Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони тоҷик дар ду сангари "оштинопазир"-и баҳсҳои сиёсӣ


Платформа- яке аз майдонҳои баҳсҳои гарми ҷавонони тоҷик дар Фейсбук

Платформа- яке аз майдонҳои баҳсҳои гарми ҷавонони тоҷик дар Фейсбук

Баҳсҳои тунди сиёсӣ, ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет, зоҳиран ҷавонони тоҷикро ҳам дар ду сангари оштинопазир тақсим кардааст.

Чунин таҷзияи қишри ҷавони Тоҷикистон, бахусус дар пасманзари Зери таблиғоти афзояндаи сиёсӣ, ки ба соли интихоботи президентии Тоҷикистон рабт дорад, бисёриҳоро нигарон кардааст. Таҳлилгарон мегӯянд, “хунгармӣ”-и ҷавонон ва шиддат гирифтани таблиғоти сиёсӣ метавонад сабаби “қутбгароӣ”-и қишре гардад, ки бахши асосии ҷомеаи кишварро ташкил медиҳад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳои интернетӣ баръало дида мешавад, ки пуштибонии ҷавонон аз ин ё он симо ё созмони сиёсӣ ва ба ҳамин андоза танқиду радди онҳо ба андозае шадид аст, ки дар насли калонсоли мубоҳисон ба назар намерасад. Табъан қисме аз ҷавонон аз сиёсатҳои ҳукумат ва қисми дигари онҳо аз мухолифон ҳимоят мекунанд.

Ёқуби Саид, яке аз ҷавонони фаъоли тоҷик ба ин бовар аст, ки гурӯҳбандӣ шудани ҷавонон ба ду ҷониб, аз гурӯҳбандии ҷомеа маншаъ гирифтааст. Ба бовари ӯ, набояд аз раванди марказгурезиву қутбгароии ҷавонон изҳори нигаронӣ кард, зеро ин амал бо пайравӣ аз калонсолон ба миён омадааст.


Ёқуби Саид

Ёқуби Саид

Ин ҷавони тоҷик бо ишора ба нокомиҳо ва зиндагии душвори ҷавонон афзуд, вақте ки ҳукумат ниёзҳои насли ҷавонро нодида мегирад ва дар ҳоле ки ҷавонон ба долонҳои ин ҳукумат роҳ наёфтаву мақомдорони солманд натавонистаанд, мушкилоти кишварро ҳал кунанд, зуҳури чунин қишри “тағйирталаб” амри табиист. Вай мегӯяд, бахши аъзами ҷавонони тоҷики фаъол дар баҳсҳои интернетӣ ҷавононеанд, ки дигар бовари худро аз даст додаанд ва тадриҷан тундгаро мешаванд. Ба ақидаи Ёқуби Саид, агар ин ҷавонон ба равандҳои мӯътадили сиёсӣ ҷалб карда нашаванд, метавонанд ба равияҳои тундраве, мисли салафия ё Ҳизбут-тахрир бипайванданд.

Дар як соли охир дар шаҳри Душанбе барои баррасии тундгароӣ миёни ҷавонон ду ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гашт. Аммо ҳеҷ кадоми онҳо як хулосаи қатъиеро надод, ки оё сарчашмаи тундравии ҷавонон чист ва то куҷо доман густурдааст? Бо вуҷуди нигарониҳои ҳукумат, коршиносон мегӯянд, шумораи ҷавонони тундрав дар кишвар чандон зиёд нест.

Ҳарчанд бисёриҳо бар инанд, ки ҳанӯз ягон нерӯи сиёсӣ дар Тоҷикистон натавонистааст, ҷавононро таккону таҳрик диҳад, сиёсатшиноси ҷавон Маҳкам Ҷобиров мегӯяд, шумораи ифротгароён муҳим нест, балки амалкарди онҳо метавонад дар лаҳзаи ҳассос ҳалкунанда бошад. Ба фикри ӯ, имрӯз ки Тоҷикистон барои таблиғи ҳар гуна идея фазои боз дорад, ҷавонон бояд дар интихоби роҳи худ аз эҳтиёт кор гиранд. Ӯ бо ишора ба маъракаи сиёсии пешазинтихоботӣ дар кишвар гуфт, ҳарчанд ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ мехоҳанд, ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб кунанд, то ҳол бештар аз ҳама ҳизби ҳоким тавонистааст, бо имконоти фаровони маъмуриву таблиғотӣ дар ин ҷода муваффақ бошад.

Аммо, меафзояд ин коршинос, шиддат гирифтани таблиғоти сиёсӣ мумкин аст, дар ин фазо тағйири куллиеро ба миён орад: «Камбуди маблағ, яъне мушкилоти иҷтимоӣ, имрӯз метавонад ҷавононро ба ҳар самт равона бикунад. Зеро гурӯҳҳои мухолиф барои бартараф кардани мушкили онҳо бисёр чизҳо ваъда мекунанд. Ҳавасмандкуниҳо, таблиғоти барзиёд. Шояд давлат натавонист онҳоро таъмин кунад, шояд хонавода тарбияи хуб дода натавонист, монанд ба ҳамин.»

Ҳамзамон ба он ишора мешавад, ки дидорҳои мунтазами раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон низ майли як бахши ин қишри ҷомеа ба ақидаҳои ин ҳизби мухолифро бештар кардааст. Аммо, ба сурати умум, ҷавонон дар сиёсати воқеии кишвар зиёд намудор нестанд ва ҳузури онҳо бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чашм мехӯрад. Онҳо ҳарчӣ озодонатар ақидаҳои худро дар бораи вазъи сиёсӣ ва интихоботи ояндаи президентӣ баён медоранд. Дар шарҳу шиорҳои онҳо ё аз ҳукумат ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шадидан дифоъ мешавад ё баръакс ҳукумат ва президент ба сурати тунд ҳадафи танқид қарор мегиранд.


Маликшо Неъматов

Маликшо Неъматов

Дар ҳоле ки мунтақидон сиёсати давлатро дар баробари ҷавонон ба “шиоргунаву беамал” меноманд, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзишу сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон Маликшо Неъматов мегӯяд, дар давраҳои ҳассос ҷавонон, ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, бояд аз имтиёзҳое, ки давлат барояшон пешниҳод кардааст ,истифода кунанд ва ба таблиғоти гурӯҳҳое, ки ҳадафи халал овардан ба амнияти кишварро доранд, рӯ наоранд: «Бубинед, ҷавонон қариб тамоми имкониятҳоро доранд, аз он истифода мекунанд, аммо боз мегӯянд, ки ин давлат барои мо чӣ коре анҷом додааст? Вақте ҷавон 20 ё 25- сола аст, боре ба худаш суол намедиҳад, ки ман кӣ ҳаста ва, чӣ коре барои ин Ватан кардам? Дар ҳама кишвархои пешрафта низ ҷавонон мушкил доранд.»

Аммо Ҷалолиддин Аҳмадов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар ду даҳаи охир дар Тоҷикистон идеологияе шакл нагирифт, ки ҷавононро, қатъи назар аз дидгоҳҳои сиёсияшон, бо ҳам муттаҳид кунад. Ба бовари ӯ, ин ҳолат ба аксари кишварҳои Шӯравии пешин хос аст, ки идеяи муттаҳидкунандаро пайдо накардаанд ва ин боиси нуфузи бештар пайдо кардани ақидаҳои гуногун ва аз ҷумла идеологияи гурӯҳҳои ифротӣ дар байни қишри ҷавони ин кишварҳо шудааст: «Бубинед мо миллатгароиро гирифтем, нашуд, нақш бозида натавонист, Исмоили Сомонӣ гуфтем, ориёӣ ҳастем, - гуфтем, аммо ҳамааш дар забон буд ва дар воқеъ моро мутаҳҳид карда натавонист. Баъд дигар ин ки чаро ҷавонон қутбгаро шуданд? Охир ҷое ки шароити хубро барои ҷавон пайдо намекунад, дар дохили ватан ба додаш касе намерасад, пас меравад ба ҷое ки зиндагии хуб дорад ё ақалан ваъдаи чунин зиндагӣ.»

Маликшоҳ Неъматов аз ҷавонон даъват мекунад, ки ба ҷои сарфи беҳудаи нирӯи худ дар баҳсҳои сиёсӣ аз пайи коре бираванд, ки сатҳи зиндагиашонро беҳтар кунад. Аммо ҷавонон мегӯянд, талошҳои онҳо на ба хотири барангехтани хусумат ё ноамнӣ ваё “сарфи беҳудаи нирӯ”-ст, балки онҳо ислоҳоту пешрафт ва таҳияи шароит барои як зиндагии беҳтарро мехоҳанд. Зиндагие ки ба бовари онҳо, дар асри 21 бояд кайҳо ҷомаи амал мепӯшид, вале дар Тоҷикистон ҳамчунон дар кӯлбори ваъдаҳои “ояндаи дурахшон” боқӣ мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG