Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Қирғизистон. Вақте харита ба қартаи сиёсӣ табдил меёбад


Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар баҳси таъини марзи байни ду кишвар ба харитаҳое нигоҳ мекунанд, ки аз ҳамдигар фарқи ҷиддӣ доранд.

Харитае, ки ҳайати Тоҷикистон рӯйи миз гузоштааст, солҳои 1924 ва 1927, замони муайян шудани ҳудудҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ таҳия гашта, бар пояи он, Ворух на танҳо ҷазирақаламрав ё анклав нест, балки марзи Тоҷикистон хеле дуртар ба дохили Қирғизистони феълӣ ҷойгир аст.

Ҳайати Қирғизистон харитаҳои солҳои 1958-59-ро пеш мегузорад, ки тибқи онҳо, Ворух ҷазирақаламрав аст. Ин ҳайат ҳамчунин аз харитаи соли 1989 ҳимоят мекунад, ки дар он минтақаҳои баҳсталаб ба Қирғизистон ҳамроҳ карда шудаанд. Раҳбари Шӯъбаи аломатгузории марзҳои давлатии Қирғизистон, Қурманбой Искандаров мегӯяд: "Азбаски ду тараф харитаҳои гуногунеро пешниҳод мекунанд, то ҳол намешавад, ба хулосаи ягона расид ва хатти марзро кашид. Ин яке аз сабабҳои асосии идомаи баҳсҳост."

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00
Линки мустақим

Аммо Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви Комиссияи байниҳукуматии таъйини марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон мегӯяд, танҳо харитаи солҳои 1924 ва 1927 санади ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, зеро онро ҳарду кишвар расман эътироф кардаанд ва ин нақшаест, ки дар сатҳи байнулмилал низ расмӣ шудааст: «Аммо тарафи Қирғизистон инро қабул надорад. Онҳо харитаи тақсимбандии солҳои 1958-59-ро, ки аз сӯи Шӯрои
Ҷумъабой Сангинов
Ҷумъабой Сангинов
Олии Қирғизистон тасдиқ шудааст, пешниҳод доранд. Аммо расмиёти ҳуқуқии он танҳо дар сатҳи вилоят анҷом ёфта, дар сатҳи ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон баррасӣ нашудааст. Аз нигоҳи талаботи байнулмилалӣ ва қонунгузории миллӣ он санади комил ва тасвибшуда ба шумор намеравад ва қувваи қонунӣ надорад. Он ҳамчун санад метавонад, манфиати як тараф, яъне Қирғизистонро баён кунад, аммо санади ҳуқуқӣ буда наметавонад».

Мақомоти Тоҷикистон харитаи соли 1989, далели дигари ҷониби Қирғизистонро низ санади ниҳоӣ ҳисоб намекунанд. Аммо Комиссияи байниҳукуматии аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон соли 2006 онро ҳамчун санад барои баррасӣ қабул кардааст, на санади ниҳоӣ ва қонунӣ.

Харитаи даврони Шӯравӣ, ки Ворухро дар қаламрави Тоҷикистон нишон медиҳад.
Харитаи даврони Шӯравӣ, ки Ворухро дар қаламрави Тоҷикистон нишон медиҳад.
Абдуғаффор Ғоибов, узви комиссияи паритетии Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои 1969 – 1989 мегӯяд, ин харита ҳанӯз дар замони Шӯравӣ аз Маскав бекор шуда буд: «Соли 1989 ҳам айнан чунин як баҳс бар сари обу роҳ бархост. Як комиссия ташкил карданд ва бақия заминҳои атрофи Ворухро ҳам харита карданд. Ман дар он комиссия будам ва норизоиятии худро баён кардам. Ба Маскав шикоят бурдем. Раиси онвақтаи палатаи Иттиҳоди Шӯравӣ тариқи телеграмма хабар дод, ки натиҷаи кори ин комиссия сифр карда шавад. Аммо қирғизҳо то ба ҳол он харитаро ҳамчун санад пеш меоранд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ онро расман эътироф накардааст.»

Комиссияи байниҳукуматии аломатгузории марз бо Қирғизистонро Тоҷикистон 21 сентябри соли 2000 таъсис ёфтааст. Ин комиссия дар Қирғизистон соли 2002 ба кор оғоз намуд. Аз ҷаласаи аввал дар соли 2002 то ба ҳол ҷонибҳо натавонистаанд бар сари санади ягона, ки роҳро барои аломатгузории марз боз кунад, ба мувофиқа нарасидаанд.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон ба сандаҳои тақсимоти миллӣ - ҳудудии солҳои 1924 -1927 ва Қирғизистон ба харитаҳои солҳои 1958- 59 ва 1989 истодагарӣ мекунанд, як далели Бишкек ҳам ин аст, ки агар зарурати тақсими ҳудудҳо намебуд, солҳои минбаъда, яъне 1938 - 1939, 1949, 1958 - 1959, 1961, 1987-89 комиссияҳои дигар таъсис намеёфтанд.

Тоҷикистон дар харита дар соли 1939.
Тоҷикистон дар харита дар соли 1939.
Аммо Георгий Кошлаков, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, ки низ дар кори ин комиссияҳо ширкат доштааст, мегӯяд, комиссияҳое, ки Қирғизистон дар назар дорад, на барои баҳси марзӣ, балки барои ҳалли баҳсҳои тақсими обу истифодаи замин таъсис мешуданд: «Он ҷо баҳси марз набуд, ҳар баҳсе, ки буд, ба об рабт дошт. Табиист, ки дар навоҳии Лайлаку Бодканд баҳсҳо сар мезаданд. Ин гапи нав нест. Дар мавриди марзҳо бошад, он замон Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва ҳар касе куҷое мехост хоҳ ба Қирғизистон ва хоҳ Тоҷикистон мерафт. Мушкил набуд. Ҳоло ба назар мерасад, мушкил пайдо шудааст.»

Дар ҳамин ҳол, бино ба манобеи огоҳ аз вазъи кори комиссияи муштараки баҳс, музокироте, ки ҳоло миёни Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад, танҳо «омаданду нишастанду гуфтанду рафтанд» иборат аст. Ҷонибҳо баҳсҳои рӯзмарраро баррасиву протокол мекунанд ва бо ҳамин тамом. Ин манбаъ мегӯяд, қирғизҳо дар асл мехоҳанд, ки ҳудудҳои сукунати имрӯзаи қирғизҳоро марзи Қирғизистон эътироф кунанд, ки инро Тоҷикистон қабул надорад. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, баҳсҳо бармаҳал аз доираи баррасиҳои қонунӣ берун омада, сиёсӣ ва ҳатто геополитикӣ шудаанд, яъне на санадҳо, балки ирода ва қарори сиёсӣ масъалаи аломатгузории марзҳоро ҳал хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG