Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

БҶ: Насли калонсоли тоҷик аз ҷавонон дониши беҳтар дорад


Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ гуфтааст, дар ду даҳсолаи охир сатҳи донишомӯзии аҳолии Тоҷикситон поин шудааст.

Бо ин далел, дар ин гузориш гуфта шудааст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки насли ҷавон нисбати насли калонсол донишу малакаи паст доранд. Тибқи ин гузориш, дастрасии аҳолии камбизоати Тоҷикистон ба макотиби олӣ хеле кам аст ва 72 дарсади донишҷӯёни мактабҳои олӣ, аз оилаҳои доро будаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони ахиран ЮНИСЕФ гуфт, як қисми хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар Тоҷикистон дур аз таҳсил мондаанд. Аммо масъулини соҳаи маорифи Тоҷикистон мегӯянд, имрӯз фақат ҳудуди 5 дарсади наврасони синни мактабӣ аз таҳсили ҳатмӣ дур мондаанд. Аз 2630 нафари маҳрум аз таълим, 1479 нафараш духтарон будаанд. Бино ба омори ин ниҳод бештар аз ҳама дар вилояти Хатлон ин мушкил ба назар мерасидааст.

Як пажӯҳиш ахир муайян кардааст, ки на ҳама хонандаҳое ҳам, ки ба мактаб ва ҳатто донишгоҳ фаро гирифта мешаванд, соҳиби хату савод ва дониши босифатанд. Созмони таҳқиқотии «Сотсервис» бо анҷом додани як як пурсиш дар миёни беш аз 2 ҳазор ҷавони дорои маълумоти мухталиф ба хулосае омадааст, ки аз ин теъдод танҳо 3 дарсад саводнок ва ҳудуди 30 дарсади дигар бо маълумоти олӣ ё миёна хату саводи зарурӣ надоранд ва ё аз ӯҳдаи оддитарин ҳисобу китоби математикӣ намебароянд.

Ҷамшед Қудусов, раҳбари созмони таҳқиқотии «Сотсервис» дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт: «Мо пурсидем аз ҷавонон, ки онҳо хонда метавонанд? Навишта метавонанд? Ё бе калкулятор ҳисоб карда метавонанд? Буданд шахсоне, ки бо дипломӣ олӣ гуфтанд, ҳисоб карда наметавонанд, як матни оддиро фаҳмида наметавонанд. Ин масъала хеле муҳим аст. Аз нигоҳи назари маҳз сифати таълим. Аз ҳамин 27 фоиз 9 дар садаш ҳисобу китобро намедонанд.»

Ба ақидаи таҳлилгар Ҷамшед Қудусов, имрӯз бояд бештар аз ҳама масъулини соҳаи маориф ба сифати таълим дар мактабҳои миёнаву олӣ таваҷҷӯҳ кардаву аз пайи роҳандозии чораҳои зарурӣ бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG