Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Кумитаи забону истилоҳот мегӯянд, ки номгузории Муҳаммад барои сокинони Тоҷикистон манъ нашуда, балки шакли ихтисории он дар мисоли “Мамад” ва... “Мадисмоил” манъ гардидааст.

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон сарусадои бархоста дар баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хориҷиро дар бораи гӯё манъи номи “Муҳаммад” барои сокинони кишвар беасос донист ва гуфт, ки дар ин бора ҳеч тасмим гирифта нашудааст. Абдураҳим Зулфониён, мудири шуъбаи Кумитаи забон ва истилоҳот, рӯзи 19 апрел ба Озодӣ гуфт, ки баръакс, шакли ихтисории номи Муҳаммад, ба мисли “Мамад”, “Мадисмоил”, “Мадумар”, “Алимат”, “Рӯзимат” ё “Қулмат”, манъ шудааст.

Ӯ гуфт, ки дар сурати ихтисор номи Муҳаммад халал ёфта, маънои аслии худро гум мекунад ва беҳтар аст, сокинон шакли пурраи онро ба фарзандон бигузоранд.

“Дар масъалаи номгузорӣ даҳҳо мақола ва суҳбату шарҳҳо дар матбуот ба нашр расидааст. Дар онҷо дар мавриди номи “Муҳаммад” гуфта шудааст, ки минбаъд ин ном бидуни ихтисор гузошта шавад. Ин иқдом ба хотири эҳтиром ба номи паёмбар аст,” – афзуд Зулфониён.

Мудири шӯъбаи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, ки шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) ва дигар ниҳодҳои масъул исми Муҳаммадро аз феҳристи номҳо барои сокинони Тоҷикистон берун накардаанд ва имрӯзҳо даҳҳо нафар барои фарзандони худ бидуни мамониат ин номро интихоб мекунанд.

Қарор аст, то ду моҳи дигар шакли такмилшудаи феҳристи номҳо барои сокинони Тоҷикистон нашр ва дастраси мардум гардад. Мақомот мегӯянд, ки дар ин китоб ҳудуди 5 ҳазор номҳои тоҷикӣ ва ҳамин тавр номҳои барои мисол арабӣ низ ҷой дода шудааст, ки ба қавли онҳо дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳ доранд ва “ҳазм шудаанд”.

Вале ахиран як сокини Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят кард, ки натавонистааст барои фарзандаш номи “Ёсин”, унвони яке аз сураҳои Қуръонро бигузорад. Ӯ гуфт, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гуфтаанд, ӯ ин ҳақро надорад ва беҳтар аст аз миёни номҳои тоҷикӣ барои фарзандаш исм интихоб кунад.

Номгузорӣ дар Тоҷикистон вобаста ба ҳар давру замон тағйир кардааст. Фарҳангшиносон мегӯянд, ки дар замони Шуравӣ аслан талошҳо барои ворид кардани номҳои бегона ба фарҳанги тоҷикӣ зиёд мушоҳида мешуд. Аз сӯи дигар ба далели идеологӣ ва ё тақлид ба чеҳраҳои маъруфи сиёсии давр сокинон фарзандони худро МЭЛС, Сталин, Коммуна, Феликс ва ба ҳамин монанд ном медоданд.

Вале дар даҳ соли охир бо таваҷҷӯҳ ба зиёд шудани равуо ба кишварҳои исломӣ ва мазҳабитар шудани ҷомеа шаҳрвандон ба номҳои арабӣ ва исломӣ бартарӣ медиҳанд. Дар баробари ин, маъмул шудани сериалҳои туркӣ дар Тоҷикистон завқи мардумро ба номгузории туркӣ аз қабили Элиф, Иргит ва Гузел бештар карда ва ҳатто баъзе номҳои маъмул дар Тоҷикистон ҳоло бо лаҳҷаи туркӣ, мисли Меҳмет, ки Муҳаммад ё Хуррем ки Хуррами тоҷикист, талаффуз мешавад.

Ба хотири ҷилавгирӣ аз бегонапарастӣ ва тарғиби номҳои тоҷикӣ, ҳукумати Тоҷикистон як моҳи пеш номҳои барои фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, “аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезеро, ки шаъну эътибори инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳо ҷудо мекунанд”, манъ кард.

Вакилони Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – низ рӯзи 13 январи соли ҷорӣ бо ислоҳи қонун "Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" гузоштани номҳои "бегона" ва изофа кардани тахаллусҳое монанди "мулло", "тӯра", "шайх", "сӯфӣ" ва "халифа"-ро ба номи сокинон манъ карданд. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, дар ҳузури вакилони парлумон гуфта буд, ки чунин тахаллусҳо бештар боис ба тафриқаандозӣ дар ҷомеаи кишвар мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG