Пайвандҳои дастрасӣ

Зарбулаҷали Русия барои вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвроОсиё


Манобеи наздик ба Кремл мегӯянд, Русия талош дорад, то оғози соли 2016 Тоҷикистонро ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё моил кунад. Дар Душанбе мегӯянд, касе онҳоро ба узвият дар ягон созмон маҷбур карда наметавонад.

Бино ба иттилое , ки бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз манобеи наздик ба Кремл ба даст овардааст, гӯё ҳукумати Русия мехоҳад Тоҷикистонро аллакай то оғози соли ояндаи 2016 ба пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё моил кунад ва ба ин манзур як “харитаи роҳ”-и шабеҳи Қирғизистон низ омода шудааст, ки Душанберо барои узвият дар ин созмони нави минтақавии таҳти нуфузи Маскав тайёр кунад.

Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, албатта, пайвастани боз як кишвари дастнигар ва аз нигоҳи иқтисодӣ заиф бори дӯши Русияро боз ҳам гаронтар мекунад, вале мулоҳизаҳои сиёсие, чун тавсиаи қаламрави Иттиҳоди АвроОсиё ва расонданаш ба марзи аз нигоҳи стратегӣ хеле муҳими Афғонистон Маскавро маҷбур мекунад, то дар моҳҳои боқимонда то поёни сол ба сурати хеле фаъолтар дар роҳи ташвиқи Душанбе барои ҳамроҳӣ ба ин созмон гом бардорад.

Мақомоти расмии Тоҷикистон маъмулан аз сӯҳбат дар бораи пайвастан ё напайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, ки бархе онро ҳатто “мини – СССР” ё “бачаи Путин” ҳам номаш мебаранд, худдорӣ мекунанд. Аммо як мақоми баландпояи огоҳ аз ҷараёни музокираҳои Душанбе рӯзи 15 июл ба шарти набурдани номаш ба Озодӣ гуфт, чунин ба назар намерасад, ки Русия дар ин авохир дар амри даъват ё ташвиқи Тоҷикистон ба узвият дар ин созмон фаъолтар шуда бошад:

“Масъала доғ ва матраҳ буд, вале чанд моҳ пеш. Ҳоло дар сӯҳбатҳои расмиву ғайрирасмӣ намегӯянд ин чизҳоро. Дар мулоқоти президентҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Уфа низ ин мавзӯъро ягон ҷониб доман назад. Мавқеи мо чунин аст: Кумиссиюни давлатӣ ташкил шудааст ва мо бояд ҳама паҳлуҳои манфию мусбати узвият дар ин созмонро биомӯзем. Агар бинем, ки муфид аст ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии мо, ҳамроҳ мешавем, агар не – не.”

Як узви ин кумиссиюни давлатӣ ба Озодӣ гуфт, онҳо ҳоло танҳо дар марҳалаи ҷамъоварии фикру пешниҳодҳои вазорату идораҳои давлатии зидахли Тоҷикистон қарор доранд ва ин марҳала “метавонад чанд моҳ ваё чанд сол давом кунад.”

Як ниҳоди аз ҳама зидахл, албатта, Хадамоти гумрук аст, ки ахиран аз 22 дарсад коҳиш ёфтани ҳаҷми даромадҳои гумрукии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал хабар дод. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти

Абдулфаттоҳи Ғоиб

Абдулфаттоҳи Ғоиб

гумруки Тоҷикистон дар нишасти хабариаш гуфт, ин Хадамот пешниҳодҳои худро роҷеъ ба сӯду зиёни Иттиҳоди АвроОсиё ба кумиссиюни давлатӣ ироа кардааст. Ӯ аз ифшои ҷузъиёти ин пешниҳодҳо худдорӣ кард, вале гуфт, ҳарчанд узвият дар ин созмон ба сӯди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аст, вале: “Чун мо давлати содиркунанда нестем, асосан воридот дорем. Барои ҳамин, баъзе паҳлуҳое ҳаст, ки ба буҷет ин зарари назаррас дорад.”

Бино ба ҳисобҳо, то 46 дарсад, ё қариб нисфи даромадҳои давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби андозҳои марзӣ, аз ҷумла аз ҳисоби боҷу хироҷи гумрукӣ, аксиз ва андоз аз арзиши изофа ба даст меояд, ки фисадҳои хеле баланд доранд. Дар сурати пайвастан ба Иттиҳоди АвроОсиё Душанбе маҷбур мешавад, низоми андозбандиҳои марзиашро комилан бозбинӣ кунад. Ва суол ин аст, ки фоидаеро, ки дар сурати пайвастан ба ин “мини-СССР” хазинаи давлатии Тоҷикистон аз даст медиҳад, кӣ ҷуброн мекунад?

Маскав барои таъмини шароити узвияти Қирғизистони бо Тоҷикистон ҳамсоя ва аз лиҳози иқтисодӣ ҳамвазн Сандуқи вижае бо 1,5 миллиард доллар сармоя таъсис додааст. Аммо масъала ин аст, ки оё Русия чунин имтиёзҳоро ба Тоҷикистон ҳам хоҳад дод? Ва мисле ки барои Қирғизистон кард, оё сармоягузории тарҳи нирӯгоҳи Роғунро, ки Тоҷикистон сохтани онро масъалаи “ё ҳаёт, ё мамот” мешуморад, бар ӯҳда мегирад? Бархе манобеи давлатӣ мегӯянд, ҳадафи Душанбе аз тӯл додани музокирот бо Иттиҳодияи АвроОсиё ҳамин тарҳи Роғун аст, ки бо вуҷуди арзёбии мусбати Бонки ҷаҳонӣ то ҳол сармоягузоре наёфтааст.

Шокирҷони Ҳаким аз ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон чунин тӯл кашидани “омӯзиш”-и масъалаи узвият дар Иттиҳоди АвроОсиё аз ҷониби Душанберо нахустин намунаи мухолифати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббусҳои интегратсионии Маскав меномад. Ӯ мегӯяд, “Душанбе маъмулан чунин пешниҳодҳо аз сӯи Маскавро бидуни шак мепазируфт, вале сабаби асосии ин дафъа

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов

муқовимат нишон додан дар зери ҷомаи ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ ин аст, ки солҳои охир таъсири Чин зиёдтар шуд. Чин бидуни таваҷҷӯҳ ба масоили ҳуқуқи башар, ки кишварҳои Ғарб шарт мегузоранд, ё шартҳое, ки Русия мегузорад, бе ягон ибо ба Тоҷикистон қарзҳои зиёд дод ва тарҳҳои зиёдеро сармоягузорӣ кард. Ман фикр мекунам, ки Душанбе бо назардошти таъсири ҳамин шарикони нав, ки дар минтақа ва бахусус дар Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ пайдо мекунанд, лозим донист, ки камубеш муқовимат нишон дода, аз узвият дар ин созмони нави таҳти меҳвари Маскав худдорӣ кунад.”

Бисёриҳо бар инанд, ки Маскав ин бор ҳам қартаи асосии фишораш ба Душанбе – ҳузури беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русияро ба бозӣ хоҳад кашонд. Аз ҳоло мақомоту матбуоти Русия дар тавсифи фоидаҳои узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди АвроОсиё рӯи имтиёзҳое, ки барои муҳоҷиронаш фароҳам омад, тамаркуз кардаанд. Аз ҷумлаи рӯи имкони афви 267 ҳазор муҳоҷири қирғиз аз “рӯйхати сиёҳ”-и ФМС, ҳаққи 30 рӯз будубоши бидуни сабти ном дар Русияро ба даст овардани онҳо ва мисли шаҳрвандони Русия ҳамагӣ 13 дарсад андоз супурдани онҳо ба ҷои 30 фоизе, ки муҳоҷирон аз кишварҳои дигар бояд бисупоранд.

Манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, “он давроне ки бо фишор ба гардани Тоҷикистон ҳарчиро бор мекарданд, гузаштааст ва мо дигар ба ягон фишор гардан намедиҳем. Мо сӯду зиёни ин созмонро ҳамаҷониба дар тарозуи манфиатҳои худ бармекашем. Аз президент дар Минск ин мавзӯъро пурсиданд, гуфт, мо омӯхта истодаем. Аз вазири хориҷа дар Деҳлӣ пурсиданд, низ ҳаминро гуфт, ки меомӯзем.”

Аммо агар Душанбе ба истодагариаш дар муқобили пешниҳодҳои пайвастан ба Иттиҳоди нав идома диҳад, чӣ хоҳад шуд? Сиёматдори тоҷик Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, Русия бо нохун задан ба нуқтаи заъфи Душанбе, яъне як миллион муҳоҷираш, аз ҷумла бо роҳандозии маъракаҳои густардаи ихроҷи онҳо ва нашри силсилаи барномаҳо дар шабакаҳои телевизиониаш, ки то ҳол дар ташаккули афкори ҷомиа дар Тоҷикистон таъсири қобили мулоҳиза доранд, метавонад заминаҳои иҷтимоии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро дар дохил заифтар кунад.

Ба ақидаи ӯ, “инчунин имкони манипулятсия аз ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия ҳам вуҷуд дорад, чунки дар назари бисёриҳо ҳамин пойгоҳ кафили ҳифзи қудрати Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва бо он таҷрибае, ки дар минтақаҳои дигари Шӯравии собиқ мушоҳида шуда буд, ин ҳам аз эҳтимол дур нест, ки ягон иғворо ташкил кунанд. Ин аз дасташон меояд, чунки ҳам иқтидори ҳарбӣ доранд, ҳам имконоти молиявӣ.”

Павел Фелгенгауэр

Павел Фелгенгауэр

Аммо Павел Фелгенгауэр, таҳлилгари масоили амниятии Русия ба эҳтимоли даст ба ташкили ягон бӯҳрони мусаллаҳонаи ҳатто идорашаванда задани Маскав дар Тоҷикистон бовар надорад. Ӯ мегӯяд, ҳар оташе ки дар инҷо сар мезанад, дар ниҳоят бояд худи Русия ва аз ҳисоби худаш хомӯш кунад: “Вазъ дар Осиёи Марказӣ бе ин ҳам хеле хатарбор аст ва гумон аст, ки Маскав дониста ба ин оташ равғани бештар бирезад. Афрӯхтани оташи ҷанг осон аст, вале хомӯш карданаш - хеле сахт. Ман имкони оташ додани низоъҳои мусаллаҳонаро истисно намекунам, вале фикр намекунам, ки Маскав чунин таваккал кунад. Ғолибан масъаларо аз роҳи музокирот ҳал мекунанд ва албатта, дар баҳои ягон муомила.”

Нозирони умур дар ин робита ба собиқаи музокироти Тоҷикистону Русия дар масъалаи пойгоҳи 201 ишора мекунанд. Дар соли 2012 баъди чанд соли музокирот Душанбе дар ивази танҳо лағви боҷи гумрукии маводи нафтии Русия ва то 15 рӯз тамдид кардани замони ҳузури бидуни сабти номи муҳоҷиронаш дар Русия замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русияро якбора то соли 2042 тамдид кард ва аз талаби пули иҷора барои ин пойгоҳ низ даст кашид.

Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё расман аз 1 январи соли 2015 оғози фаъолият кард. Ин созмон ибтидо 4 кишвар – Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистонро дар бар мегирифт ва аз моҳи май Қирғизистон низ ба узвияти он пайваст. Як шарти узвият дар ин иттиҳоди иқтисодӣ доштани марзҳои муштарак бо дастикам як узви ин созмон аст, ки баъди ҳамроҳ шудани Қирғизистон Тоҷикистон низ соҳиби чунин марзи мустақим бо Иттиҳоди АвроОсиё шуд.

Павел Фелгенгауэр мегӯяд, омода кардани Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, дар ҳар сурат, солҳои тӯлониро дар бар хоҳад гирифт. Вале Шокирҷони Ҳаким имкони расидан ба муомилае бо Душанбе ва дар фурсати хеле кӯтоҳтарро зиёд мешуморад. Ӯ мегӯяд, ба фарқ аз Қирғизистон, дар Тоҷикистон низоми худкомае ҳоким аст, ки ҳалли тамоми масоили сиёсиаш дар дасти як нафар – президент Раҳмон - мунсаҷим шудааст ва ба Маскав барои ба даст овардани ризоияти усулии Душанбе дар масъалаи узвият дар Иттиҳоди АвроОсиё кофист, ки танҳо як нафар, яъне Эмомалӣ Раҳмонро розӣ кунонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG