудуди вилояти Маскав воқеъ буда ва аз фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Маскав – “Шереметево”, “Домодедово” ва “Внуково” дар фосилаи 40 то 100 км роҳ ҷойгир аст ва ин тасмим барои мусофирони тоҷик мушкилоти зиёд эҷод мекунад. Хусусан барои мусофирони тоҷик, ки мехоҳанд аз тариқи Маскав ба кишварҳои дигари хориҷӣ парвоз кунанд.

Муҳимтарин бахши мусофирони ҳавопаймоҳои Тоҷикистон-Русия муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд, ки бо ҳадафи кору рӯзӣ ба ин кишвар мераванд ва солона шуморашон дар ҳудуди 1 миллион нафар ҳисоб шудааст.

Фурудгоҳи Жуковский дар наздикии шаҳри Маскав аз моҳи майи соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз карда ва қарор аст ширкати русии “Уральские авиалинии” аз ин фурудгоҳ ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳо анҷом диҳад. Феълан дар ин феҳрист номи ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон шомил нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG