Пайвандҳои дастрасӣ

Машқи муштараки 250 сарбози тоҷику амрикоӣ


Кӯмакҳои низомии Амрико ба низомиёни тоҷик.

Нерӯҳои амниятии Тоҷикистону вазорати дифои Амрико дар чаҳорчӯби мубориза алайҳи терроризми фаромиллӣ размоиши муштаракро шурӯъ мекунанд. Ҳадаф аз баргузории чунин размоиш тақвияти амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон шудааст.

Мақсад: Саркӯб кардани терроризми фаромиллӣ

Аз дафтари матбуоти сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 20 март ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки размоиши нерӯҳои амниятии Тоҷикистону Амрико рӯзи 27 март шурӯъ шуда ва то 7 апрел идома хоҳад кард. Дар назар аст, дар он 150 низомиёни амрикоӣ ва 100 тан аз неруҳои Тоҷикистон ширкат кунанд.

Бино ба иттилои Сафорати Амрико, ин машқҳои низомӣ аз ҷониби Фармондеҳии марказии ИМА дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои давлатии Амрико ва ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда ва ҳадафи аслии он мубориза муштарак алайҳи терроризми фаромиллӣ будааст.

Ҳадаф аз баргузории чунин размоиш, тақвияти амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон шудааст.

Дар изҳороти сафорат гуфта шудааст, ки “машқҳо бо ҳадафи тамрини вокуниши ҳамоҳангшуда ба ҳодисаҳои терроризми фаромиллӣ баргузор мешаванд. Аксари ин машқҳо дар ҳудуди Тоҷикистон барпо мешаванд. Бахши хурди ин машқҳо дар манотиқе сурат мегирад, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон интихоб шудааст”.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 км марзи муштарак дорад ва таҳдиди амниятӣ, хатари убури гурӯҳҳои силоҳбадаст аз хоки ин кишвар ба Тоҷикистон, ки дар солҳои охир байнашон аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам дида мешаванд, як чолиши аслии Душанбе мебошад.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 20 март зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки ҳоло ҷонибҳо тадорукотро барои анҷоми ин тадбир оғоз кардаанд. Вай гуфт: “Ин размоиши муштарак тибқи нақша сурат гирифта ва ҳоло Раёсати байналмилалии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо ҷониби Амрико маҳали баргузорӣ, навъҳои силоҳ, техникаи низомӣ ва муҳимоти ҷангӣ ҳамоҳанг мекунад”.

“Амрико ба истиқрори субот дар минтақа манфиатдор аст”

Коршиносони тоҷик баргузории чунин размоиши муштаракро ба талоши Амрико дар амни таъмини амният ва истиқрори субот дар минтақа рабт додаанд. Маҳдии Собир, коршиноси масоили низомӣ мегӯяд, қаблан низ нерӯҳои Амрико ва Фаронса бо нерӯҳои Тоҷикистон дар роҳи мубориза алайҳи терроризм тамриноти муштараки низомӣ анҷом дода буданд.

Маҳдӣ Собир, коршиноси тоҷик.

Маҳдӣ Собир, коршиноси тоҷик.

“Сиёсати давлати Тоҷикистон дарҳои боз аст. Новобаста ба он, ки дар масъалаи низомӣ шарики стратегии Тоҷикистон Русия аст, аммо Тоҷикистон бо кишварҳои ғарбӣ ва давлатҳои узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ-НАТО ҳамкориҳои низомиро густариш медиҳад. Ин гуна тамриноти низомӣ барои боло бурдани таҷриба, маҳорат, малака ва омодагии ҷангии нерӯҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, Амрико ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар таҳкими сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон кӯмак мекунанд”.

Ба гуфтаи вай, Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ба таъмини амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон манфиатдор буда ва барои дастёбӣ ба ин ҳадаф ба мамлакатҳои минтақа бо шумули Тоҷикистон кӯмакҳои билоивази молӣ ва техникӣ ироа мекунад.

Аз сӯи дигар, Александр Князев, коршиноси масоили минтақавӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баргузории чунин тамриноти муштараки низомиро як масъалаи кӯчак хонд, ки ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъсири чандоне нахоҳад дошт.

“Амрико чунин тамринотро бо Қирғизистону Қазоқистон низ баргузор мекунад, ки ба равобити Амрикою Русия дар минтақа асаре надорад. Ин ҷо сиёсат камтар аст. Ба ҳар ҳол Амрико аз ин тариқ ба намоиш додани ҳузураш дар минтақа талош мекунад. Дар размоиши муштараки Тоҷикистону Амрико аслан табодули таҷруба сурат хоҳад гирифта, ҳатто масъалаи ҳамоҳангсозии нерӯҳо дар амалиёти ҷангӣ матраҳ нахоҳад шуд”,-афзуд Александр Князев.

Александр Князев, коршиноси масоили минтақавӣ.

Александр Князев, коршиноси масоили минтақавӣ.

Ба гуфтаи ҷаноби Князев, дар размоиши мазкур аз ҷониби Амрикою Тоҷикистон танҳо 250 нафар ширкат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар тамриноти муштараки Тоҷикистон бо Русия ва кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳазорон нафар сарбозу афсар ва теъдоди зиёди техникаи ҳарбӣ, бо шумули тонкҳо, зиреҳпӯшҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҷалб мешаванд.

Зимнан, дар размоиши муштараки Тоҷикистону Русия дар моҳи марти соли гузашта 50 ҳазор нафар аз нерӯи захиравӣ ширкат карда, 250 адад зиреҳпӯшу танк, 20 адад ҳавопаймоҳои ҷангию бомбаандозу боркаш, 12 адад чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода шуда буд.

Тавсеаи ҳамкориҳои низомии Амрико бо Тоҷикистон

Моҳи феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Амрико 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии худро ҷашн гирифтанд. Давоми ин муддат Амрико ба Тоҷикистон аз 1,8 млрд доллар кӯмак кардааст, ки 262 миллион доллари он барои дастгирии бахши амният ҷудо шудааст.

Кӯмакҳои Амрико ба низомиёни тоҷик.

Кӯмакҳои Амрико ба низомиёни тоҷик.

Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст. Ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир Амрико барои сохтмону таъмири дидбонгоҳҳо ва омӯзиши афсарони марзбон миллионҳо доллар харҷ кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятию низомӣ аз чанд сол ба ин тараф барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро пиёда мекунанд. Музокироти вазирони корҳои хориҷии гурӯҳи С5+1 бо ширкати дипломатҳои баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико ҳам дар масъалаи мубориза бо терроризм ва паёмадҳои гармоиши иқлим тамаркуз кардааст.

Дар як пажӯҳише, ки созмони Security Assistance Monitor, мақараш дар Вашингтон анҷом додааст, гуфта мешавад, дар миёни даҳ кишваре, ки Амрико ба онҳо кӯмакҳои низомӣ ироа мекунад, се кишвари шӯравии пешин – Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ шомил ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG