Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати Душанбе ва Бишкек бар бунёди постгоҳи марзӣ


Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бунёди як постгоҳи сарҳадӣ дар манотиқи мавриди баҳс миёни ду кишвар, ба тавофуқ расидаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон барои бунёди постгоҳи нави марзбонӣ дар мавзеи Олуча Қалачии ноҳияи Ҷабор Расулов ва Лаклаки Ботканд машварат карданд.

Дафтари матбуоти Раёсати марзбонии Тоҷикистон рӯзи 10 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мулоқоти намояндагони мақомоти марзбонии ду кишвар дар деҳаи Жаштики ноҳияи Лаклаки Қирғизистон баргузор шуд ва ҷонибҳо дар масъалаи бунёди постгоҳи ду ҷониба дар назди купруки Кулунда Овчи Қалачӣ ба натиҷаи мусбат расиданд.

Дар мулоқоти мазкур фармондеҳи Ситоди неруҳои марзбонии Тоҷикистон Ҳабибулло Сафаров ва муовини аввали Хадамоти марзбонии Қирғизистон Искандар Мамбеталиев ҳузур доштанд. Дар ин мулоқот ҳамчунин ба масъалаи назорати ҷидии хати марзи муштарак таъкид шуда, роҳҳои тақвияти ҳамкорь дар бахши иттилоърасонии дуҷониба оид ба вазъи марз, баррасӣ шудааст

Дар соли 2014 дар хутути марзи муштарки ду кишвар ҳудуди 32 ҳодисаҳои нақзи марз ва тирпарониҳо рух додааст, ки ба кушта шудани сарбозон мунҷар шудааст.

Бо гузашти 22 сол аз фурӯпошии Шӯравӣ аз 976 километ марзи ин ду кишвар то имрӯз танҳо 504 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG