Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳод Калонов: “Парчами Тоҷикистонро аз Чикаго то Лос-Анҷелес мебарем”


Гурӯҳе аз мотосиклронҳои тоҷик ният доранд, 8 ҳазор километрро бо мотосикл ва парчамҳои Тоҷикистон бигарданд. Саёҳати онҳо аз Душанбе оғоз меёбад, аз Бухоро мегузарад ва то ба шаҳрҳои Тифлис Грозний, Сочи ва дигар шаҳрҳои Русия мерасад.

Фарҳод Калонов, раиси ҷамъияти мотосиклронҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз ин саёҳати тулонӣ ва хатарноки гурӯҳе аз ҷавонони дучархасавори тоҷик, ки 8 ҳазор километрро дар бар хоҳанд гирифт, тағйир додани ақидаҳои нодуруст дар бораи Тоҷикистон аст. Ӯ дар бораи идеяи саёҳат бо мотосикл ва бо парчами миллӣ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Чаро якбора тасмим гирифтед, 8 ҳазор километрро бо парчами Тоҷикистон ва бо шиори “Мо тоҷикем” тай кунед?

Фарҳод Калонов: “Ман чандин сол аст, ки ба саёҳат бо мотосикл шуғл меварзам, дар ин солҳо кишварҳои зиёдеро тай кардам. Ҳар ҷое, ки рафтам, миллатҳои дигарро дидам, ки бо мотосикл саёҳат мекунанд, ба истиснои тоҷикон. Барои ҳамин фикр кардам, ки бояд сатҳи маърифату обрӯи ҷавонони тоҷикро боло бардорем. Ман ҳарҷое, ки наравам, парчами Тоҷикистонро бо худ мебарам ва ин кори ман ҳамсояҳои моро ба ҳайрат меорад. Дар муддати се соли ахир дастаи мотосиклронҳои мо ҳар ҷое, ки рафт, бисёр маъруф шуд ва моро барои ҳамин бисёр даъват мекунанд. Мо асосан ба Қирғизистон Узбакистон ва Қазоқистон меравем ва барои ҳамин ман фикр кардам, чаро мо ба кишварҳои дигар бо мотосикл дуртар сафар накунему парчами Тоҷикистони худро то охири Русия ва то Севастопол набарем. Ҳамингуна идеяи пойгаи мотосиклӣ ба сарам омад ва мо қарор кардем, ки бо парчамҳои Тоҷикистон 8 ҳазор километрро тай карда, аз 9 кишвар ва аз 428 шаҳр гузарем. Ва мо мехоҳем, ба ҳамин восита ба кишварҳои ҳамсояи худ нишон бидиҳем, ки мо низ ҳастем, мо ҳам метавонем ва ҷавонони тоҷик, ҷавонони ба русӣ гап мезананд ва донишу ҳамачизи дигарро доранд. Ман мехоҳам, боварҳои беасос дар бораи Тоҷикистонро аз байн барам, се чаҳор сол аст, ки кӯшиш дорам, ин боварҳоро аз байн барам. Мо ҳамингуна идеяи ҷолибе дорем.”

Радиои Озодӣ: Саёҳати шумо аз қаламрави кадом кишварҳо сурат мегирад?

Фарҳод Раҳимов: “Тақрибан 9 кишвар. Узбакистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Абхозистон, Русия. Яъне аз 428 шаҳр мегузарем. Аз чаҳор баҳр убур мекунем ва тақрибан 8 ҳазор километрро тай мекунем. “

Радиои Озодӣ: Мотосиклронӣ дар байни тоҷикон зиёд нест ва дар саёҳатҳои пешинаи шумо дар дигар кишварҳо, раҳгузарон бовар мекарданд, ки шумо аз Тоҷикистон ҳастед?

Фарҳод Калонов: “Ингуна ҳолатҳо бисёр буд, вақте мо ба ҷое мерасидем, дар атрофи мо мардум ҷамъ шуда мепурсиданд, ки шумо аз куҷо, ҳастед, чӣ кор мекунед, ба куҷо меравед ва ғайраву ҳоказо. Бовар намекарданд, ки мо тоҷик ҳастем. Вақте мефаҳмиданд, ки мо тоҷик ҳастем, озодона русӣ гап мезанем ва дар бораи тамоми мавзӯъҳо сӯҳбат мекунем, ҳайрон мешуданд. Баъд дар бораи Тоҷикистон мепурсиданд. Ман ҳангоми сафарҳоям, сайёҳони кишварҳои дигарро даъват мекунам, ки ба Тоҷикистон биёянд. Ман мехоҳам, ки саёҳат бо мотосикл дар кишвар рушд, кунад, чунки мо кишвари зебое дорем. Кӯҳу рӯдхонаҳои зиёд ва табиати зебо дорем, чизе ки кишварҳои дигар надоранд. Бисёре аз онҳо меоянд, 4 -5 ҳазор километрро тай карда меоянд, ки Помиру Бадахшон, Душанбеву Варзоб ва Ҳисорро бубинанд. Ман ба он сайёҳон кӯмак мекунам, ки маконҳои хубро бубинанду ҷаҳонбиниашон тағйир ёбад ва ба ватанашон баргашта бигӯянд, ки Тоҷикистон кишвари олист, ки метавонед ба онҷо биравед ва истироҳат кунед. Ҳамингуна кӯшиш мекунам, ки саёҳат бо мотосикл дар Тоҷикистонро эҳё намоям.“

Радиои Озодӣ: Ба хориҷаи дур сафар кардаед ва ё фақат дар кишварҳои наздик будед?

Фарҳод Калонов: “Ба хориҷаи дур нарафтаам, вале чанд дафъа дар Бишкек, Тошканд, Алмаато, Уш ва Чимкент будам. Моро клубҳои мотосиклронҳо дар ин шаҳрҳо бисёр даъват мекунанд ва мо бо дастаи чаҳорнафарии худ меравем ва ба ин шаҳрҳо бисёр сафар кардаем. Ният дорем, охири моҳи июл ба Қрим, ба Севастопол биравем. Ин яке аз сафарҳои дуртарини мо мешавад ва агар ҳама чиз дуруст пеш равад, қасд дорем аз шаҳри Чикагои Амрико то ба Лос-Анҷелес бо мотосикл ва парчамҳои Тоҷикистон саёҳат кунем, то дар Амрико ҳам бидонанд, ки Тоҷикистон чӣ гуна кишвар асту дар куҷо аст. Нақшаи мо дар ин мавсим ҳамин аст.”

Радиои Озодӣ: Баъзан шикоят мешунавем, ки ҳангоми убури марзҳо дар худи кишварҳои Осиёи Марказӣ, сокинон дар марз ва дар роҳҳо ба мушкилу дарди сар гирифтор мешаванд. Ягон дафъа ингуна ҳолат бо шумо пеш омадааст?

Фарҳод Калонов: “Ман дигаронро намедонам, вале мо мотосиклронҳо ба меҳмонии дӯстони худ мотосиклронҳо меравем, бачаҳое, ки мисли худамон ҳастанд. Ман ҳеҷ гоҳ дар Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ягон мушкиле надоштам. Баръакс ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ доштем ва ба якдигар ёрӣ расондаем. Вақте онҳо ба Тоҷикистон меоянд, мо тамоми корро мекунем, ки онҳо бо вақти хуш ва хотираҳои хуш аз Тоҷикистон баргарданд. Вақте мо меравем, моро низ рӯи даст мегардонанд, ки тоҷикон омаданд. Мардуми зиёд ҷамъ мешаванд, сӯҳбат мекунем, аз мо мусоҳиба мегиранд, аз ман борҳо дар он кишварҳо мусоҳиба гирифтаанд ва дар бораи мо навиштаанд. Яъне, мо ягон мушкиле надоштем. Албатта пеш аз сафар бояд омода шуд, чунки кишвари бегона аст, бояд тамоми санадҳоро дошта бошӣ, қонунҳояшонро донӣ, рафтори намунавӣ дошта бошӣ ва касеро сархам накунӣ. “

Радиои Озодӣ: Шумо ба соҳибкорону муассисаҳо муроҷиат кардед, ки барои саёҳати 8 ҳазор километр ба шумо кӯмак кунанд, аз касе ҷавоб гирифтед?

Фарҳод Калонов: “Мо бо ширкати “Мегафон” гуфтӯгу дорем ва агар онҳо ба кӯмак кунанд, бисёр хуб мешавад. Мағозаи “Шикорчӣ”, бузургтарин мағозаи махсус барои сайёдон низ ба пешниҳоди мо таваҷҷӯҳ кард. Онҳо мехоҳанд ба мо бо хайма ва ҷойхоб ва дигар абзори лозимӣ барои саёҳат ёрдам кунанд. Ҳоло мунтазири посух ҳастем, ки кӯмак кунанд, агар иҷоза бошад аз тариқи радиои шумо ҳам даъват кунам, ки моро дар ин кори ватандӯстона дастгирӣ кунанд. Ин саёҳат осон нест, чунки роҳи дароз, харҷи зиёд мехоҳад. Агар ба мо кӯмак кунанд бисёр хуб мешавад, мо инро танҳо барои ватанамон мекунем. Ҷони худро дар хатар мегузорем ва аз ҳар роҳи маълуму номаълум мегузарем, умедворем ёрдам расонанд. Агар кӯмак кунанд олӣ мешавад, вале агар накунанд ҳам мо худамон ба ҳайси ҷавонони ватандӯст ва барои пешрафти ватан ин корро анҷом медиҳем. “

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG