Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳарчанд Тоҷикистонро дар бозиҳои олимпии Сочи фақат як варзишгар Алишер Қудратов муаррифӣ мекунад, аммо аксар сокинони ин кишвар, ба вижа ҷавонон бо як шавқу рағбат ва эҳсоси зиёд ин бозиҳоро назорат ва пайгирӣ мекунанд.

Онҳо ҳам баробари ғолибияти гурӯҳҳои дӯстдоштаи худ шодӣ ва баробари бохти онҳо ғамгину асабӣ мешаванд.

Фирӯза Файзулоева, як ҷавонзани хонанишини тоҷик ҳам ҳаводори ашадии Бозиҳои зимистонаи Олимпии Сочи аст. Фирӯза мегӯяд, ду рӯз боз табъаш хира аст ва дасташ ба кори хона пеш намеравад. Сабаби ин нороҳатии ӯ ва ҳамсараш ҳам бохти ҳоккейбозони рус ва нокомии варзишгардухтари 15-сола Юлия Лимпнитская дар яке аз бозиҳои ахири олимпӣ будааст. Фирӯза ва аҳли хонаводаи ӯ ҳар рӯз бесаброна интизори ин бозиҳо шуда, кӯшиш мекунанд то шурӯи он ҳамаи корҳои худро анҷом диҳанду дигар беташвиш аз тамошои бозиҳои варзишгарон ҳаловат баранд.

«Ману шавҳарам врзиши навъи биатлону ҳоккейро бештар тамошо мекунем ва ба варзишгарони рус мухлисӣ мекунем. Вале дирӯз аз бозии варзишгарони рус бисёр ғамгину асабонӣ шудем ва бовар кунед дигар нашуд ҳам ман ва ҳам шавҳарам валерианка хӯрда худро ором кардем. Бозиҳои зимистона ҷолибанд, махсусан бо бисёр биатлонро дӯст медорем, бозии шавқовар аст ва ману шавҳарам 8-9 сол боз ин бозиҳоро тамошо мекунем»

«Валерианка» шояд дар ин рӯзҳо василаи тасаллидиҳандаи танҳо Фирӯза нест. Мухлисони тоҷики Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки қисми зиёдаш дар ин сабқатҳо аз кишвари Русия ҷонибдорӣ мекунанд, мегӯянд, аз хоккейбозони рус умедҳои зиёд доштанд, аммо ин интизороти онҳо бароварда нашуд. Аммо ба ҳар ҳол мухлисони тоҷик, шонси бурди Русияро дар идомаи ин бозиҳо кам намедонанд.

Вале Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, ва муовини авали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, ки низ аз раванди ин бозиҳоро пайгирӣ мекунанд, шонси ғолибияти Олмонро дар ин сабқати ҷаҳонӣ бештар медонад. Дилшод бештар ба биатлону, ҳоккей ва рақси рӯйи ях таваҷҷӯҳ доштаву ба варзишгарони Русияву Олмон ва ҳам ягона варзишгари Тоҷикистон мухлисӣ мекардааст. Дилшод дар мавриди варзишгари тоҷик Алишер Қудратов, ки рӯзи шанбе дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, 22-юми феврал барпо мегардад, вориди рақобат мешавад гуфт:

«Аслан имкони ками гирифтани медалро дорад, аммо худи ширкати ин ҷавон дар чунин як бозии ҷаҳонӣ ин боиси ифтихор аст. Алишер аввалин бор аст, ки дар чунин бозиҳо ширкат дорад ва ман медонам бозии олимпӣ чӣ аст, ин ягон сабқати одии байналмиллалӣ нест, ин баландтар аз дигар бозиҳои ҷаҳонӣ аст.»

Воқеан, аз ягона варзишгари тоҷик Алишер Қудратов, ки барои бори аввал дар қатори варзишгарони кишварҳои дигар дар чунин як сабқате ширкат дорад, ҳамватанон ва ҳамсолонаш дар Тоҷикистон талаби зиёд надоранд, вале қариб ҳама мисли Дилшод аз ширкати ӯ дар ин бозиҳо ифтихор кардаву бесаброна интизори оғози рақобати ӯ дар ин бозиҳо ҳастанд. Дар шабакаи иҷтимоии Одноклассникӣ ҳам ҷавонон, бо шиорҳои «Мо бо тӯем Алишер» барои ин варзишгар комёбиву муваффақият орзӯ мекунанд.

Худи Алишер ҳам ахиран дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба мухлисонаш ваъда додааст, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб талош хоҳад кард. Ба қавли мусоҳибони мо, дар ҳар сурат ширкати Алишер Қудратов метавонад барои ин варзишгар ва Тоҷикистон заминаи хубе бошад, барои бозиҳои ояндаи ҷаҳонӣ. Парвиз Бобоев, ҷавони дигари тоҷик, ки ҳар рӯз Бозиҳои зимистонаи олимпиро пайгирӣ мекунад мегӯяд: «Он ҷо албатта варзишгарони пурқувват аз тамоми ҷаҳон, аз давлатҳое, ки дар ин намудҳои варзиш таҷрибаи зиёд доранд ширкат мекунанд, вале маълум аст, ки аз рӯйи варзиши зимистона кишвари мо чандон пешрафта нест ва мо ҳам умеди зиёде надорем, аммо дар ҳар сурат ширкати варзишгари мо ва муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дигар хуб аст.»

Бо тамошои ҷараёни бозиҳои олимпӣ ва дидани малакаву маҳорати варзишгарони кишварҳои дигар, аксар мухлисони тоҷики ин навъҳои варзиш аз он афсус мехӯранд, ки Тоҷикистон, кишвареро, ки барои рушди варзишҳои зимистона имконоту табиати мусоид дорад, фақат як нафар дар чунин бозиҳои сатҳи баланд муаррифӣ мекунад ва ин навъҳои ҷолиби варзиш дар ватани онҳо рушд накардааст.

Аммо Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик ба ҷавонон умед мебахшад ва мегӯяд, имкон дорад дар ояндаи начандон дур, Тоҷикистонро ҳам дар навъҳои мухталифи бозиҳои зимистона аз ҷумла ҳоккей варзишгарони зиёд дар чунин сабқатҳо намояндагӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG