Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намунаи ҳамкории ду кишвари болооб барои кишварҳои поёноб


Дар назар аст, ҳафтаи оянда миёни Тоҷикистону Қирғизистон созишномае дар мавриди истифодаи оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ ба тасвиб расад.

Ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкориҳои Шанхай рӯзи 13-уми сентябр дар пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад ва гуфта мешавад, дар ҳошияи ин ҳамоиш миёни Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи истифодаи оби дарёҳои минтақавӣ ба имзо мерасад.



Баҳром Ғафуров, корманди маркази илмӣ-иттилоотии Кумиссиюни байнидавлатии идораи хоҷагии об дар Тоҷикистон, ки котиби кумиссиюни муштараки вазоратҳои оби Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ҳаст, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, созишномаи мазкур бо ташаббуси Тоҷикистон таҳия шудааст ва ҳадаф аз он эҷоди як намунаи мусбати ҳамкории давлатҳои ҳамсоя дар ҳалли мушкили об унвон мешавад.

Ҷаноби Ғафуров меафзояд, аз соли 2009 инҷониб миёни вазоратҳои оби Тоҷикистон ва Қирғизистон як куммиссиюни корӣ амал мекунад ва дар ҷаласаҳои ҳамин куммиссиюн бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон идеяи тасвиби созишномаи нав дар мавриди истифода аз захираҳои об ба миён гузошта шуд: «Ҳоло матни ин созишнома омода аст ва раванди дохилидавлатиро мегузарад. Чун имсол соли ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об аст, бо тасвиби чунин созишнома бо Қирғизистон мо ба дигар кишварҳои Осиёи миёна нишон доданӣ ҳастем, ки ҳамкориҳо дар соҳаи обро ҳамин гуна ба роҳ мондан мумкин аст.»

Баҳром Ғафуров ҳамчунин гуфт, то ҳол ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи об аз рӯи ҳуҷҷатҳои замони шӯравӣ ба тасвиб расида танзим карда мешавад. Ба гуфтаи Ғафуров, бар пояи ин созишнома усули истифода аз оби дарёҳои фаромарзӣ иваз хоҳад шуд: «То ба ҳол оби дарёҳои байнидавлатӣ тариқи маъмурӣ истифода мешуд. Ҳар ноҳия ҳоҷагии алоҳидаи оби худро дошт. Акнун мувофиқи ин созишнома, усули ҳавзавии истифодаи об раҳандозӣ мешавад. Яъне аз ҳарду кишвар барои ҳар як дарёи байнидавлатӣ куммиссиюн махсус ташкил мешавад ва ин кумиссиюн дар як сол ҷанд маротиба ҷаласаи муштарак доир карда масъалаҳоро дар якҷоягӣ ҳал мекунанд.»

Аммо Ғафуров ҳамзамон афзуд, ки фисади истифода аз оби дарёҳои фаромарзӣ мисли замони шӯравӣ бетағйир боқӣ хоҳад монд ва як банди созишномаи мазкур низ таъкид мекунад, ки ҷонибҳо «ҳуҷҷатҳои таърихиро дар мавриди тақсимоти оби минтақа эътироф ва риоя мекунанд».

Дар ҳамин ҳол, вазири кишоварзӣ ва оби Қирғизистон Чингиз Узоқбоев дар сӯҳбат ба расонаҳои Қирғизистон гуфтааст, давлаташ матни ин созишномаро ба дасти парлумон супурдааст ва ният дорад, онро ҳангоми сафари ҳайъати давлатии Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек ба тасвиб расонад.

Коршиносон мегӯянд, мавқеъи Тоҷикистону Қирғизистон чун ду кишвари болооб дар қиболи масоили баҳсбарангези тақсимоти оби минтақа якранг аст ва тасвиби ин созишнома барои кишварҳои поёноб, ки дар масалаи тақсими оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ мавқеъи дигар доранд, намунаи рӯшани ҳамкорӣ шуда наметавонад.

Аммо Холназар Муҳаббатов, коршиноси масоили минтақа мегӯяд, Тоҷикистон ҳамеша изҳори омодагии ҳамкорӣ дар масъалаи тақсими об ҳам ба кишварҳои болооб ва ҳам поёноб изҳор карда буд: «Президент дар анҷумани ахири об дар Душанбе гуфт, ки Тоҷикистон омода аст дар масъалаи об бо ҳамаи кишварҳо ҳамкорӣ кунад. Дар паёми табрикотии ӯ ба муносибати истиқлолияти Узбакистон ҳам ин нукта зикр шуда буд. Лекин бубинед, Туркманистон низ кишвари поёноб аст, вале мисли Узбакистон аз камбуди об ҷор намезанад. Пас маълум мешавад, асли низоъ на об, балки чизи тамоман дигар аст.»

Тайи чанд соли охир масъалаи истифода аз оби дарёҳои байнидавлатӣ мояи низоъ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан байни Узбакистон аз як сӯ ва Тоҷикистону Қирғизистон аз сӯи дигар гаштааст. Узбакистон ба тарҳи бунёди нерӯгоҳҳои Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон ба далели он ки гӯиё бунёди ин тарҳҳо боиси камобӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ мешаванд, сарсахтона мухолифат мекунад. Аммо Тоҷикистон Қирғизистон ин иддаои Узбакистонро ҳамеша беасос меноманд.
XS
SM
MD
LG