Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон гузаргоҳҳои марзӣ дар Бадахшонро баст


Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз. Акс аз бойгонӣ.

Тоҷикистон ҳама гузаргоҳҳои наздисарҳадии худ бо Афғонистонро дар вилояти Бадахшон бастааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 28-уми июл ба радиои "Озодӣ" гуфт, ин тасмим баъд аз амалиёти низомӣ дар ин вилоят гирифта шуд.

Дар маҷмӯъ дар Бадахшон се гузаргоҳи давлатӣ бо Афғонистон - дар мавзеи Рузвайи ноҳияи Дарвоз, Теми шаҳри Хоруғ ва гузаргоҳи Ишкошим дар ноҳияи Ишкошим фаъолият менамоянд. Ҳоло як гузаргоҳи дигар дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ бунёд мешавад, вале то кунун ба фаъолият шурӯъ накардааст.

Аммо гузаргоҳи Қулма дар сарҳади Чин ва Тоҷикистон ба таври маъмулӣ фаъолияти худро идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар миёни боздоштшудаҳо дар амалиёти Хоруғ 8 шаҳрванди Афғонистон боздошт гардид.Ба ғайр аз ин тибқи хабарҳои расида Толиб Айёмбеков, ки гунаҳкори аслӣ дар ин қазияи куштори генерал Абдулло Назаров дониста мешавад, ба Афғонистон фирор кардааст.

Баъди шурӯи амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ, президент Раҳмон дар як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай роҷеъ ба вазъи Бадахшон ва хатароти эҳтимолии убуру мурури марзи муштарак аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи тоҷик радду бадал карданд.

Инчунин рӯзи панҷшанбе президенти Тоҷикистон бо мақомоти амниятии Афғонистон рӯйдодҳои ахири Бадахшонро баррасӣ кард. Рӯзи 25 июл президент, Эмомалӣ Раҳмон бо Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раҳбари амнияти миллии Афғонистон доир ба тақвияти амниятии марзи ду кишвар, ба вижа дар вилояти Бадахшон сӯҳбате анҷом дод.

Дар ин дидор таваҷҷӯҳи бештар ба вазъи амниятӣ ва ҳаводиси Хоруғ зоҳир шуда, масъалаи тақвияти ҳифзи сарҳади ду кишвар дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон, аз ҷумла қитъаҳои наздик ба шаҳри Хоруғ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Раҳбарони мақомоти амниятию низомии Афғонистон бо итминон изҳор доштанд, ки барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади муштарак аз ҷониби кишвари худ ва ҷилавгирӣ аз сарҳадшикании гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён ва қочоқбарон чораҳои фаврию муассир меандешанд.

Тақвияти марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон

Ба дунболи нооромиҳо дар Бадахшон, Қирғистони ҳамсоя низ нерӯҳои амниятӣ ва марзбонии худро дар мавзеи Қизиларт бо Мурғоб тақвият дод.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 27 июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки бо оғози нооромиҳо дар Хоруғ, мақомоти сарҳадбонии Қирғизистон марзҳои худро дар имтидоди хатти марз бо қитъаҳои Бадахшон, хусусан дар мазеъи Қизиларт, ки бо Мурғоб ҳаммарз аст, тақвият бахшидааст.

Тоҷикистон бо Қирзистон ҳудуди 911 километр марзи муштарак дорад. Вале Хушнуд Раҳматулоев зикр кард, ки дар нуқоти марзҳои тарафи Суғд вазъ ба ҳолати пештара қарор дорад.
XS
SM
MD
LG