Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ДОИШ дар ивази бозгашти Гулрӯ ба Тоҷикистон 3 тифлашро хостааст


Шиносномаи Гулрӯ Олимова

Шиносномаи Гулрӯ Олимова

"Давлати исломӣ" ба Гулрӯ Олимова, шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, баъди марги ҳамсараш дар Ҳалаб шарт гузоштааст, танҳо дар сурати ба онҳо додани се кӯдакаш метавонад он ҷоро тарк намояд.

Гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-и собиқ ба як зани 25-солаи тоҷик шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ба ихтиёри онҳо гузоштани се кӯдаки ноболиғаш метавонад, Сурияро тарк намояд. Гулрӯ Олимова - зодаи шаҳри Кӯлоб соли гузашта бо фарзандони ноболиғ ва ҳамсараш Лоиқ Раҷабов аз Русия ба Сурия рафта буд.

Олимова дар тамос ба модар ва хусураш гуфтааст, Лоиқ Раҷабов рӯзи ҳафтуми майи соли ҷорӣ дар пайи як ҳамла кушта шуд ва ҳоло ӯ дар батнаш тифли шашмоҳа дорад. Майрамбӣ Олимова, модари ин ҷавонзан, рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ гуфт, духтараш баъди марги ҳамсараш аз "амире дар Ҳалаби Сурия" иҷозаи бозгашт ба ватан кардааст, аммо ин амир ба ӯ гуфтааст, "ду духтар ва як писари хурдсолаш моли "Давлати исломӣ"-янд ва аз ин рӯ онҳоро гузошта, худаш танҳо ба ватан баргардад."

Майрамбӣ Олимова

Майрамбӣ Олимова

Аммо Олимова мегӯяд, гурӯҳи "Давлати исломӣ" зоҳиран ба хориҷ шудани духтараш аз Сурия ризо нест ва барои ҳамин чунин шарти мушкилро пеш гузоштааст.

"Духтарам гуфт, Лоиқ шаҳид шуд. Ман гуфтам, Худо медонад, ки ӯ шаҳид шуда бошад. Ҷони се кӯдаку як зани ҳомиларо дар хатар гузошта, худатро ба куштан диҳӣ магар ин шаҳид шудан аст? Ӯ ҳамон рӯз се бор занг зад ва гуфт, шояд то 4 моҳи дигар занг зада натавонад. Чор моҳу даҳ рӯз бояд азо бигирад. Ӯ аз он тараф гирист, ман аз ин тараф. Гуфт, оча, чӣ тавр ин се кӯдакамро ин ҷо гузошта ба ватан биоям? Бе инҳо аз ҷоям ҷунбида наметавонам,"--нақл кард Майрамбӣ Олимова.

Қаблан М.Олимова аз Бағдодӣ хоста буд, духтарашро баргардонад

Ин зан мегӯяд, Гулрӯ ҳамроҳ бо се тифлаш дар деҳе дар канори Ҳалаб зиндагӣ мекардааст, ки ба марзи Туркия наздик аст. Гулрӯ ба модараш гуфтааст, ҳоло дар як хонаи сеҳуҷраӣ, ки соҳибонаш номаълум ба куҷо рафтаанд зиндагӣ мекунад ва намедонад, ки тақдири ӯву фарзандаш чӣ хоҳад шуд.

Лоиқ Раҷабов, сокини 32-солаи шаҳри Кӯлоб моҳи сентябри соли 2014 ҳамсару се фарзандашро ба қасди муҳоҷират ба Русия бурда ва ба гуфтаи наздиконаш моҳи ноябри соли гузашта аз Сурия тамос гирифтааст. Духтари хонум Олимова гуфтааст, Лоиқ ҳамроҳ бо 25 тани дигар, ки ба иддаои ӯ миёнашон тоҷикон низ будаанд, дар як амалиёт кушта шудаанд. Ин ҷавон бо номи "Абу Умар" дар ҷангҳои Сурия ширкат мекард ва хабари кушта шуданаш дар ҳолест, ки сомонаҳои марбут ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" 10 май навореро нашр карданд, ки аз кушта шудани як гурӯҳ дар амалиёте хабар медиҳад.

Шерафкан Раҷабов, падари ин ҷавон низ мегӯяд, келинаш бо онҳо тамос гирифта, аз марги писарашон хабар додааст. Мақомоти интизомии Кӯлоб низ мегӯянд, онҳо хабари марги ин ҷавонро аз наздиконаш шунидаанд ва ҳоло ҳеч маълумоти дигаре дар мавриди марги ӯ надоранд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон гуфт, аз хонаи падари ин ҷавон парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо кардаанд, ки ба гуфтаи наздиконаш онро Лоиқ қабл аз сафараш ба девори манзили зисташ овехта будааст.

То ҳол нисбат ба 40 ҷавони сокини вилояти Хатлон барои ширкат дар Cурия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки якеи онҳо Лоиқ Раҷабов буд. Теъдоди ҷавонони тоҷик дар Сурияро бештар аз 300 нафар ва шумори кушташудагонро расман ҳудуди 60 нафар медоданд. Бо кушта шудани Лоиқ Раҷабов, Гулрӯ Олимова чорумин зани тоҷик аст, ки ба гуфтаи наздиконашон дар Сурия бева мондаанд. Се зани дигар гуфтаанд, баъди ҳалок шудани шавҳарони тоҷикашон гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" онҳоро ба касони дигар ба шавҳар додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG