Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cуиқасд ба ҷони Мулло Хайриддин дар Маскав


Домулло Хайриддини Абдуллоҳ
Домулло Хайриддини Абдуллоҳ

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз суиқасд ба ҷони фақеҳи ҷавон Хайриддини Абдуллоҳ (Достаков), ки шоми 7 август дар шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайвастааст, шадидан изҳори нигаронӣ мекунад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳодисаи суиқасд ба ҷони олими ҷавони соҳаи дин Хайриддини Абдуллоҳ (Достаков), ки шоми 7 августи соли равон дар наздикии метрои "Рязанский проспект"-и шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайвастааст, шадидан изҳори нигаронӣ мекунад. Дар паёме аз тарафи намояндаи расмии ин сафорат Муҳаммади Эгамзод, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шуд, гуфта мешавад, масъулони сафорат рӯзи 8 август чанд бор дар Бемористони ба номи Склифосовский буданд ва бо духтури навбатдор Андрей Пивен сӯҳбат доштанд.

Вазъи Хайриддин, ки шахсони номаълум ӯро чанд корд задаанд, то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад. Аммо, шоми 8 август, ҳангоми суҳбати телефонӣ духтури навбатдор ба ҷаноби Эгамзод гуфтааст, "Хайриддин ба худ омадааст, ки ин як шӯълаи умед барои шифо ёфтанаш аст."

Масъулони Сафорат, инчунин, бо мақомоти пулиси Маскав мулоқот дошта ва аз ҷузъиёти ин қазия пурсидаанд. Маълум шудааст, ба номбурда дар наздикии метрои "Рязанский проспект"-и пойтахти Русия, ки манзили зисташ дар он ҷо будааст, чанд нафари ношинос дарафтода ва бо чанд зарбаи корд ӯро аз по афтондаанд. Барои пажӯҳиши ин воқеа парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Муҳаммади Эгамзод менависад, ки Хайриддини Абдуллоҳ, ё Мулло Хайриддинро ба хубӣ мешиносад. "Нафари аз дониши хуби исломӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ бархӯрдор аст. Нафарест, ки солҳо боз дар миёни ҷавонону наврасон дар мавриди исломи анъанавӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳанги таҳаммулпарварӣ сӯҳбатҳо мекунад ва ҳамеша алайҳи равияву гурӯҳҳои ифротиву радикалӣ, ки Исломро бадном мекунанд, садо баланд менамояд. Ӯ муаллифи мақолаву андарзҳои саршори ҳикмати диниву ахлоқист, ки барои муҳоҷирони мусулмонтабор дар нашрияҳои мухталиф дар Русия, аз ҷумла дар "Тоҷикони Россия" ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам чоп мешуданд."

Сафорати Точикистон дар Русия аз мақомоти пулиси Маскав тақозо намудааст, ки ҳарчи зудтар таҳқиқоти ин қазияро ба анҷом бирасонад, гунаҳкорони ин суиқасдро дастгир ва муҷозот намояд.

Изҳоpи нигаронӣ аз вазъи Хайриддини Абдуллоҳ, ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи муҳоҷирони тоҷик дар Русия садо медиҳад. Аз ҷумла, яке аз фаъолони ҳаракати муҳоҷирони тоҷик дар Русия Иззат Амон дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст: "Домулло Хайриддин дар суҳбатҳои худ доимо ҷавонони тоҷикро ба дур будан аз гуруҳҳои такфирӣ ва ҷиҳодӣ даъват мекард. Ин буд, ки гуруҳе бо хашму ғазаб доимо бо ӯ баҳс намуда, ба ҷонаш таҳдид мекарданд. Вале мо ин таҳдидҳоро ҷиддӣ намегирифтем."

Корбари дигари Фейсбук Ҷамолиддини Ҷумъа менависад, "то он ҷое, ки Мулло Хайриддинро мешиносам, инсонест самимӣ ва заҳматкаш. Кӯшиши худро ба харҷ мебурд, то қатрае аз фарҳанги тоҷикиро барои мардуми рус ба намоиш гузорад." Аммо гурӯҳе дигар дар пасманзари ин хабар ӯро ба пайравӣ ва ҷонибдорӣ аз аҳли ташшаюъ муттаҳам кардаанд.

Хайриддини Абдуллоҳ 30 сол дошта, раҳбари бахши динӣ ва фарҳангии Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст. Ва ин бори дувум аст, ки ба ҷони ӯ суиқасд сурат мегирад. Бори аввал моҳи марти соли 2012 афроди ношинос ӯро мавриди латту кӯб қарор дода буданд.

XS
SM
MD
LG