Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳи кории байниҳукуматии Тоҷкистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ, имрӯз дар Исфара масоили сарҳадиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Дар музокираи гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба масоили марзӣ дар Бодканд сурат мегирад, ду масъалаи аслии марбут ба баҳси марзӣ баррасӣ мешаванд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 28 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи аввал, баррасии идомаи нишонагузорӣ ва аломатгузории хати марзи муштарак мебошад, ки гуфта мешавад ҳудуди 450 километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Масъалаи дигаре, ки аз тарафи гурӯҳи корӣ баҳс хоҳад шуд, тарҳи “Созишномаи истифодаи роҳҳои мошингарди назди сарҳадӣ” мебошад.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, як манбаъи наздик ба гурӯҳҳои кории марзии Тоҷикистону Қирғизистон гуфт, ин гуфтушунид 2 рӯз давом мекунад ва дар ҳайъати Тоҷикистон ҳамчунин Шералӣ Хайруллоев, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили марзӣ шомил аст, вале ба он намояндагони ноҳияҳои Исфараву Ғафуров даъват нашудаанд. Ин нишаст ба гуфтаи ин манбаъ, дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон идома дорад.


Ҳайатҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон тайи музокироти пайвастаи худ то кунун дар бораи аломатгузории марзи муштараки 970 километрии ин ду кишвар, бинобар вуҷуди ихтилофи назар бар сари бархе манотиқ, танҳо бо мушаххас намудани 520 километри хати марзӣ мувофиқат кардаанд. Ҳоло хати марз байни вилоятҳои Суғду Бодканд, ки печидаву дорои нуқтаҳои зиёди баҳнок аст, муайнношуда боқӣ мондааст.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон тайи қариб яксоли охир марзи ин ду кишвар ба яке аз доғтарин нуқтаҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Ва қисматҳои ин марз дар Исфараву Ғафуров танишхзотарин ба шумор меравад.

Дар бораи масъалаи дуюми мавриди баррасӣ дар нишасти Бодканд, “созишномаи истифода аз роҳҳои мошингарди наздисарҳадӣ” ҷузъиёти бештаре эълон нашудааст. Як намоянда аз ҳукумати Қирғизистон дар ин маврид ба хабаргузории “ 24kg” и кишвараш рӯзе қабл гуфта буд, ки "паҳлӯҳои зиддунақизи сохтмони роҳҳо аллакай ҳаллу фасл шуданд. Дар ин даври музокирот мо фақат рӯи минтақаҳои қаблан матраҳнашуда тамаркуз мекунем."

Манзур – бунёди ду роҳи нави мошингард дар минтақаи Ворухи Исфара аст, ки яке ба Тоҷикистон, дуюм ба Қирғизистон тааллуқ дорад, ки сокинони Ворухи Тоҷикистонро ба Исфара ва роҳи Уши Қирғизистонро тавассути деҳаи Оқсой мустақиман ба Бодканд пайваст мекунад.

Ҳамчунин, дар канори деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷонибҳои тоҷику қирғиз бунёди як пул ва қисматҳои роҳи мошингарди ду самти онро ба анҷом мерасонанд.

Тоҷикистону Қирғизистон сари бунёди якҷоя ва ҳамзамони ин роҳу пулҳо ду моҳ пеш ба созиш расида буданд. Баъди ҳалли мушкили бунёди ин роҳу пулҳои баҳсбарангез, ки борҳо ба муноқишаву низоъҳои марзӣ боис мегашт, ҳоло дар ин манотиқ оромӣ барқарор шудааст.

Вале дар сурати номуайянии хати марз, шева ва тарзи истифодаи озодонаи сокинон аз роҳҳои мошингарди ҳамдигар, ки дар бархе манотиқи марзии байни суғду Бодканд умумӣ ва ягона аст, барои Тоҷкистону Қирғизистон аз масъалаҳои умдаи марзӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин, роҳҳои мошингарди ин минтақа ҷодаи аслии боркашонии тронзитии Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки гоҳу ногоҳ баста шудани он дар пайи муноқишаҳои марзӣ ду кишварро гирифтори мушкил ва зарарҳои молӣ мекунгардонад. Коршинос Неъматуллоҳи Мирсаид мегӯяд, таъмини амният дар манотиқи марзӣ аз бисёр ҷиҳат ба таъмини истифодаи озодонаи роҳҳои наздимарзӣ ва тронзитӣ бастагӣ дорад ва бояд ҷонибҳо сари фишанг қарор надодани роҳҳо бо тарзи бастани манъи равуои сокинон ва таъмини равуои озодонаву бемамонитаи сокинони марзии ҳамдигар дар роҳҳои марзӣ ба мувофиқа бирасанд.

Қисматҳои мушаххаснашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли ҳозир мояи асосии нофаҳмиҳо байни сокинони марзиву муноқишаҳзо боқӣ мондаанд.

Тоҷикистон дар баҳси масоили марзиаш бо Қирғизистон ба харитаҳои солҳои 20, замони тақсимоти марзӣ-ҳудудии Осиёи Марказӣ такя мекунад. Аммо Қирғизистон дар муқобил харитаҳои навтари марбут ба солҳои 50 ва 80-умро меорад, ки бар асоси он, ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара пурра дар дохили қаламрави Қирғизистон мемонад.

Ин дар ҳолест ки бино ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, дар харитаҳои қадимтар Ворух анклав набуд. Мояи дигари баҳс заминҳоест, ки дар замони Шӯравӣ ҷумҳуриҳои дар он айём “дӯсту бародар” ба якдигар ба иҷора медоданд. Баъди суқути Шӯравӣ тақрибан 143 000 гектар замини Тоҷикистон дар дасти Қирғизистон ва ҳудуди 2600 гектар замини Қирғизистон дар дасти Тоҷикистон монд.

Намояндагони ду кишвар инак аз соли 1991 ба ин сӯ, дар тӯли 23 сол наметавонанд хутути ниҳоии марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дақиқ кунанд. Дар натиҷа ҳар дафъа оғоз ё идомаи сохтмони ягон иншоот, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо дар минтақаҳои баҳсии марз, ва ҳатто як таниши маишӣ байни сокинони ду тарафи марз дар нуқоти баҳсӣ ба низои навбатӣ дар марзи ин ду кишвар мунҷар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG