Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

SIPRI: ИМА ва Русия содиркунандаҳои асосии силоҳ дар ҷаҳон


Шведсия - Эмблемаи Пажуҳишгоҳи байналмилаии сулҳи Стокҳолм.
Шведсия - Эмблемаи Пажуҳишгоҳи байналмилаии сулҳи Стокҳолм.

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия ду содиркунандаи умдаи силоҳ дар панҷ соли ахир унвон шудаанд, ки асосан талаботи Осиё ва Ховари Миёнаро таъмин кардаанд. Дар ин бора Пажуҳишгоҳи байналмилалии сулҳи Стокҳолм гузориш дод.

Биноба гузориш, 33 дар сади содироти силоҳи ҷаҳонро дар аз солҳои 2012 то 2016, Амрико анҷом додааст.

Беш аз ними ҳаҷмии умумии силоҳи Амрико ба Ховари Миёна рафтааст.

Гузориш ҳиссаи Русияро аз ҳаҷми умумии содироти силоҳ дар ҷаҳон 23 дар сад ҳисоб кард. 70 дар сади силоҳҳои Русияро чаҳор давлат, Ҳиндустон, Ветнам, Чин ва Алҷазоир харидаанд.

Ба гуфтаи Пажуҳишгоҳи байналмилалии сулҳи Стокҳолм, ҷараёни интиқоли силоҳ ба Осиё, Уқёнусия ва Ховари Миёна дар солҳои 2012-2016 афзоиш ёфт ва баръакс дар ин муддат ба кишварҳои Аврпуо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанӯбӣ, ва Африқо кунд шуд.

Воридкунандаи аслии силоҳ дар панҷ соли гузашта Ҳиндустон буд, ки 13 дар сади ҳаҷми умумиро фаро гирифт. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, Ҳиндустон 68 дар сади силоҳашро аз Русия гирифтааст. Маблағи сарфкардаи Ҳиндустон панҷ баробар бештар аз оне буд, ки ин кишвар барои харидории силоҳи Амрико сарф кард.

XS
SM
MD
LG