Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асорат ва талаби 5000$ аз як ошиқ дар Панҷакент


Акс аз як намоиши ҳиндист
Акс аз як намоиши ҳиндист

Дар ноҳияи Панҷакент ҷавонеро аз асорат раҳо кардаанд, ки ба далели робитаи ошиқонааш бо як духтари маҳаллӣ бародарони он духтар гаравгон гирифта буданд.

Дар Қафқозу кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон анъанаи арӯсрабоӣ маъмул аст. Аммо дар Панҷакент бародарони як духтар ошиқи ӯро гаравгон гирифта, талаб кардаанд, ки робитааш бо хоҳари онҳоро қатъ кунад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 26-солаи ноҳияи Айниро аз асорат дар ноҳияи ҳамсояи Панҷакент озод кардаанд. Гуфта мешавад, 4 сокини ноҳияи Панҷакент Сайёд Боқиев ном сокини ноҳияи Айниро ба далели робитаи ошиқонаи ӯ бо хоҳарашон гаравгон гирифта, дар ивази озодияш 5000 доллар талаб кардаанд.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 16 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони милисаи ноҳияи Панҷакент як рӯз пеш муваффақ шуданд, ки Сайёд Боқиевро озод кунанд. Ӯ дар маҷмӯъ 2 рӯз дар асорат қарор доштааст.

Дафтари матбуоти вазорати дохила мегӯяд, баъди он ки робитаи ошиқонаи Сайёд бо хоҳари Исмат Азимов фош мешавад, ӯ ҳамроҳи бародараш Ҷӯрабек Азимов ва ду нафари дигар - Бахтиёр Қулиев ва Шараф Қулиев - ӯро гаравгон мегиранд ва дар ҳавлии Шараф Қулиев бандӣ карда, аз наздиконаш 5000 доллар талаб мекунанд. Талаби дигари онҳо ин буда, ки Сайёд робитааш бо ин духтарро қатъ кунад.

Аммо наздикони Сайёд ба шӯъбаи корҳои дохилии Панҷакент хабар мерасонанд ва пас аз ду рӯзи асорати ӯ ҳангоми додани 2000 доллар ҳамаи 4 гаравгонгирро дар ҳавлии Қулиев дастгир ва Сайёдро аз асорати онҳо раҳо карданд.

Ин нахустин мавриди расонаишудаи гаравгонгирии як нафар ба далели робитаҳои ошиқона дар Тоҷикистон ва он ҳам бо талаби 5000 доллар барои қатъи ин равобит гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG