Пайвандҳои дастрасӣ

Хуршед Маҷидов, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Руминия медали тилло ба даст овард.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 9-10 май дар шаҳри Клаҷ Напокаи Руминия баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид. Вай дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Ричард Вакзулик (Маҷористон), Александр Крсманович (Босния ва Ҳерсеговина) ва Владимир Костик (Сербия) ба финал баромад. Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Кристоф Фабос аз Маҷористон пирӯз шуд ва барои ҷойи аввал бо Ҷоми Аврупо ва медали тилло сарфароз гашт.

Дар ин мусобиқа ба ҷуз Хуршед Маҷидов Тоҷикистонро боз ду гуштигири ҷавон намояндагӣ карданд. Ҷамолиддин Абдуллоев дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди се пирӯзӣ бар Харалампос Зинонос (Кипр), Лукас Саҳа (Финляндия) ва Бернат Мезел (Маҷористон) дар даври баъдӣ аз Эндре Гуникс (Маҷористон) мағлуб гашт. Баъдан ӯ бар Берат Кимок (Туркия) ва Марко Гусик (Монтенегро) ғолиб омад. Вале Ҷамолиддин барои ҷойи сеюм аз Лука Каггиано (Италия) шикаст хӯрд ва дар натиҷа соҳиби мақоми панҷум шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кг), ки дар даври аввал бар Павел Марин (Кипр) ғолиб омад, дар даври дувум аз Сезар Зелли (Италия) мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза барои медал бенасиб монд.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Руминия 484 варзишгар (292 писар ва 192 духтар) аз 28 кишвар иштирок дошт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Украина бо касби 9 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Маҷористон (3-1-3) ҷойи дувум ва мунтахаби Руминия (3-1-1) ҷойи севумро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло ва як ҷойи панҷум дар байни 28 кишвар дар ҳисоби умумидастаӣ ҳафтум ва дар сабқати писарон панҷум шуд.

Ёдовар мешавем, Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон, ки рӯзҳои 2-3 май дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуда буд, соҳиби медали нуқра гардидааст. Вай дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Марио Гентнер (Олмон) ва Энеҷ Мариник (Словения) ва Кемал Каитов (Русия) ба финал баромад. Вале Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG