Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷараёни сафари расмии раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон, чанд санади ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид, ки яке аз онҳо "ниҳоят муҳим" аст.

Вафо Ниятбеков, як масъули Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12 сентябр зимни нишасти хабарӣ ба муносибати сафари расмии Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон гуфт, яке аз санадҳое, ки дар ҷараёни ин сафар миёни ду кишвар ба имзо мерасад, "ниҳоят муҳим" аст. Оқои Ниятбеков аз ошкор кардани он худдорӣ кард ва афзуд, ки тафсилоти муҳтавои ин санад танҳо пас аз ба имзо расиданаш, маълум хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории расмии Тоҷикистон -- “Ховар” ба нақл аз масъулони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки муҳимтарин санаде, ки дар ин сафар ба имзо хоҳад расид, Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон аст, ки равобити Остона ва Душанберо ба зинаҳои баланд хоҳад баровард. Дар ҳоли ҳозир аз Русия ва Чин ба унвони муҳимтарин шарикони страгегии Тоҷикистон ном бурда мешавад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар назар аст миёни Душанбе ва Остона панҷ санади дигар дар бахшҳои фарҳанг, варзиш, маориф, муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони якдигар ва ҳимояти технологияи иттилоот ба имзо бирасанд.

Боздиди расмии Нурсултон Назарбоев аз Тоҷикистон рӯзи душанбеи 14 сентябр оғоз мешавад ва ӯ ҳамзамон дар нишасти сарони созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ ва ё СПАД, ки як рӯз баъд дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард

Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар гузашта узви Иттиҳоди Шӯравии пешин буданд, пас аз эълони истиқлолият дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавие чун Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё СПАД, бо ҳам равобити танготанг доранд. Қазоқистон яке аз кишварҳои сармоягузори Тоҷикистон низ ба шумор меояд. Тайи солҳои ахир ҳаҷми сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон ба садҳо миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли гузашта беш аз 85 миллион долларро ташкил додааст ва беш аз 15 дарсади воридоти Тоҷикистон ба Қазоқистон рост меояд. Аз ин кишвар ба Тоҷикистон умдатан гандуму орд ва каму беш маводи нафтӣ ворид мешавад. Тоҷикистон бошад ба Қазоқистон бештар мева содир мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG