Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, таъйини қисмати афғонистонии масири роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон(ТАТ) ба иродаи худи сарони Афғонистон бастагӣ дорад.

Ахиран мушаххас шудааст, ки ин роҳи оҳан аз Афғонистон тариқи вилояти Балх ба Тоҷикистон пайваст хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки қаблан қарор буд, ки он бояд аз тариқи Қундуз Афғонистонро бо Тоҷикистон бипайвандад.

Аммо тарҳи ахир, яъне пайваст шудани Афғонистон ба Тоҷикистон аз тариқи вилояти Балх мояи нигаронии пирони бонуфузи Қундуз шуда ва онҳо рӯзи гузашта ба нишони эътироз ба Кобул барои мулоқот бо Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон омаданд.

Ҷумъахон Зуҳуров, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 31 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "албатта ҳалли ин масъала дар дасти раҳбарияти Афғонистон аст ва мо мунтазирем, ки дар ниҳоят масири роҳи оҳан, тариқи вилояти Балх қабул мегардад."

Ба гуфтаи ҷаноби Зуҳуров, ин масир барои Тоҷикистон хеле мусоид, муассир, фоидаовар ва кӯтоҳтар аст, чун тӯлаш 260 километрро ташкил медиҳад. Муовини аввали вазири нақлиёт мегӯяд, ки масири роҳи оҳан тариқи Қундуз дар муқоиса ба вилояти Балх ду баробар дарозтар аст ва беш аз 500 километрро ташкил медиҳад.

Аз Ҷумъахон Зуҳуров суол мекунам, ки "агар раҳбарияти Афғонистон талаби пирони бонуфузи вилояти Қундузро бипазирад ва масири роҳи аз Афғонистон ба Тоҷикистон тариқи вилояти Қундуз сурат бигирад, Тоҷикистон чӣ хоҳад кард?" Оқои Зуҳуров посух дод, ки "қаламрав қаламрави худи Афғонистон аст ва онҳо хӯҷаини замини худ ҳастанд ва мо чорае надорем. Ҳарчанд мо масири "Хайратон - Калдор - Бешкент" -ро пешниҳод карда будем ва Афғонистон тариқи вилояти Балх бо Тоҷикистон пайваст хоҳад шуд."

Ҷумъахон Зуҳуров мегӯяд, ҳайъати Афғонистон ҳанӯз се моҳ пеш дар нишасти куммиссиюни Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон дар Ишқобод масири Балхро пазируфта буд, аммо бо ин таъкид, ки тасмими ниҳоиро дар Кобул хоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ мегӯяд, омӯзиши тарҳ дар ҳамкорӣ бо ҷониби Афғонистон ҷараён дорад ва масири "Хайратон - Калдор - Бешкент" ба сӯди Тоҷикистон аст. Масъулони вазорати корҳои хориҷӣ низ мегӯянд, "тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа ва рушди иқтисодии худи Афғонистон хеле муҳим аст.” Ва ба ин далел, Душанбе ҷонибдори ҳарчӣ зудтар сохта шудани ин роҳи муҳим аст.

Тарҳи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон дар мулоқоти раисони ҷумҳури ҳар се кишвар дар Ишқобод, дар охири моҳи март тавофуқ шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон ин тарҳро як навъ "ҷуброн" -и тарҳи роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбакистон - Афғонистон медонанд. ки Тоҷикистон аз он дар канор монд.

Баҳси масири роҳ дар Афғонистон


Тарҳи ТАТ

Тарҳи ТАТ

Як ҳайати тоҷирони вилояти Қундуз ахиран ба Кобул рафт, то дар мулоқот бо Ҳомид Карзай мавзӯи аз тариқи бандари Шерхон гузаштани роҳи оҳани миёни Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро ба миён гузорад. Масъулони афғон мегӯянд, бар пояи тарҳе, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон пазируфтааст, хатти роҳи оҳан аз Бешкенти Тоҷикистон шурӯъ шуда, аз Калдор ва бандари Хайратони Афғонистон мегузарад ва дар Келифи Туркманистон анҷом меёбад.

Ин кӯтоҳтарин масир ва тӯлаш ҳамагӣ 260 километр аст. Аз ин пештар ду тарҳи дигар ҳам рӯи даст буд, ки тӯлонитаринаш бо масофаи беш аз 500 километр аз Колхозобод-Дӯстӣ – Панҷи Поён дар сарҳади Тоҷикистон ибтидо мегирифт ва сипас тариқи Шерхон- Бандар – Қундуз – Мазори Шариф – Шибирғон – Андхой – Оқина дар марзи Афғонистон то мавзеъҳои Имомназар ва Отамуроди Туркманистон мерасид. Бар пояи тарҳи сеюм, ки 445 километр тӯл дорад, хатти роҳи оҳан аз Айваҷи Тоҷикистон шурӯъ мешуд ва масири тарҳи дуввумро такрор мекард.

Нурмуҳаммад Саҳим, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Қундуз мегӯяд, бозаргонҳои вилоят пойфишорӣ доранд, ки роҳи оҳан аз тариқи Шерхон-Бандар бо Тоҷикистон васл шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар Афғонистон мутмаинанд, ҷониби Тоҷикистон ба хотири ноамнӣ дар вилояти Қундуз аз тарҳе, ки аз тариқи Шерхон Бандар мегузарад, сарфи назар кардааст ва хостори аз тариқи вилояти Балх бо Тоҷикистон васл шудани ин роҳи оҳан шудааст.

Тоҷирони афғон бар ин назаранд, ки аз тариқи Шерхон-Бандар гузаштани роҳи оҳан ҳам ин бандар бештар фаъол ва ҳам мардуми зиёди вилоят соҳиби ҷойи кор мешаванд. “Дар сурати фақат аз бандари Хайратон гузаштани роҳи оҳан, фаъолияти Шерхон-Бандар коҳиш хоҳад ёфт ва аз ин рӯ, тоҷирон аз раисиҷумҳур Карзай талаб доранд, ки ин мавзӯъро бо мақомоти Тоҷикистон дубора баррасӣ кунад,” - мегӯяд Нурмуҳаммади Саҳим.

Расми ифтитоҳи бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон рӯзи 5 июн дар вилояти Лебап(Лабиоб)-и Туркманистон бо ширкати сарони се ҷумҳурӣ - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

Дар ҳоле ки дар Афғонистону Тоҷикистон омодагиҳои ҷиддӣ ба бунёди ин роҳ ҳанӯз шурӯъ нашудаанд, ҳукумати Туркманистон эълом дошт, ки қисмати 88-километраи ин роҳ дар қаламравашро алакай то моҳи июни соли 2015 ба итмом хоҳад расонд..

Ин роҳ дар сурати сохта шуданаш, нахустин роҳи оҳане хоҳад шуд, ки Туркманистону Тоҷикистонро бидуни убур аз қаламрави Узбакистон бо Афғонистон мепайвандад. Тоҷикистон низ баъди бунёди ин роҳ метавонад аз вобастагии комилаш аз ширкати роҳи оҳани Узбакистон раҳо ёбад.

Дар ҳоли ҳозир, Афғонистон фақат як хатти роҳи оҳан дар масири Хайратон - Мазори Шариф дорад. Тоҷирони вилояти Қундуз ҳоло умедворанд, ки хатти нави роҳи оҳан то Шерхон-Бандар ҳам хоҳад расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG