Пайвандҳои дастрасӣ

Пешгӯӣ мешавад, ки то соли 2030 исломгароён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар ба дилҳо роҳ меёбанд ва дар Тоҷикистон пирӯз мешаванд.

Агар филми баҳсбарангези “Ҳавопаймои ноаён” ва ё Stealth-и Ҳолливуд, аз соли 2005 дида бошед, дар хотир доред, ки дар он як чунин ҳавопаймои пешрафта, лонаи ифротгароёни мусаллаҳ бо кулоҳакҳои ҳастаиро дар Тоҷикистон маҳв мекунад. Баъди намоиши филм аксарият ин тасвирро муболиға унвон карданд. Вале ба пешгӯии гурӯҳе аз таҳлилгарони ғарбӣ дар сурати идомаи бесуботӣ дар Покистону Афғонистон, мумкин аст гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон, лона гузоранд, рушд кунанд. Таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд имкон дорад ин пешгӯӣ дар соли 2020 амалӣ шавад.

Дар як пажӯҳише бо номи "Осиёи Марказӣ дар соли 2030", чаҳор таҳлилгари ғарбӣ, Алан Делетроз, муовини мудири Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ ва Марлен Ларуел, мудири Барномаи Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, Наргис Кассенова, мудири Маркази Пажӯҳиши Осиёи Марказӣ дар Алмаато ва Шоирбек Ҷӯраев, муовини мудири Академияи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Бишкек,саъй кардаанд, бо такя ба таҳаввулоти 20 соли ахир бубинанд, ки то 17 соли дигар минтақа ба куҷо хоҳад расид?

Ба тахмини Марлен Ларуэлл, солҳои минбаъда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, исломгароӣ, ки бо даъвати маҳви фасодкорӣ ва адолати иҷтимоӣ ба дилҳо роҳ ёфтааст, тақвият меёбад ва Тоҷикистон кишвари исломӣ мешавад. Аммо ба гуфтаи Марлен Ларуэлл ба ин давлат на раҳбарони ҳозираи Ҳизби Наҳзати Исломӣ, зоҳиран Муҳиддин Кабирӣ, балки сиёсатмадорони исломгарои дигар раҳбарӣ, хоҳанд кард, ки раҳбарияти феълии Ҳизби Наҳзатро беш аз ҳад мӯътадил мешуморанд.

Дар идомаи ин пажуҳиш Алан Делетроз гуфтааст, сарнавишти Қазоқистону Узбакистон барои тамоми минтақа ҳаётӣ хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, агар Нурсултон Назарбоев ва ё Ислом Каримов аз саҳна хориҷ шаванду яке аз ин кишварҳо ба ҳарҷу марҷ гирифтор шаванд, Тоҷикистону Қирғизистон низ “пешпо” хоҳанд хӯрд ва ин такон дар тамоми минтақа, аз ҷумла Русияву Чин эҳсос хоҳад шуд. Вале мегӯяд, Алан Делетроз, агар яке аз ин ду кишвар роҳи волоияти қонунро пеш бигирад ва шароити баробари кору тиҷорат барои мардумро фароҳам кунад, дар ин сурат Тоҷикистону Қирғизистон ҳам аз ин баҳра хоҳанд бурд ва рӯ ба шукуфоӣ хоҳанд овард. Вале мегӯяд, Алан Делетроз, роҳи пешгирифтаи Қазоқистону Узбакистон дар 20 соли гузашта нишон додааст, ки таназзули ҳамгироии фарҳангиву иҷтимоӣ дар минтақа то соли 2020 идома мекунад.

Забони русӣ, ки ҳоло забони муколамаи байниҳамдигарии 80 дар сади аҳолии Осиёи Марказӣ аст, ин мақомро батадриҷ аз даст медиҳад ва “элитаи Осиёи Марказӣ, бо ҳам ё ба забони инглисӣ ва ё чинӣ” муошират хоҳанд кард. Элитаи ҳокиму сарватманд бо такяи бештар ба атрофиён аз маҳалҳои худ, ҳукуматро дар кишварҳои минтақа идома медиҳанд. Аҳолии ҷавони аз 20 то 30-сола аз имконоти каме, ки ҳукуматҳо фароҳам мекунанд, дилсарду хашмгин мешаванд ва ин ноумедӣ мояи таркишҳои иҷтимоӣ ва ҳам шиддат гирифтани саркӯбиҳо дар минтақа мешавад.

Ба гуфтаи таҳлилгари ғарбӣ, дар ниҳоят Чин аз тарсе, ки нооромии Тоҷикистону Қирғизистон ба қаламрави он сироят накунад, даст ба кор мешавад ва тамрину раҳнамоии артиши Қирғизистон ва марзбонони Тоҷикистонро бар ӯҳда мегирад. Дар ниҳоят ба гуфтаи Марлен Ларуел аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, баъди 40 соли истиқлоли хеш, Тоҷикистон кишвари исломӣ, Қирғизистон шабеҳи Филлипин бо диаспораи бузург, Қазоқистон бо низомии демократии мисли кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Туркманистон мисли кишварҳои муҳофизакори Халиҷи Форс ва Узбакистон кишвари худкомаи пасошӯравӣ хоҳанд буд.

Аммо таҳлилгарон аз худи минтақа Наргис Кассенова ва Шоирбек Ҷӯраев бо вуҷуди онки бо ҳамкорони ғарбии худ дар бисёр масоил дар мавриди ояндаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамназар ҳастанд, вале ба ин ҳад бадбин нестанд. Онҳо гуфтаанд, кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи ин 20 сол ҳеҷ ҳаракате ба сӯи ҳамгироӣ, тармими равобит накардаанд ва баръакс ҷанҷолҳояшон бештар шуд. Аммо, гуфтаанд онҳо, умед ҳаст, ки наслҳои нави панҷ кишвари минтақа ҷараёнро ба самти дигар, ба самти рушду ҳамкорӣ ва демократия равона хоҳанд кард.

Пажӯҳиши мазкур бо мусоидати барномаи EUCAM омода шудааст, ки иҷрои стротежии Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказиро таҳлилу арзёбӣ мекунад ва дар Брюссел дафтар дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG