Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Радиои Озодӣ аз номи нафароне, ки худро коргарони корхонаи сементи шаҳри Душанбе меноманд, нома расидааст, ки мегӯянд, се моҳ боз маош нагирифтаанд.

Муаллифони нома ба Озодӣ мегӯянд, "Тоҷиксемент" 3 моҳ боз маоши коргаронашро намедиҳад. Ҳамзамон дар ин нома иддао мешавад, ки дар ҳамин ҳол, раиси корхона Маҳмадсаид Зубайдов дар баҳои 90 ҳазор доллар мошини нави «Лексус» харидааст. Барои рӯшанӣ андохтан ба қазия мо бо раҳбари кулли Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» Маҳмадсаид Зубайдов суҳбат кардем ва нахуст дар бораи напардохтани маоши коргарон аз ӯ суол кардем:



Маҳмадсаид Зубайдов: "Ин гуфтаҳо асос надорад. Мо маоши ҳамаи коргаронро ёфта додаем. Касе кор кард, дар ҷои кор буд, маошашро гирифтааст. То ҳол касе бо чунин мазмун ба ман муроҷиат накардааст. Ман рӯзҳои шанбе рӯзи қабул дорам, касе бо ин масъала ба назди ман наомадааст. Бо дигар мсъалаҳо меоянд. Агар нафаре шикоят дорад, ба муҳосибот муроҷиат кунад. Ҳамчунин барои ҳалли ин масъалаҳо додситонӣ ҳаст, додгоҳ ҳаст, метавонанд ба он ҷо муроҷиат кунанд. Ин мардуми мо ҳар чӣ менависанд. Баъд бовар мекунед?"

Эълоне, ки дар дохили ин корхона навишта шудаст.

Эълоне, ки дар дохили ин корхона навишта шудаст.

«Озодӣ»: Ҳоло дар корхона чанд нафар кор мекунанд?

Маҳмадсаид Зубайдов: " Тахминан 670 кас дар корҳои гуногун кор мекунанд."

«Озодӣ»: Маошашон чӣ қадар аст?

Маҳмадсаид Зубайдов: "Маоши ҳар кас ҳар хел ва вобаста ба кор аст. Таруфаҳо муайян шудааст, аз рӯи ҳамон маош мегиранд."

«Озодӣ»: Қаблан масъулини корхона гуфта буданд, ки наздики ҳазор коргар ба рухсатии бемӯҳлат рафтаанд. Оё онҳо ба кор баргаштанд?

Маҳмадсаид Зубайдов: "Мо ҳеҷ вақт 1000 коргарро якбора ба рухсатӣ нафиристодаем. Ин тавр мумкин нест. Мо дар ҳамон даврае, ки аз 1 январ газ набуд, ба таъмир машғул будем. Баъзе дар рухсатӣ буданд. Гурӯҳи дигар ҷавоб гирифта рафтанд, ду-се моҳ дар ҷои дигар кор карданд. Боз гашта омаданд. Ба ғайри истеҳсоли семент ин ҷо боз дигар корҳо ҳаст. Ҳоло мо ният дорем, коргоҳро ба истеҳсоли семент тавассути ангишт гузаронем. Ман ҳашт моҳ шуд рӯи ҳамин тарҳ кор мекунам. Беш аз 200 нафар коргарони тоҷик ва аз 40 то 60 нафар мутахассисони чинӣ дар ин самт кор мекунанд."

«Озодӣ»: Дар идомаи номаашон онҳо навиштаанд, ки раис дар 90 ҳазор доллар мошини «Лексус»-и нав харидааст, ҳол он ки маошаш 2000 сомонӣ нест. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Маҳмадсаид Зубайдов: " Мошини «Лексус» мошини хидматӣ аст ва ба корхона тааллуқ дорад. Ман нахаридаам. Рақами давлатӣ дорад. Нав ҳам нест. Пеш аз омадани ман ҳам он мошин буд."

«Озодӣ»: Маоши худи шумо чӣ қадар аст?

Маҳмадсаид Зубайдов: "Маоши давлатии ман 1300-1400 сомонӣ аст."

Корхонаи "Тоҷиксемент", воқеъ дар шимоли пойтахти Тоҷикистон то ба ин авохир танҳо корхонаи тавлиди семент дар ин кишвар ба шумор мерафт. Дар корхонаи «Тоҷиксемент» то қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон 1042 нафар кор мекарданд ва ин корхона дар соли 2012-ум беш аз 200 ҳазор тонна семент истеҳсол кардааст. Ин дар ҳолест, ки иқтидори лоиҳавии «Тоҷиксемент» 1,1 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон ҳоло сементро асосан аз давлатҳои Покистону Эрон ва каму беш аз ҳамсоякишварҳо ворид мекунад.

Охири моҳи августи ҳамин сол дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи семент ба истифода дода шуд. Гуфта мешавад ин корхона яке аз бузургтарин корхонаҳои ҳамсон дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Ин корхона бо иқтидори истеҳсоли 1 миллион тонна семент дар як сол бунёд ёфтааст. Фаъолияти ин корхона ҳам бо истифода аз ангишт пешбинӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG