Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: Дар Тоҷикистон ҳатто полис ҳаҷми пулшӯиҳои ғайриқонуниро намедонад


Пажӯҳишгоҳи мудирияти Базел, воқеъ дар Швейсария Тоҷикистонро ин навбат низ дар миёни 10 кишваре қарор додааст, ки аз назари шаффоияти молӣ ва ҳассосият дар баробари маблағгузории терроризм таҳти хатар қарор дорад. Дар баробари Тоҷикистон ба ин феҳраст Эрон, Афғонистон, Гвинеа-Биссау, Камбоҷа, Мозамбик, Малӣ, Судон, Уганда ва Миянмар ҳам дохил мешаванд. Ин гузориш аз соли 2012 ба ин сӯ омода мешавад ва дар ин муддат нишондодҳои Тоҷикистон тағйир наёфтааст. Пажӯҳишгоҳи мудирияти Базел гузориши худро баъди арзёбиҳои вазъи 149 давлат анҷом дода аз рӯи меъёрҳои худ Тоҷикистонро ба “гурӯҳи хатар” ворид кардааст.

Селван Леманн, мудири барномавии Пажӯҳишгоҳи мудирияти Базел дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ аз Швейсария дар бораи нишондодҳои Тоҷикистон аз рӯи арзёбиҳои ин созмон гуфт:

“Нишондодҳои Тоҷикистон ғолибан бар асоси омӯзиши қонунгузории зидди пулшӯии ин кишвар ба даст омадааст. Бояд гуфт, омӯзиши роҳҳои мубориза бо пулшӯӣ дар ин кишвар бар асоси хулосаҳои FATF (Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул) анҷом мешавад, ки роҳҳои мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузори терроризмро таҳқиқ мекунад. Ин гурӯҳ одатан қонунгузории кишварро аз назари мутобиқаташ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Аз рӯи ин нишондодҳо Тоҷикистон дар миёни кишварҳое қарор гирифтааст, ки қонунгузории мубориза бо пулшӯиаш заъиф буда на ҳама машваратҳои гузаштаи муҳаққиқонро аз рӯи талаботи FATF иҷро кардааст. Дар нисбати Тоҷикистон инчунин хулосаҳои созмони Шаффоияти байналмилалӣ ба эътибор гирифта шудааст, ки мегӯяд, дар ин кишвар хатарҳои олудагӣ ба фасод хеле баланд аст”.

Селван Леманн гуфт, ки барои пажӯҳишгарони онҳо маълум кардани мизони пулшӯӣ ё муомилаҳои пӯшидаи пулӣ ва ҳам ҳаҷми пулҳои берун аз гардиши расмимонда дар Тоҷикистон сахту сангин аст, чунки ин амалиёт маъмулан ба таври пинҳонӣ ҷараён мегирад. “Ҳатто полис ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳаҷми ин муомилаҳои пулӣ ва пулшӯиҳоро намедонанд. Мо ба масъалаи то кадом андоза хатар доштани Тоҷикистон аз назари пулшӯӣ баҳогузорӣ мекунем. Яъне манзур заъифии қонунҳо дар самти ҷилавгирӣ аз амалиёти пулшӯӣ, ҳосили кори сохторҳои ҳифзи қонун ва маҳсулнокии кори онҳо дар мубориза бо гурӯҳҳои пулшӯ мебошад”.

Леманн гуфт, ки маъмулан хулосаҳои онҳо аз ҷониби сармоягузорони эҳтимолии иқтисоди Тоҷикистон ба эътибор гирифта мешаванд, то ки худро аз назари хатарҳои пулшӯӣ ба ҳангоми кор дар ин кишвар эмин доранд.

Ҳанӯз вокуниши ҷониби Тоҷикистон ба гузориши нави пажӯҳишгарони швейсарӣ маълум нест. Дар Вазорати молияи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъди омӯзиши хулосаҳои таҳқиқоти пажӯҳишгарони Базел назари худро баён мекунанд.

Соли 2014 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳое, ки таҳти назорати вижаи ин созмон қарор доштанд, берун овард. Ин созмон он замон гуфта буд, ки Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба зинаи баландтар баромад. Тоҷикистон узви гурӯҳи FATF нест ва тавсияҳои ин гурӯҳ метавонад барои Тоҷикистон ҳатмӣ набошад. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, азбаски тавсияҳои ин гурӯҳро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад, мо низ ин тавсияҳоро муроот ва иҷро мекунем.

Аз сӯи дигар, иҷро нашудани ин тавсияҳо аз сӯи кишварҳои ҷаҳон таҳримҳои иқтисодиро ҳам метавонад ба дунбол биорад. Ҳамин тавр, сарпечӣ аз мубориза бо шустушӯи пул ва сармоягузории терроризм метавонад обрӯи Тоҷикистонро дар чашми сармоягузорони хориҷӣ пойин барад.

Соли 2011 дар назди Бонки миллии Тоҷикистон идораи мониторинги молӣ ташкил шуд, ки як вазифаи умдааш ҷилавгирӣ аз маблағҳои ғайриқонунӣ ба дастомада, сармоягузории терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аст. Соли 2013 Тоҷикистон дар Кодекси ҷиноияш бандҳоеро ворид кард, ки барои пулшӯӣ ҷазоҳои шадидтар таъйин мекунад.

Душанбе то кунун дар бораи кадом мавридҳои мушаххасу сабшудаи пулшӯӣ дар Тоҷикистон гузориш надодааст, вале бархе чунин маворид дар пайи аудити Бонки Миллӣ дар соли 2008 рӯ зада буд. Дар пайи он аудит аз ҷумла дар бораи беш аз 800 миллион доллар пулҳое сӯҳбат мешуд, ки дар раванди ҳаллуфасли масъалаи қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор “обулой” шудааст. Аудити Бонки Миллӣ ҳамчунин нишон дода буд, ки бархе аз ширкатҳо, корхонаҳо дар минтақаҳои офшори Бритониё, Амрико ва Қибрис, намояндагиҳои худро номнавис карда, даромадҳои худро дар бонкҳои хориҷӣ ва асосан дар минтақаҳои офшори барои Душанбе дастнорас нигоҳ медоранд.

Дар як ҳодисаи пурсарусадои соли 2008 Сандуқи байналмилалии пул пас аз аудити ширкати Ernst&Young, Бонки миллии Тоҷикистонро барои пешниҳоди маълумоти барғалат аснои гирифтани 47 миллион доллар қарзи ин муассисаи байналмилалии молӣ муттаҳам карда буд. Он замон Бонки миллӣ айбномаро қабул карда, ризоят дод, ки пулро қабл аз муҳлат ба хазина бозпас гардонад. Пас аз ин моҷаро Хазинаи байналмиллалии асъор ба Тоҷикистон қарзу кумакҳои қобили мулоҳиза намедиҳад ва танҳо бо расондани кумакҳои фаннӣ ҷиҳати рушди ниҳодҳои Тоҷикистон иктифо мекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG