Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат мегӯяд, сӯҳбати Аслов ва Абдилдаев "бародарвор" буд


Мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Маскав.
Мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Маскав.

Cафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ки Сироҷиддин Аслов ва ҳамтои қирғизаш Эрлан Абдилдаев "бародарвор сӯҳбат оростанд."

Бино бар гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки дар ин нишаст ҳузур доштааст, мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев, вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми 4-уми апрел дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ва бо ташаббуси ҷониби Бишкек баргузор шудааст.

Оқои Эгамзод ба "Озодӣ" гуфт, ҳарчанд, ки ҳаводиси моҳҳои ахир, шурӯъ аз 11 январи соли ҷорӣ дар манотиқи сарҳадии миёни ду кишвар боис гардида буданд, ки муносиботи умдатан гарму дӯстонаи кишварҳо то ҷое ба сарди гаравад, метавон гуфт, ки дидору сӯҳбати вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар Москав ин равандро барҳам зад. Агар гӯем, ки Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев сӯҳбати самимӣ ва бародарвор доштанд, хато нахоҳем кард. Зеро ҳарду сари ҳамаи масъалаҳои муносиботи дуҷониба, аз ҷумла баҳсҳои марзӣ бар он назар буданд, ки онҳо бояд ба таври баррасии дутарафа дар фазои эътимод ва боварӣ бигзаранд ва ҳалли худро ёбанд."

Ба гуфтаи сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, ҳарду ду ҷониб гуфтанд, ки бояд ба таърихи муносиботи дӯстонаи сокинони манотиқи марзӣ, ки солиёни дароз дар доираи анъанаҳои неки ҳамсоядори зиндагӣ доштанд, эҳтиром гузошта шавад, зеро равандҳои марзбандӣ ба ҷуз он, ки ба тиҷорати байни ду кишвар таъсири зиёди манфӣ мерасонанд, мардумони дӯсту бародарро низ аз ҳам ҷудо хоҳад кард.

Ин ҷост, ки вазирони корҳои хориҷӣ аз боз гардидани марз миёни ду кишвар истиқбол намуданд ва гуфтанд, иртиботу рафтуомади мардумони минтақаи наздисарҳадӣ бояд бемамониат аз ҳарду ҷониб таъмин карда шавад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди бисёре аз масъалаҳои муҳими минтақа ва ҷаҳон мавқеъ ва назари муштарак доранд ва аз ин ҷост, ки дипломатҳо бояд роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо, аз ҷумла, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва масъалаҳои марзӣ ва наздисарҳадиро вусъат бидиҳанд.

Қирғизистон баъд аз тирпарронии рӯзи 11 январ дар марзи рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва рустои Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баст. Он муноқиша, ки ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт, боиси ҷиддитарин таниш дар равобити ин ду кишвари Осиёи Марказӣ шуда. Бишкек баъди ин қазия ҳатто сафирашро аз Душанбе фаро хонд. Танҳо пас аз мулоқотҳои тӯлонии ҳайатҳои ду ҷониб, ҳудуди як ҳафта қабл Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро боз кард.

Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ, ки ба фарқ аз кишварҳои поёноб аз манобеи нафту газ маҳрум буда, дар бисёре аз масоили доғи минтақа, аз ҷумла шеваҳои тақсими об ва сохтани нирӯгоҳҳо, назари ҳамсон доштанд, дар ин авохир ба далели масоили ҳаллношудаи марзӣ вориди танишҳои марзӣ шуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар 22 соли гузашта аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 976 километр марзи муштараки байни ин ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд. Такя кардани Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи соли 1924 боис шудааст, ки ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф, яъне дар 8 соли охир, дар раванди аломатгузории марз дигар ягон километр пеш нарафтаанд.
XS
SM
MD
LG