Пайвандҳои дастрасӣ

Аввал фарзанди мансабдоронро ба артиш мефиристанд? (ВИДЕО)


Акс аз бойгонии Озодӣ

Акс аз бойгонии Озодӣ

Шаҳрдори Хуҷанд аз зердастонаш хостааст, рӯйхати фарзанди мансбадоронро тартиб дода, дар сурати имтиёз надоштанашон аввал онҳоро ба хидмат дар саффи Артиш гусел кунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, аз мақомоти маркази вилояти Суғд хостааст, феҳрист ё рӯйхати фарзандони афроди мансабдори минтақаро, ки синнашон барои хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ мувофиқ аст, тартиб диҳанд. Ӯ дар ҷаласаи рӯзи 30 сентябр гуфтааст, дар сурате ки ин ҷавонон ягон имтиёз надоранд, дар навбати аввал бояд барои хидмат ба артиш фиристода шаванд.

Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 1 октябр даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи артиш оғоз шуда, то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯянд, “план”-и тирамоҳияшон дар муқосиа ба даъвати баҳорӣ камтар буда, имкони саривақт ба артиш фиристодани ҷавонон вуҷуд дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Хуҷанд, ба раҳбарони маҳаллаҳои шаҳр дастур додааст, бо додситонӣ ва идораи пулис дар тамос буда, аз ҷалби маҷбурӣ ё “облава”-и ҷавонон худдорӣ намоянд. Солҳои гузашта бино бар сарпечии ҷавонон аз артиш, мақомоти низомӣ, зимни рейдҳои ногаҳонӣ онҳоро аз кӯчаву бозор боздошт мекарданд ва рост ба артиш интиқол медоданд. Ин амали мақомоти низомӣ боис ба интиқоди шадид дар ҷомеа шуд ва эҳтимол имсол низомиён бештар аз эҳтиёт кор бигиранд.

Масъулони Кумиссюни даъвати сарбозон ба артиш, таҳти назари муовини нахуствазири Тоҷикистон -- Марҳабо Ҷабборӣ низ мегӯянд, “облава” ё боздошти сарбозони синни хидмати аскарӣ дар кӯчаҳо сурат намегирад. Онҳо иддао доранд, дар даъвати баҳории соли равон танҳо ду мавриди боздошти ҷавонҳо дар кӯча ҷой доштааст, ки онҳо ҳам зуд ҳал шудааст. Ба қавли ёвари муовини сарвазир онҳо талош доранд, то “облава” комилан аз байн бурда шавад ва ҷавонон довталабона ва аз рӯи садоқат ба ватан ба хизмати аскарӣ бираванд.

Аммо ҳодисаҳои маргу латту кӯби баъзе аз сарбозони тоҷик дар ду соли охир зоҳиран волидонро нигарон кардааст. Вақте суҳбат аз артиш меравад, бештари онҳо аз тақдири Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт мисол меоранд, ки баъд аз адои донишгоҳ довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафта, аммо бо дасту пойи беҳаракат аз он ҷо берун омад. Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май дар Красногорски Русия ҷарроҳӣ кард ва баъдан ба табобаташ дар бемористони вилоятии Суғд идома дод. Ҳарчанд додгоҳ Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоевро, ба 9 соли зиндон маҳкум кард, вале волидони ӯ мегӯянд, беҳтар буд ин иттифоқ рух намедоду фарзандашон солиму бардам мемонд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, ҳар сол дар ҷараёни даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба камияш 15 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар мешаванд. Онҳо баъд аз ду сол ба саффи нерӯҳои захиравӣ мепайванданд ва дар ҳолатҳои мабодо метавонанд дубора ба хидмат даъват шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG