Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як вакили Ҳизби демократ хостори даъват ва ҷалби ҷавонон аз Осиёи Марказӣ ба Амрико шудааст.

Эни Фалеомаваега, вакили Ҳизби демократи Амрико, гуфтааст, бо ин роҳ мешавад, дар рушди миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат ва ба ҳалли мушкилоти ин кишварҳо кӯмак кард.

Вай афзудааст, "ҳоло дар донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида 561 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ таҳсил доранд. Ҳамеша ҷонибдори он будам, ки шумори муҳассилин аз ин кишварҳо дар Амрико бештар шавад. Албатта, бад нест, агар ҷавонони ин кишварҳо бештар дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд. Аммо сафар ва таҳсил ба Амрико ба онҳо имкон медиҳад, то ин кишварро бо чашми дигар ва аз наздик бубинанд."

Эни Фалеомаваега, вакили Ҳизби демократи Амрико

Мақомоти Амрико мегӯянд, феълан ҳудуди 2 ҳазор донишҷӯ аз Қазоқистон, 274 нафар аз Қирғизистон, 288 нафар аз Тоҷикистон ва ҳудуди 200 нафар аз Туркманистону 513 донишҷӯ аз Узбакистон дар мактабҳои олии ин кишвар таҳсил доранд.

Кишвари орзуҳо

Дар чанд соли ахир бештари ҷавонҳои тоҷик низ дар андешаи кору таҳсил дар Амрикоянд. Аксари онҳо, бо вуҷуди гаронии ҳаққи таҳсилу сафар, бо дарёфти қарз аз бонкҳо талош мекунанд, ба кишвари орзуҳои худ бираванд.



Амриддин, ҷавони 27-солаи тоҷик, як сол мешавад, ки барои сафар ба Амрико талош дорад, аммо то ҳанӯз муваффақ нашудааст.

Ӯ мегӯяд, ҳадафи аслиаш аз ин сафар омӯзиши забони англисист. Ин ҷавони тоҷик бовар дорад, ки бо беҳтар омӯхтани забони англисӣ метавонад соҳиби ҷойи кори хубе дар Тоҷикистон ва маоши баландтар гирад.

Гуфта мешавад, аксари ҷавонҳои тоҷик ба хотири кор озими Амрико мешаванд ва барои ин раводиди донишҷӯӣ мегиранд.

Сорбон, ҷавони дигари тоҷик, ки ба гуфтаи худаш аслан забони англисиро намедонад, дар ҷустуҷӯи роҳи арзону осони сафар ба Амрикост. Вай мегӯяд, "дар Тоҷикистон ҳам кор ҳаст, вале маош кам. Ба Русия рафтан намехоҳам, он ҷо муҳоҷирони тоҷик аслан ҳуқуқ надоранд. Тасмими сафар ба Амрикоро гирифтаам, ба ҳар ҳол мегӯянд, ки он ҷо ҳуқуқи инсонҳо нақз намешавад. Роҳҳо бисёр, аммо роҳи аз ҳама арзонашро ҷустуҷӯ дорам."

"Ватандӯстам, аммо..."

Онҳое, ки бахт ба рӯяшон хандидаву бо ҳадафу роҳҳои мухталиф ба Амрико рафтаанд мегӯянд, зиндагӣ ва кору таҳсил дар Амрико барои онҳо аз ҳар ҷиҳат муфид ва омӯзанда будааст. Тавре мушоҳида мешавад, аксари ин ҷавонон баъд аз чанд соли зиндагӣ ва таҳсил дар Амрико дигар намехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд.



Нигораи 23-сола, ки баъд аз як соли таҳсил дар Амрико ва ошноӣ бо ҷомеаи ин кишвар ба Тоҷикистон баргашт, ин ҷо зиёд намонд. Ӯ ин дафъа модарашро ҳам бо худ ба Амрико бурд. Вай гуфт: "Дар он ҷо барои рушди шахсии ҷавонон имконоти фаровон мавҷуд аст. Дар кишвари мо бошад, маҳдудиятҳои зиёд эҳсос мешавад. Ин маънои онро надорад, ки ватани худро дӯст намедорам. Ман ҳам ватандӯстам, аммо мехоҳам ба зиндагии беҳтар даст ёбам. Дар он ҷо ба муваффақият зудтар метавон даст ёфт. Ин ҷо бештари корҳо кор тавассути одамони наздик, яъне хешутаборбозӣ, ошнобозӣ анҷом мешавад. Ҷавони одӣ то замони пайдо кардани роҳу восита зуд пир мешавад."

Аммо ба назари таҳлилгари ҷавон Абдулазизи Восеъ, ин талошу пешниҳодҳои вакилу масъулони Амрико агар аз як сӯ ба манфиати ҷавонон ва бо ҳадафи рушди зеҳнии онҳо бошад, аз сӯи дигар онҳо мехоҳанд, бо ин роҳ аҳдофи худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ амалӣ бикунанд.



Вале бо ин ҳама аксар ҷавонони огоҳи тоҷик, ки дар Тоҷикистон аз мизони бекории баланду имкониятҳои маҳдуд барои рушди як нафар нигаронӣ мекунанд, ҳаваси диёри дигарро доранду омодаанд бо истифода аз аввалин имконият, ба кишвари орзуҳояшон бираванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG