Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 соли зиндон - барои ғорати 142 ҳазор доллари падарарӯс


Шаҳбози Анварзода
Шаҳбози Анварзода

Ғорати хонаи падарарӯс як ҷавони 24-солаи сокини Душанберо барои 17 сол ба кунҷи зиндон бурд ва ӯро аз ҳамсару фарзандонаш ҳам ҷудо кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавони 24-соларо бо ҷурми ғорати 142 ҳазор доллари падарарӯсаш ба 17 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳаваси доштани мошин Шаҳбози Анварзода, сокини 24-солаи пойтахтро барои 17 сол ба кунҷи зиндон бурд. Шаҳбоз як сол пеш барои амалӣ кардани ин орзу аз дӯсташ Фаридун Атобеков се ҳазор доллар қарз гирифт. Қарзе, ки бо фоизаш дарди сари ин ҷавон ва нишастан сари чанбари мошин ба Шаҳбоз ҳамагӣ ду моҳ муяссар шуд.

Шаҳбоз, ки дар ҷое кор намекард, дар пайи таҳдидҳои пайвастаи Фаридун Атобеков, роҳи раҳоӣ аз ин қарзро дар хонаи падарарӯсаш ҷуст. Ин ҳам бо роҳи зӯровариву дуздӣ ва ташкили гуруҳи ғоратгарон. Ҳамин тавр, Шаҳбоз ва дӯстонаш бо дарёфти фурсати муносиб, сафари падарарӯсаш ба Эрон нақшаи тарҳрезикардаи ғоратро анҷом додаанд.

Гулшан Содиқова, хушдомани Шаҳбоз мегӯяд, сентябри соли гузашта шавҳару писараш дар хона набуданд ва як гуруҳи ниқобпӯш вориди манзили онҳо шудаву дасту по ва даҳони ӯ ва келини ин хонаводаро баста, аз сейфашон 132 ҳазор доллар пули нақд ва ба миқдори 10 ҳазор доллар ҷавоҳироти тиллои онҳоро бо худ бурданд. Содиқова мегӯяд, ҳеҷ бовар надошт, ки дар тарҳрезии ғорати манзили онҳо ягона домодаш Шаҳбози Анварзода ҳам даст дорад.

17 соли зиндон - барои ғорати 142 ҳазор доллари падарарӯс
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 26 январ панҷ шарики Шаҳбозро аз 1,5 то 17 сол ҳукм кард. Мирзо Одиназода, додраси ин парванда гуфт: “Додгоҳ нисбат ба Фаррух Муҳаббатов, Шаҳбози Анварзода, Фазлиддин Темиров ва Муҳммадҷони Рӯзимат бо моддаи 249, қисми 4, банди «б» дар зиндони низомаш пурзӯр аз 15 то 17 сол ва Ҳайдаров Рамазон ва Раҳимов Рустам бо моддаи 247 барои адои ҷазо дар зиндони низомаш умумӣ ба як солу шаш моҳ таъин кард. Парвандаи Фаридун Атобеков барои тафтиши дубора бозгардонда шуд.”

Тибқи ҳукми додгоҳ, ҳамаи узви ин гурӯҳи ҷиноӣ дар баробари аз адои ҷазо дар зиндон муваззаф шуданд, 120 ҳазор доллари ҷабрдидаро баргардонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки наздикони Шаҳбоз иддао доранд, ки вай ба доми фиреб афтидааст. Майсара Раҳимова бибии Шаҳбоз дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “вақте Шаҳбоз қарзи Фаридун Атобековро баргардонда наметавонад, онҳо чанд нафар маслиҳат мекунанд, ки Шаҳбоз бояд ин маблағро бо ҳар роҳе набошад аз хонаи падарарӯсаш гирифта, ба онҳо бозпас гардонад. Ҳамин тавр, Шаҳбоз зери фишору таҳдид розӣ мешавад то бо онҳо нақшаи ғоратро тарҳрезӣ кунад.”

Шаҳбози Анварзода маълумоти олӣ надошта бо ҳамсараш, ки акнун ӯро ба дуздии маблағи калони хонаи падараш айбдор медонанд, чаҳор сол зиндагии якҷоя дошт. Ӯ соҳиби се фарзанд аст. Дониёр Содиқов, падарарӯси Шаҳбоз мегӯяд, бовар надошт, ки рӯзе домодаш нисбат ба ӯ чунин кореро раво мебинад, зеро борҳо фоизи қарзи Шаҳбозро пардохт кардааст.

“Медонам, ки Шаҳбозро ин гурӯҳ бо раҳбарии Фаридун Атобеков маҷбур кардаанд, то қарзашро бо ин роҳ баргардонад. Судя онҳоро равонаи зиндон кард, вале маблағи маро ки пардохт мекунад? То имрӯз танҳо аз ҷинояткорон 20 ҳазор доллар рӯёнда гирифтам, боқимондаашро намедонам чи тавр бозпас мегардонанд,” - афзуд ҷабрдида Дониёр Содиқов.

Орзуи зиндагии беҳтар ва “кару фар” Шаҳбози 24-соларо аз хонаву оила ва 3 фарзанди хурдсолаш барои солҳои тӯлонӣ ҷудо кард. Ҳамсари ӯ баъди ин қазия хонаро фурӯхта, бо фарзандонаш ба манзили падар кӯч бастанд. Ин хонавода мегӯянд, домодашон бадхӯ набуд ва муносибаташ ҳам бо ҳамсару фарзандон хуб буд. Аммо ба бовари онҳо як кӯтоҳандешӣ ва ҳавову ҳавас ӯро аз ҳама чӣ маҳрум ва ҷинояткор кард.

XS
SM
MD
LG