Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони нави ҷавонони тоҷик алайҳи "Давлати Исломӣ"


Аслиддин Хушбахтзода

Аслиддин Хушбахтзода

​Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон бо ҳимояти молии созмонҳои нав аз ҷумлаи ҷавонон, мехоҳанд, то аз пайвастани ин қишри ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро ҷилавгирӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон созмони наве бо номи "Авангард" таъсис шудааст, ки ҳадафаш мубориза алайҳи густариши ифротгароӣ, аз ҷумла ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи тундгарои "Давлати Исломӣ" гуфта мешавад. Ин созмон аз ҷониби 15 ҷавони фаъол ташкил шуда, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз он пуштибонии молӣ мекунад.

Аслиддин Хушбахтзода, раҳбари созмони "Авангард", рӯзи 8 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳадаф аз таъсиси ин созмонро "ба ҷавонон нишон додани чеҳраи воқеии ифротгароҳо" номид. Ӯ гуфт, мақсад доранд, ки бо баргузории маҳфилҳо ва намоиши наворҳо ҳамсолони худро аз пайвастан ба сафи ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пас гардонанд.

Ин аст, ки дар ин гурӯҳ бештар ҷавонони суханвар гирди ҳам омада ва аз роҳи сӯҳбату “насиҳат” ба мушкиле, ки тамоми Тоҷикистону ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, расидагӣ кунанд. Зеро ба бовари Хушбахтзода, бо шеваи “ҳамсол ба ҳамсол” метавон ба дили ҷавонон роҳ ёфт.

Аммо бархе аз ҷавонон мегӯянд, мақомотро мебояд, иқдоме мисли барои бо ҷойи кор ва музди хуб таъмин кардани ин қишри ҷомеа, таъсиси марказҳои ёрии равонпизишкӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилоти иҷтимоӣ рӯбарӯ мешаванд, роҳандозӣ кунанд, на ин ки насиҳатҳои хушку холӣ. Акмал Саидов, ҷавоне аз шаҳри Кӯлоб, ки борҳо ба сӯҳбату вохӯриҳо дар масъалаи ифротгароӣ ва умуман мушкилоти ҷавонон даъват шудааст, мегӯяд, аксари ин мулоқот ба қавле ба шакли “протоколӣ” анҷом мегирад, ки ба дарди ҷавонони дар лаб ханда, вале дар дил ҳазор ғам намехӯрад.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, иқдоми ҷавонон хуб аст, зеро баргузории чунин чорабиниҳо пулеро байни мақомот ва ҷавонон ба вуҷуд овардааст, аммо ба гуфтаи ӯ вақти он расидааст, ки аз суханпардозиву насиҳат ба амалан ҳал намудани мушкили доғи ҷавонон пардозанд.

Баъд аз мавзеъгириҳои шадиди мақомоти расмии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” созмонҳое дар кишвар пайдо шудаанд, ки ҳар кадомашон мисли “Авангард” ҳадафи мубориза бо ДИИШ-ро доранд. Рӯзи 6 август аз сӯи “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони ҳизби ҳоким низ миёни 1500 ҷавони вилояти Суғд аксия ва ё иқдоме зери номи "Нест бод, терроризм!" роҳандозӣ шуд. Ҳамчунин ин созмон хабар дод, ки тасмим дорад, сабабҳо ва омилҳои пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро ва террористиро дар миёни ҷавонони саросари кишвар омӯзад.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ дар пайи пеш омадани ин мушкил дар якҷоягӣ бо мақомоти дигар дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Вале нозирони умур мегӯянд, ин созмонҳо зоҳиран ҳамон занбурӯғҳои баъди боронро мемонанд, ки зуд пайдо мешаванду зуд аз байн мераванд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо барои мубориза бо ДИИШ на гапи холӣ, балки амал ва пеш аз ҳама пулу нерӯ зарур аст.

Ҳамчунин рӯҳониёни тоҷик ҷанг дар Ироқ ва Сурияро “фитнаи бузург” мехонанд ва пайваста аз ҷавонон даъват мекунанд, ки аз ҳамоиш бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» парҳез кунанд. Завқибеки Саидаминӣ, як ҷавони тоҷик мегӯяд, то замоне, ки ба таъсиси чунин гурӯҳҳо ва ҳам мулоқоту насиҳатҳо аз суи муқобил вокунише шунида намешавад, ин ҳама беҳуда аст.

Вай афзуд, “он ҷавонҳое дар минтақаҳо ҷамъ мешаванду сафар мекунанд ва семинар мегузаронанд, ки ба ҷуз худашон касе намефаҳмад ва намедонад. Ба андешаи ман, фақат бо далелҳои исломӣ метавон аз ин роҳ гардонанд. Дигар рафтан ба Сурия гапи маблағ нест.”

Завқибек Саидаминӣ мегӯяд, дуруст аст, ки ҳадафи мақомот воқеан пешгирӣ аз мушкили рақами яки рӯз аст, аммо ҳанӯз ҳам шеваи дурусти мубориза алайҳи ифротгаро шудани ҷавонон рӯи даст нест. Дар зимн, то кунун бар асоси омори расмӣ беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафта, хабари марги беш аз 150 тани онҳо таъйид шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG