Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ягон порчаи таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ дар бораи Муҳаммадҷони Хуқандӣ ҳарфе гуфта нашудааст.

Бо вуҷуди ин, ба бовари афроди огоҳ, ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки тавонистаанд мактаби як замон аз миёнрафтаи динии Бухороро дар Тоҷикистон ва дар маркази он - шаҳри Душанбе эҳё бикунанд.

Қорӣ Муҳаммадҷони Хуқандӣ, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ, ҳудуди сад сол умр дида, як қисми онро дар ҳиҷрат ва бо омӯзиши улуми исломӣ, қисме дигарашро пушти милаҳои зиндони Шӯравӣ ва қисми охир ва боқимондаи умри худро сарфи таълими ҷавонон кардааст.

ЧАРО "ҲИНДУСТОНӢ"?

Абдуллои Раҳнамо
Абдуллои Раҳнамо, таҳлилгари масоили динӣ дар Тоҷикистон, ки ахиран пажӯҳишеро дар бораи зиндагӣ ва кори Муҳаммадҷони Хуқандӣ анҷом додааст, мегӯяд, “Мавлавии Ҳиндустонӣ” унвон гирифтани ӯ низ беҳуда набуд.

“Мавлавӣ буданаш марбут ба дараҷаи илмӣ аст, Ҳиндустонӣ марбут ба ҷои таҳсилаш. Воқеан ба Мавлавии Ҳиндустонӣ муяссар шуд, ки як давраи комили таҳсилоти диниро аз ибтидо то олитарин дараҷа гирифта бошад. Дар таърихи муосири динии мо Мавлавии Ҳиндустонӣ аз охирин касоне буд, ки чунин таълимоти комилро аз аввал то охир дар шакли расмишуда гирифтааст”
,-афзуд ӯ.

Ҳамон тавре ки Абдуллои Раҳнамо гуфт, зиндагии Мавлавии Ҳиндустонӣ аз каҷу килебиҳои зиёде иборат буд, ки ӯро аз Бухоро ба Афғонистон ва сипас ба ҳавзаи динии "Девбанд" дар Ҳиндустон кашонд.

Ба нақли ҷаноби Раҳнамо, соли 1916, вақте Русияи подшоҳӣ барои сарбозгирӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ меомад, Мавлавии Ҳиндустонӣ дар мадрасаи Бухоро таҳсил мекард. Вай тобистон ба назди волидони худ ба водии Фарғона наомада, бо ҳамдарсонаш ба Афғонистон меравад ва пас аз он ки дар Бухоро инқилоб шуд, наметавонад дигарбора ба Бухоро баргардад.

“Ҳамин тавр ба Ҳиндустон рафта, дар мадрасаҳои гуногуни он дар ҳавзаи Девбанд таҳсили илмро идома медиҳад. Ҳудудан бист сол тамоми давраи муҳоҷирати таҳсилии ӯ дар кишвари Афғонистон ва Ҳиндустон мегузарад”,-мегӯяд Раҳнамо.

ҶАНГ ВА ЗИНДОНИ СТАЛИНӢ

Бозгашти Мавлавии Ҳиндустонӣ, донишманди ислом аз Ҳиндустон ба зодгоҳаш водии Фарғона, ки он вақт дар зери сояҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт ва “динро афюн” меномид, осон набуд.
Эшони Нуриддин, Эшони Сайидашраф, Махсуми Исмоил, Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, Мавлавӣ Абдулҳай, Махсуми Бурҳониддин ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шогирдони Мавлавии Ҳиндустонӣ дониста мешаванд...


Гуфта мешавад, баробари бозгашт ба қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ аввал ӯро ба зиндон мекашанд ва сипас ба ҷанги бузурги ватанӣ мефиристанд.

Абдуллои Раҳнамо, пажӯҳишгари зиндагии Мавлавии Ҳиндустонӣ мегӯяд, вақте ӯ дар ҷанги бузурги ватанӣ захмӣ шуд, мавриди табобат қарор гирифт ва чанд соли умри худро дар як колхози чорводории Русия ҳамчун чӯпон гузаронду дигарбора ба зиндон афтод ва тақрибан нӯҳ соли дигар зиндони сталиниро таҷриба кард.

Аммо пас аз раҳоияш аз зиндон Мавлавии Ҳиндустонӣ дигар ба водии Фарғона нарафт, балки барои зиндагӣ ва кори худ Душанбе, маркази Тоҷикистонро интихоб кард.

Раҳнамо афзуд: “Ба Душанбе меояд ва дар Институти шарқшиносии Тоҷикистон ба унвони мушовир кор мекунад. Вале дар муддати кӯтоҳе ӯро аз Институт хориҷ мекунанд. Он вақт қариб ҳафтодсола буд. Ӯ ҳамчун нафақахӯр, ҳамчун иштирокчии ҷанг ба зиндагии худ идома медиҳад.”

АБДУЛЛОҲИ НУРӢ, ЭШОНИ НУРИДДИН... БОЗ КӢ?

Марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ аз шогирдони Мавлавии Ҳиндустонӣ будааст...
Аксарият зиндагии сӣ соли ахири Муҳаммадҷони Хуқандӣ, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустониро барои таълими динии ҷавонон муҳим мешуморанд.

Мавлавии Ҳиндустонӣ солҳои ахири зиндагии худро дар Душанбе, дар маҳаллаи "Шёлккомбинат" гузаронида, бо вуҷуди сиёсати динзудои Шӯравӣ, ба таълими шогирдон машғул будааст.

Вай тӯли ин муддат даҳҳо шогирдонро тарбия кардааст, ки ҳар кадоме онҳо мактаби хоси худро асос гузоштанд ва имрӯз аз ҷумлаи маъруфтарин рӯҳониёни Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Аз ҷумла, Эшони Нуриддин, Эшони Сайидашраф, Махсуми Исмоил, Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, Мавлавӣ Абдулҳай, Махсуми Бурҳониддин ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шогирдони Мавлавии Ҳиндустонӣ будаанд.

Ҳафтаномаи “Наҷот” низ дар як шумораи худ дар пешнависи сӯҳбат бо Мавлавии Муҳаммадқосим, яке аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тӯли ҳафт соли ахир дар зиндон буда раҳо шудааст, навишта, ки “Мавлавии Муҳаммадқосим ҳамроҳ бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода назди Қорӣ Муҳаммадҷони Андиҷонӣ, машҳур бо тахаллуси Мавлавии Ҳиндустонӣ, дарсҳои мутавассита ва дигар илмҳои исломиро омӯхтааст.”

ЭШОНИ ҚИЁМИДДИН: "ПИНҲОНӢ ДАРС МЕДОД"

Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, яке дигар аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон, низ худро аз шогирдони Мавлавии Ҳиндустонӣ медонад ва мегӯяд, тӯли панҷ сол дар назди ӯ илм омӯхтааст.

Вай дар як сӯҳбати худ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар замоне ки Шӯравӣ аз болои диндорон назорати сахт мебурд, Мавлавии Ҳиндустонӣ тартиби таълими шогирдони худро ончунон роҳандозӣ карда буд, ки як шогирди ӯ аз шогирди дигараш хабаре надошт.

“Он қадар пинҳон буд, ки касе маро намедонист. Баъдтар фаҳмидем, ки дар ҳамин ҷо Домулло Нуриддин ҳам дарс мехондааст. Фақат фарқ дар ин будааст, ки ман субҳ пеш аз намоз меомадам, он кас дар вақти дигар”,-илова кард ӯ.

АЗ ДИН ТО СИЁСАТ

Шояд аксарият ба ин нукта ҳам таваҷҷӯҳ карда бошанд, ки қисмати аслии шогирдони Мавлавии Ҳиндустонӣ фаъолияти худро бо сиёсат пайвастаанд.
Чи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, чи Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва чи Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ.

Абдуллои Раҳнамо мегӯяд, Ҳиндустонӣ ба таври ноаён як навъ маърифати сиёсиро ба шогирдонаш таълим медод.

“Барои ҳамин, касоне, ки пеши Мавлавии Ҳиндустонӣ дарс хондаанд, аз назари ҷаҳонбинии сиёсӣ тафовут доранд, нисбат ба онҳое, ки дар ҳавзаи Бухоро хондаанд”,-афзуд ӯ.

АЗ МУХОЛИФОНИ "ВАҲҲОБИЯ"

Маъруфулло Раҳимов
Аксарият номи Мавлавии Ҳиндустониро ба ҷараёни ваҳҳобия дар Тоҷикистон низ пайванд медиҳанд, ки солҳои навадуми қарни гузашта ҷавонони ислоҳталаби исломиро бо ин ном мешинохтанд.

Домулло Маъруфулло Раҳимов, собиқ муовини раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Файзобод аст, гуфт, Мавлавии Ҳиндустонӣ нахустин нафаре буд, ки ҷараёни ваҳҳобияро ошкор ва пайравони онро маҳкум кард.

Аммо авохири солҳои ҳаштодум ва оғози даҳаи навади қарни гузашта муносибати Мавлавии Ҳиндустонӣ бо шогирдонаш ва ҳамин тавр муносибати шогирдонаш бо ӯро тағйир дод.

ИХТИЛОФИ НАСЛҲО, НИГОҲҲО...

Мавлавии Ҳиндустонӣ, ки мехост шогирдонаш ба нооромиҳо дар кишвар ҳамроҳ нашаванд, онҳоро хашмгин кард ва шогирдон Мавлавии Ҳиндустониро дар як нома ба тарсуӣ ва ҳамкорӣ бо низоми куфр муттаҳам карданд.

Вале Абдуллои Раҳнамо, коршиноси масоили динӣ, мегӯяд, ин ихтилофи Мавлавию шогирдонаш на ихтилофи диндориву бединӣ, балки ихтилофи наслҳо, таҷрибаҳо ва нигоҳҳо буд.

Ӯ гуфт, “дар охир Ҳиндустонӣ вақте аз сӯйи ҷавонон номаеро гирифт, аз он аксуламале, ки додааст, бисёр нороҳат шуда буд. Зеро ӯ фикр мекард, ки тамоми ҳаракату бедориро ба вуҷуд овард ва аз ҳамин дохили ин мактаб як чунин аксуламале содир шуд.”

Бо ин вуҷуд, ҳанӯз нуктаҳое ифшонашуда ва чизҳои гуфтанашудае дар бораи Мавлавии Ҳиндустонӣ зиёданд. Гуфта мешавад, бештари сӯҳбат ва баҳсҳое, ки ӯ дошта, ба забони узбакӣ гуфта шудаанд, ки то ҳол дар шакли аудио ва видео ҳифз мешаванд.

Ҳамчунин, дар хориҷ аз кишвар ба омӯхтани зиндагии пурасрори Ҳиндустонӣ низ таваҷҷӯҳ доранд, ки то кунун гурӯҳе аз кишварҳои хориҷӣ дар ин бора рисола навиштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG