Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар соли 2015 - 45 сокини Тоҷикистон дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани худ ё афроди наздикашон хабар доданд.

Дар соли 2015 - 45 сокини Тоҷикистон дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани худ ё афроди наздикашон хабар дода, барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ба созмонҳои узви Эътилофи зидди шиканҷа муроҷиат кардаанд. Ин нукта рӯзи 11 май дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроқум), дар нишасти созмонҳои узви ин эътилоф садо дод. Дар ин нишаст мавзӯи “Мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон” бо ширкати намояндаи Омбудсмени Тоҷикистон дар Хуҷанд ва бархе фаъолони ҳуқуқи башар дар Суғд мавриди баҳс қарор гирифт.

Гулчеҳра Ашӯрова, вакили дифоъ дар Хуҷанд ва аз масъулони бақайдгирии маворидҳои шиканҷа гуфт, дар соли 2015 “ба гурӯҳҳои ёрии ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҷмъиятии узви Эътилофи мазкур 45 нафар аз мавриди шиканҷа қарор гирифтани худ ё наздикони худ” муроҷиат кардаанд. Ба гуфтаи вай, дар 24 мавриди шиканҷа муроҷиатнамудагон бо вакилони дифоъ таъмин ва барои 21 нафар санадҳо тартиб дода, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ироа кардаанд. Хонум Ашӯрова дар мавриди вилояти Суғд гуфт, дар соли 2015 - 15 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздикони худ дар зимни тафтишоти аввалия ва волидайни сарбозони дар хидмати ҳарбӣ шиканҷадида бо дархости гирифтани ёриҳои ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд.

Вай гуфт: “Масалан, соли гузашта аз лату кӯби ҳамхидматони худ Фирдавс Раҳматов, ҷавоне аз шаҳри Хуҷанд, ки ихтиёран ба хидмати артиш рафта буд, ба ҳалокат расид. Шахсони гунаҳкор дар шиканҷаву марги сарбоз - Раҳматов аз ҷониби додгоҳ ҷазо гиританд. Айни ҳол

Фирдавс Раҳматов

Фирдавс Раҳматов

вакилони дифои мо дар бораи рӯёнидани зарари моддиву маънавӣ ба хонаводаи ин сарбоз ба додгоҳ муроҷиат намуда, ба волидайни ин сарбоз ёриҳои ҳуқуқӣ расонида истодаанд.”

Бар пояи иттилои Эътилофи зиди шиканҷа, дар соли 2014 дар шимоли Тоҷикистон 12 нафар аз мавриди азобу шиканҷа қарор гирифтани худ ва бо дархости ёрӣ барои ба ҷазо кашидани омилони шиканҷа ба созмонҳои аъзои эътилои мазкур арз кардаанд. Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис шудааст. Ба ин созмон 11 ташаккули ҷамъиятӣ ва ҳудуди 80 намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вакилони дифоъ, равоншиносон, коршиносон ва хабарнигорон шомил ҳастанд.

Сабти мавориди шиканҷа ва пешниҳоди ёрии ҳуқуқиву равонӣ, роҳандозии тадбирҳо ба хотири аз бурдани шиканҷа бо роҳҳои қонунӣ, бахусус аз роҳи такмили қонунгузорӣ вазифаи аслии ин эътилоф номида мешавад. Ба гуфтаи бархе иштирокдорони нишаст дар Гулистон, масъала ин аст, ки бо сабаби фишору таҳдидҳо ба афроди шиканҷадида, вакилони дифоъ ва наздикони онҳо на ҳамаи ҷабрдидагон омода мешаванд дар бораи азиятҳои худ садо баланд мекунанд.

Дилрабо Самадова, вакили дифоъ ва аз фаъолони эътилофи зидди шиканҷа гуфт, дар сурати додхоҳии ҷабрдидагон низ на ҳама вақт додгоҳҳо баёноти ҷабрдидагонро таҳқиқу тасдиқ мекунад : “Чунки ҷамъ овардани далел дар бораи шиканҷа шудани зерҳимоямон барои мо, адвокатҳо хеле мушкил аст. На ҳамеша ба вакилони дифоъ имкон дода

мешавад, ки бо зерҳимояи худ вохӯрда, ҷароҳату осебҳои дар натиҷаи шиканҷа бардоштаи ӯро сабт кунанд. Ҳамчунин дар аксари мавридҳо додгоҳҳо арзу шикояти шиканҷадидагонро дар ҷараёни тафтишоти аввалия сарфи назар мекунанд. Агар ба назар гиранд ҳам, дар охир посух медиҳанд, ки “шиканҷа дидани арзкарда тасдиқ нашуд.”

Саодат Абдураҳмонова, вакили дифоъ аз шаҳри Хуҷанд ба ҳайси мисол мегӯяд, бо дархости як зерҳимояаш, ки барои “Ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ” муттаҳам мешавад ва зимни тафтиши аввалия шиканҷа дидаст, алайҳи муфаттиш ба додситонӣ шикоят бурд. Хонум Абдураҳмонова афзуд: “Зерҳимояамро афроди ниқобпӯш зимни тафтиши аввалия шиканҷа додаанд. Аммо баъди шикояти мо ба додситонӣ муфаттиш ба вай таҳдид кардааст, ки «агар аз шикоятат даст накашӣ, туро бо банди 187 – «Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ” низ айбдор мекнам, ҷазои сахттар мегирӣ». Зерҳимояам шояд аз тарс, аз аризаи навиштааш даст кашид.”

Дар нишасти созмонҳои аъзои Эътилофи алайҳи шиканҷа дар шаҳри Гулистон баён шуд, ки Тоҷикистон Эътилофи зидди шиканҷаи Созмони Милалро эътироф карда, Конститутсияи ин кишвар ҳам шиканҷа ва муносибатҳои дигари бераҳмонаро манъ мекунад. Давлати Тоҷикистон барномаи аз байн бурдани шиканҷаро рӯи даст дорад ва тибқи он қонунгузориро такмил ва роҳу усулҳои коҳиши шиканҷаро ҷорӣ мекунад.

Моҳи апрели соли 2012 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки “ба усулҳои нораво ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандҳои ҷиноятӣ роҳ надиҳанд.” Моҳи апрели ҳамон сол ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои бори аввал банди алоҳидаи “шиканҷа” ворид ва ба омилони навъҳои мухталифи шиканҷа ҷазо таъйин гардид. Моҳи июни соли 2012 Додгоҳи Олии Тоҷикистон қарореро “Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза зидди шиканҷа” ба тасвиб расонд.

XS
SM
MD
LG