Пайвандҳои дастрасӣ

Бехабарии марзбонҳо аз ҳамкории Душанбеву Кобул алайҳи ДОИШ


Марзбонҳои тоҷик мегӯянд, солҳо боз бо пулиси сарҳадбони Афғонистон ҳамкорӣ доранд, аммо дар бораи тавофуқи Душанбеву Кобул дар мавриди мубориза бо "Давлати исломӣ" чизе намедонанд.

Мақомоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо пулиси сарҳадбони Афғонистонро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, аз баргузории кадом амалиёти муштарак алайҳи аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шимоли он кишвар иттилоъ надоранд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев -- сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 29 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "марзбонҳои тоҷик то кунун бо пулиси марзбонии Афғонистон дар заминаи ҷилавгирӣ аз убуру мурур дар марз ҳамкорӣ доранд, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз хатари гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир ва ҷиноӣ аст." Аммо Улуғхоҷаев аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон алайҳи "Давлати исломӣ" ба маънии "баргузории амалиёт зидди ин гурӯҳҳо" изҳори бехабарӣ кард.

ИЗҲОРОТИ МУҲАММАДХОН

Раёсати иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон 28 июн эълон кард, ки ҷониби Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шимолушарқи он кишвар бо Кобул ҳамкорӣ мекунад. Дар ин бора Муҳаммадхон Раҳмонӣ -- муовини аввали Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон 28 июн дар ҷамъе аз хабарнигорон дар Кобул иттилоъ дод.

Ӯ нагуфт, ки дар ин замина кай ва дар куҷо бо мақомоти тоҷик тавофуқ ҳосил шудааст ва ин ҳамкорӣ аз чӣ иборат хоҳад буд, вале гуфт, фаъолияти аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-и собиқ тайи моҳҳои ахир дар шимолушарқи Афғонистон, наздик ба марзҳои Тоҷикистон бештар шудааст. "Феълан фаъолияти душман зиёд аст. Иттилоъ мерасад, ки ин афрод марбут ба ДОИШ-анд. Ҳузури аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон табъан ба воқеият табдил шудааст," -- таъкид дошт Раҳмонӣ.

Муҳаммадхон Раҳмонӣ дар мавриди ин ки ДОИШ-иҳои Афғонистон киҳоянд ва чигуна ба ин кишвар роҳ ёфтаанд? ҷавоб надод ва гуфт, "намехоҳам дар ин робита сӯҳбат дошта бошам". Ноиби аввали раиси иҷроияи

Муҳаммадхон Раҳмонӣ

Муҳаммадхон Раҳмонӣ

ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон афзуд, агар дар бархе аз манотиқи ин кишвар ДОИШ дар рӯёрӯӣ бо Толибон қарор дорад, аммо дар баъзе дигар аз минтақаҳо қумондонҳои Толибон тағйири ном карда, ба ин гурӯҳ пайвастаанд.

БАЪД АЗ САФАРИ ДОКТОР АБДУЛЛОҲ

Изҳороти ин мақоми раёсати иҷроияи ҳукумати Афғонистон дар ҳоле садо дод, ки ҳудуди се ҳафтаи пеш Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон буд. Доктор Абдуллоҳ дар ҷараёни ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард, ки мубориза алайҳи гурӯҳҳои терористӣ ва ифротгаро дар меҳвари ин баҳсу баррасиҳо будааст. Ба ин далел нозирон мегӯянд, эҳтимол дорад, дар ҷараёни сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бо ҷониби Тоҷикистон бар сари "ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи "Давлати исломӣ" тавофуқ шудааст.

Аз ин пеш Раҳматуллоҳ Набил -- раиси амнияти миллии Афғонистон низ аз густариши фаъолияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар он кишвар нигаронӣ кард. Оқои Набил бо ишора ба вазъи Нангарҳор, вилояте, ки аъзои "Давлати исломӣ" дар он ҷо фаъоланд, гуфт, дар ин вилоят мушкил ба ҳадде расида, ки онҳо ба танҳоӣ ҳаллаш карда наметавонанд. Қаблан низ мақомҳои амниятии афғон аз ҳузури гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар вилояти Нангарҳор, Ҳилманд, Ғазнӣ ва Лугар сухан гуфта буданд.

ТОҶИКИСТОН, ДОИШ ВА ОН СӮИ ОМУ

Афғонистон дар ҳоле аз фаъол шудани аъзои “Давлати исломӣ” дар шимолушарқи он кишвар сӯҳбат мекунад, ки Тоҷикистон бо ин ҳамсояаш 1400 километр марзи муштарак ва дар баъзе аз манотиқ осонгузар дорад. Мақомоти Тоҷикистон ва Русия тайи моҳҳои охир аз афзоиши ҷангиён дар он сӯи Омӯ нигаронӣ карда, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ – фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон теъдоди онҳоро якуним ҳазор гуфта буд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ рӯзи 26 июн дар дидораш бо донишҷӯёни тоҷик ДОИШ-ро вабои аср номид ва гуфт, ки “афзоиши нуфузи “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ... инчунин вусъат гирифтани ғояҳои тундгароӣ дар баъзе давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон омилҳои асосӣ ва нигаронкунандаи вазъияти имрӯза ба ҳисоб мераванд.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин сӯҳбаташ иттилоъ дод, ки дар ҳоли ҳозир бештар аз сесад шаҳрванди кишвар дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳузур доранд ва то кунун хабари марги сад нафари онҳо расидааст. Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори ташвиш кард, ки дар миёни ин ҷангиён 18 донишҷӯи тоҷик, ки 7 нафари онҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил доштаанд, низ будаанд.

Яке аз хабарҳое, ки Тоҷикистонро дар робита ба фаъолияти “Давлати исломӣ” хабарсоз ва ҳамзамон ангуштнамо кард, пайвастани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ин гурӯҳ буд. Ӯ рӯзи 27 май бо пахши як навори видео гуфт, аз бархӯрди номуносиби маъмурони пулис бо намозгузорону ҳиҷобдорон ба ин амал даст зада ва ҳушдор дод, ки бо “ҷиҳод” ба Тоҷикистон бармегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG