Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рабуда шудани як пизишки тоҷик дар Яман


Дар Яман садҳо нафар аз пизишкони хориҷӣ кор мекунанд. Акс аз бойгонӣ.

Дар Яман садҳо нафар аз пизишкони хориҷӣ кор мекунанд. Акс аз бойгонӣ.

Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ масъалаи рабоиши табиби тоҷик дар Яманро ба баррасӣ гирифтааст.

Имрӯз сафорат ба намояндагии Яман дар Арабистони Саудӣ нота фиристода, хостори кӯмак барои раҳоии табиби тоҷик Ҳомидҷон Очилов шудааст.

Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ, аз сабаби он ки ҷаноби Очилов тибқи қарордод бо як ширкати русӣ дар Яман кор мекунад, ин ширкат ва ҳамчунин сафорати Русия дар Яман низ барои раҳоии ин табиби тоҷик талош доранд.

Тоҷикистон дар Яман намояндагии расмӣ надорад ва ин вазифаро ҳоло сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.



Гурӯҳи мусаллаҳи номаълум як шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Шибваи Яман гаравгон гирифтааст.

Ҳомидҷон Очилови 60-сола, зодаи ноҳияи Ҳисор, ки аз соли 2007 дар шаҳри Аттақи Яман ба ҳайси табиб кор мекард, худ ба намояндаи ширкати русии “Техностройэкспорт” занг зада гуфтааст, ки дар минтақае бо номи Маҳфид қарор дорад.

Гаравгонгирон ба табиби тоҷик гуфтаанд, ягон ҳисобе бо худи ӯ надоранд, балки масъалае доранд, ки мехоҳанд бо ҳукумати Яман матраҳ кунанд.

Бино ба хабарҳо, ин гурӯҳе, ки гуфта мешавад, иборат аз 10 силоҳбадаст аст, аз давлати Яман ба масъулият кашонидани омилони ҳамлаи ҳавоии ду соли пеш ба як рустои ин минтақаро, ки даҳҳо нафар, бо шумули 17 зан ва 23 кӯдакро кушта барҷой гузошт, талаб доранд.

Саидаҳмад Беков, намояндаи ширкати “Техностройэкспорт” дар Яман ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин қазия мақомоти Яман, бо шумули вазорати ҳифзи сиҳҳати он кишвар ва сафорати наздиктарини Тоҷикистон, ки дар Арабистони Саудист, дар ҷараён гузошта шудаанд ва феълан талошҳо барои раҳоии Ҳомидҷон Очилов идома дорад.

Оқои Беков гуфт, дар тӯли собиқаи кори онҳо дар Яман ин дуввумин мавриди гаравгонгирии табибони тоҷик дар ин кишвари ошӯбзада аст, ки ба таври мусолиматомез ҳал шуда буд.

Саидаҳмад Беков мутмаин аст, ки ин маврид низ ба хушӣ ҳал хоҳад шуд, чунки маъмулан дар Яман ба шахси табиб эҳтироми вижаеро қоиланд ва чунин мавориди гаравгонгирии табибон ҳам одатан ба хотири ҳал кардани масоилест, ки ин ё он гурӯҳ ё қабила бо ҳукумат дорад.

Саидаҳмад Беков афзуд, дар ҳоли ҳозир дар Яман 47 табиби тоҷик кор мекунанд, ки тавассути ширкатҳои русии “Техностройэкспорт”, “Здравэкспорт” ва “Экспортстрой” истихдом шудаанд.

Вале, мегӯяд оқои Беков, бо вуҷуди ташаннуҷи вазъ дар Яман ва гаравгон гирифта шудани Ҳомидҷон Очилов ҳеҷ кадоми онҳо азми бозгашт ба Тоҷикистонро надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG