Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замоне хизмат дар артиш ифтихор буд...


Акс аз артиш
Акс аз артиш

Сармад як ҷавони тоҷик мегӯяд, пас аз бозгашт аз хизмати сарбозӣ духтари дӯстдоштааш аз ӯ руй гардонидааст.

Ба қавли Сармад волидони номзадаш нахостанд, духтарашон бо ӯ издивоҷ кунад. Зеро ба гуфтаи вай, хизмат дар сафи артиш аломати он будааст, ки волидони Сармад пул надоштанд, то ӯро аз хизмат боздоранд ва ба донишгоҳ дохил кунанд. Сармад, ки ба наздикӣ хидмати дусолаи ҳарбияшро ба поён бурд, мегӯяд талош мекард, ки мисли ҳамсолони худ дар яке аз донишгоҳҳо таҳсил кунаду аз хидмат дар сафи артиш раҳо ёбад, аммо вазъи иқтисодии оила ба ӯ ин имконро надод. Акнун ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, маҳбубааш низ аз ӯ дурӣ ҷуставу номзади ба қавле беҳтар аз ӯро мекобад, ки «дар артиши ҳарбӣ» хизмат накарда бошад.

Мавлуда Ҳотамова, модари Сармад мегӯяд, ӯ ду сол қабл писарашро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ гусел кард ва ба ӯ ваъда дод, ки пас аз бозгашт ӯро хонадор мекунад. Аммо, бехабар аз он, ки номзади писараш ҷавони хизматкарда дар артишро қабул надорад. Хонум Мавлуда мегӯяд, гумон мекард, ки писарашро баъди адои хизмат дар сафи артиш духтарони зиёде талабгор мешаванд, тавре ки бародарони бозгашта аз хизмати ҳарбияш дар замони шӯравӣ буданд. Аммо баръакс, гусели писараш ба артиш ва бозгашти ӯ, кори хонаводаи онҳоро барои интихоби арӯс ба Сармад мушкил кард.

Модари Сармад мегӯяд, се маротиба барои писараш хостгорӣ рафт, аммо волидони духтар розӣ нашуданд. Ҳамсуҳбати мо гуфт: «Гуфтанд, писари шумо хизмат кард, мо намехоҳем, домодшавандаи мо дар аксари хизмат карда бошад. Охир ёд дорам, ки солҳои пеш барои бародаронам ҳамроҳ бо модарам ба хостгорӣ мерафтем. Он замон ҷавони дар аскари хизматкарда обрӯи зиёд дошт ва қариб тамоми духтардорҳо инро мепурсиданд. Писаратон хизмати аскариро адо кардааст? Он замон обу руйи аскарӣ баланд буд. Вале имрӯз, баракс духтардорҳо кӯшиш мекунанд духтарони худро ба ҷавоне, ки хизмати сарбозӣ кардааст, надиҳанд.»

Мо бо талошҳои зиёд ҷавондухтареро ки замоне, номзади Сармад қаҳрамони гузориши мо буд, пайдо кардем. Ӯ худро шартан Дилором муаррифӣ кард ва гуфт, барояш шавҳаре писанд аст, ки маълумоти олӣ дошта бошад, зеро ӯ хатмкардаи донишгоҳ асту намехоҳад бо Сармад, ки ҷое таҳсил накардааст, хонадор шавад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, намехоҳад бо интихоби чунин шавҳар назди дӯстонаш худро нороҳат эҳсос кунад. Дилором гуфт: «Мешавад ҳолатҳое ки чунин ҷавонони нохондаро интихоб мекунем, занро намефаҳманд. Барои ҳамин ҳам розӣ нашудам. Лекин як чиз мегӯям, ки падари ман ҳам дар замони шуравӣ хизмати ҳарбиро адо карда буданд, лекин акнун асри 21 аст ҷавонҳо дигар, замон дигар.»

Дар ҳамин ҳол онҳое, ки намехоҳанд, духтарони худро ба ҷавонони хизматкарда дар сафи артиш ба шавҳар диҳанд мегӯянд, сафи артиш иборат аз фарзандони мардуми камбағал шудааст. Гулсанам, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, се домод дорад, ки ягон нафаре аз онҳо дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат накардаанд. Вай бо овардани мисол аз зиндагии ороми духтарҳояш мегӯяд, акнун духтари хурдии худро низ ба ҷавоне ба шавҳар хоҳад дод, ки мисли дигар домодҳояш хатмкарди донишгоҳ ва ҷои кори серпул дошта бошанд, на хизматкардаи сафи артиш.

Аксари ҳамсуҳбатони мо мегуфтанд ҷавононе, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд, ки ё маълумотӣ кофӣ барои шомил шудан ба донишгоҳоро надоранд ва ё маблағи заруриро. Ҷомеъашиносон мегӯянд, артиши Тоҷикистон ҳоло аз лашкари коргару деҳқон пур шудааст. Ва аксари кулли онҳо фарзандони афроди оддӣ ва бемансаб мебошанд.

Марҳабо Зунунова
Марҳабо Зунунова
Дар ҳамин ҳол Марҳабо Зунунова, раҳбари созмони «Издивоҷ ва оила» мегӯяд, теъдоди ҷавонони хоҳишманд ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон кам нест, аммо чаро комиссариатҳои ҳарбӣ ба фарзандони афроди дорову нодор, соҳибмақому оддӣ ба як чашм назар намекунанд?! Ба гуфтаи хонум Зунунова, чунин муносибат тавониста ки арзишҳо ба ин шакл дигар шаванд ва акнун ҳатто волидон намехоҳанд духтарони худро ба ҷавони хизматкарда дар сафи артиш ба шавҳар диҳанд.

Раҳбари созмони «Издивоҷ ва оила» дар суҳбат бо Радиоӣ Озодӣ гуфт: «Агар ҳама баробар мерафтанд ва хизмат мекарданд, чунин ҳодисаҳо руй намедод. Бубинед армия, армия кабағалҳо шудааст. Аз сӯи дигар шароит дар сафи артиши кишвар ҷавобгӯи талабот нест. Онҳо ҳамон нонро ба серӣ намехӯранд. Аксарашон як ваҷаб қад доранд, вай чихел ҳамон як автоматро бардорад».

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, азбаски дар ин авохир обрӯи артиш поин рафтааст, барои ҳамин модарон низ намехоҳанд, онҳо талош мекунанд, духтарони худро ба ҷавоне диҳанд, ки тавонад зиндагии беҳтаре дошта бошанд.

Ҳарчанд замони шӯравӣ барои гуселу пешвозӣ наваскарон маъракаҳои калон ороста, волидон аз хизмати фарзандон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ба қавле «фахр» мекарданд, аммо дигар ин анъанаҳо ба куллӣ аз байн рафтааст. Зеро ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, ҳоло гусели як ҷавон ба сафи артиш, ки аксаран иҷборан сурат мегирад, аъзои хонаводаи ӯ моҳҳо дар ҳолати ногувори руҳиву равонӣ қарор мегиранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари коршиносони умури низомӣ вазъи артиши Тоҷикистонро на ҳамчунон заъиф, балки тавоно ҳам арзёбӣ намекунанд. Онҳо мегӯянд, ки 23 сол барои таъсис ва тавонмандии артиши як кишвар нокифоя аст. Дар ҳоле ки ҳангоми созмон додани ин артиш, ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон дар оташи даргириҳои дохилӣ месӯхт ва дар бисоташ чизе ҳам надошт.
XS
SM
MD
LG