Пайвандҳои дастрасӣ

Як "ҷиҳодии" дигари тоҷикро дар Сурия куштанд


Ин гурӯҳи ҷавонони тоҷик бо нашри видеое мегуфтанд, ки барои ҷиҳод ба Сурия рафтаанд.

Ин гурӯҳи ҷавонони тоҷик бо нашри видеое мегуфтанд, ки барои ҷиҳод ба Сурия рафтаанд.

Як ҷавони дигари тоҷик ҳангоми бозгашт дар марзи Сурия бо Туркия кушта шудааст. Сарнавишти бародараш, ки бо ӯ будааст, маълум нест.

Ҳангоми бозгашт аз ҷанги Сурия як ҷавони тоҷик дар марзи Туркия кушта шудааст. Сокини 22-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон чаҳор моҳ пеш бо бародараш аз Русия ба Туркия ва сипас ба Сурия рафтаанд, аммо ҳангоми бозгашт як гурӯҳи мусаллаҳи номаълум ба онҳо ҳамла мекунад ва он ҷавонро мекушад.

Як мақоми расмии ҳукумати Фархор гуфт, хабарро бародари зиндамондаи ҷавон ба падараш расонидааст, вале маълум нест, ки худаш аз Сурия берун шудааст ва ё на. Мусоҳиби мо, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, падари ин ду ҷавон гуфтааст, писаронаш фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ шуда ба Сурия рафтааанд ва пушаймон шуда, хостаанд, ба ватан баргарданд, ки чунин иттифоқе рух додааст.

Ин мақоми расмии ҳукумати ноҳияи Фархор афзуд, мақомот талош доранд, ки бародари зиндамондаи ҷавон ба ватан бозгардад. Падари ин ду нафар низ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, то бозгашти фарзандаш ва пурра фаҳмидани воқеият намехоҳад, аз фарзандону хонаводааш ном бурда шавад. Ҳарчанд номи ҷавони фавтида ва синну соли ӯ ба Радиои Озодӣ маълум аст, аммо бинобар хоҳиши падараш номашро ошкор намекунем.

Тасдиқи хабари ҳалокати як ҷавон аз Сурия дар роҳ ба ватан аз манобеи дигар номумкин аст, аммо тайи чанд моҳи ахир бештар аз даҳ ҷавони тоҷик аз Сурия ба ватан баргаштаанд. Баъзе аз ин ҷавонон гуфтаанд, ки гумроҳ шуда ба Сурия рафтаанд ва аз ин зуд ба ватан баргаштаанд.

Олимҷон Пулодов, сокини вилояти Суғд, яке аз онҳоест, ки аз Сурия ба Тоҷикистон баргаштааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, зери таъсири таблиғи як гурӯҳи ифротӣ монда, ба Сурия рафт ва танҳо он ҷо иштибоҳи худро фаҳмида, ба ватан баргашт. Олимҷон бо ранҷи зиёде аз Сурия вориди Туркия шудааст ва сипас бо кӯмаки сафорати Туркия ба Тоҷикистон расидааст.

Пеш аз бозгашт кормандони мақомоти умури дохила ба ӯ ваъда додаанд, ки ҳангоми бозгашт аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод хоҳад шуд. Пулодов мегӯяд, тоҷикони дигарро низ дар Сурия дидааст, ки баъзеашон мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, аммо аз тарси ҷазо гирифтан, намеоянд:

«Бисёре аз онҳо худашонро намехоҳанд, шинос кунанд, ҳарчанд, аз сӯҳбаташон маълум аст, ки тоҷиканд. Лекин маълум аст, ки аксарашон пушаймонанд, ҳарчанд, ба забон намегӯянд, ки бармегардем. Агар бовар кунанд, ки ҷазояшон намедиҳанд. Бовар дорам, ки ҳамаашон бармегарданд. »

Ин ҷавон соҳиби як фарзанд аст ва мегӯяд, ҳоло хушбахт аст, ки дар паҳлӯи ҳамсару фарзанд ва волидон қарор дорад. Ба ҷуз Олимҷон Пулодов, тайи чанд моҳи ахир дар телевизиони Тоҷикистон сӯҳбати ҷавонони аз Сурия баргашта, нашр шуд, ки ҳамагӣ худро «гумроҳшуда ва сахт пушаймоншуда» унвон мекарданд. Комилҷон Шукуров, аз ҷавонони дигар буд, ки зимни сӯҳбат дар шабакаҳои телевизонӣ аз рафтанаш ба Сурия изҳори пушаймонӣ мекард.

Саидҷон Салимов, муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии Хатлон мегӯяд, Бахтиёр Сафаров, ки аз Сурия баргашта дар як парванда ба ҳайси шоҳид пурсида шуд. Ба қавли додситон, ба ин ҷавонон, ки дар шароити сангин дар Русия кор мекунанд, гурӯҳҳои манфиатҷӯ «биҳишт» ваъда мекунанд, аммо онҳо бо вуруд ба Сурия ба «дузах» рӯ ба рӯ мешаванд:

«Аз нақли Бахтиёр Сафаров бармеомад, ки онҳоро фиреб додаанд. Ҷои хоби дуруст надоштаанд ва хӯроки хуб ҳам. Ба онҳо муносибати нағз ҳам набудааст. Танҳо ин ҷавон дар Сурия мефаҳмад, ки ин ҷо ҷиҳод нест. Худаш гуфт, ки вақте дид кӯдакону занони бегуноҳро мекӯшанд, дилаш монд ва бо азобе ба ватан баргашт. »

Бозгашти шуморе аз ҷавонон аз Сурия дар ҳолест, ки дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағийру иловаҳо ворид шуд ва барои онҳое, ки дар хориҷи кишвар дар сафи нерӯҳои ғайриқонунӣ меҷанганд, аз 12 то 20 соли ҷазо муқаррар карданд.

Аммо Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд чанде пеш дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳар нафаре, ки худаш аз Сурия баргашта, ба мақомот таслим мешавад, ҷазо намегирад:

“Бо истифода аз фурсат аз васоити ахбори омма хоҳиш менамоям, бирасонанд, ки ҳар ҷавоне, ки гумроҳ гашта, ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистиву террористӣ шомил шудаанд, агар онҳо ихтиёран ба ватан баргашта, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баёнот диҳанд, парвандаҳо боз карда намешавад.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ҳудуди 200 нафар ҷавонони тоҷик дар Сурия алайҳи режими Башшор Асад, президенти кунунии ин кишвар меҷангаданд ва дар сурати бозгашт метавонанд, барои амнияти миллии Тоҷикистон хатар эҷод кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG