Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Доварони бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии Фаластин ва Тоҷикистон, ки 6 сентябр дар шаҳри Ҳеврон баргузор мешавад, аз Урдун мебошанд.

Довари ФИФА Мурод Аҳмад Баҳит Ал-Заваҳреҳи 37-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳамватанони ӯ - ёварони довари ФИФА Обид Ал-Раҳмон Ноҷӣ Муҳаммад Оқили 39-сола ва Маҳмуд Тоҳир Муҳаммад Абу Тоҳири 37-сола – доварони марзи майдонанд.

Мурод Аҳмад Баҳит Ал-Заваҳреҳ аз соли 2011-ум доварони дараҷаи байналмилалӣ мебошанд. Пештар ӯ ду бор бозиҳоро бо ширкати дастаҳои Тоҷикистон доварӣ кардааст. Ал-Заваҳреҳ сардовари бозии мусобиқоти интихобии қаҳрамонии осиё-2014 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ (0:5) ва Тоҷикистону Лубнон (0:0) буд.

Ёдовар мешавем, бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии Фаластин ва Тоҷикистон 6 сентябр дар Варзишгоҳи байналмимлалии «Дура» дар Ҳеврон соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Ҳаким Фузайлов дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин карда, ба бозии дӯстона бо тими миллии Фаластин омодагӣ мебинад.

Бозии дӯстона дар шаҳри Ҳеврони Фаластин дар майдони чаманаш сунъӣ баргузор мешавад. Бинобар ин мунтахаби Тоҷикистон дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ машқ мекунад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 бозигар даъват шудааст. Дар байни онҳо нимҳимоятгарон, легионерҳо Нуриддин Давронов аз бошгоҳи «Дунав»-и Булғористон ва Парвизҷон Умарбоев аз дастаи «Локомотив»-и Булғористон ҳастанд.

Вале ҳимоятгар Давронҷон Эргашев, ки дар бозии даври охирини мусобиқоти қаҳрамонии Қазоқистон дар ҳайати «Тараз» лат хӯрдааст, наметавонад ба мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Фаластин кӯмак кунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар бегоҳи шанбеи 3 сентябр тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Дубай ва аз он ҷо ба Уммони Урдун парвоз мекунад. Аз пойтахти Урдун мунтахаби Тоҷикистон ба воситаи автобус аз қаламрави Исроил ба шаҳри Ҳеврони Фаластин меравад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон, ки ба бозӣ муқобили Фаластин омодагӣ мебинад:

Дарвозабонҳо: Абдулазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду – «Ҳосилот»), Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Зоир Ҷӯрабоев, Соҳиб Саванқулов (ҳарду – «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Дунав», Булғористон), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Фаридун Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов (ҳама – «Истиқлол»), Умедҷон Шарифов («Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан, Кароматулло Саидов (ҳарду – «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Беларус), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Ҳосилот»).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG