Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирӯз Ёқубов – парчамбардори Тоҷикистон дар Нанҷинг


Tajik young athletes
Tajik young athletes

Фирӯз Ёқубов парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, Фирӯз Ёқубов, қаҳрамони Осиё оид ба гуштии озод байни наврасон, Парчами миллии Тоҷикистонро мебардорад.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар Олимпиадаи Нанҷинг-2014 ҳашт варзишгари ҷавони тоҷик – Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов (вазни то 85 кг) ва Равзатуллоҳ Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр, Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни то 81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон, инчунин, мураббиёни онҳо -Абдурозиқ Олимов (гуштии варзишӣ), Ҷамшед Расулов (варзиши сабук), Носир Бозоров (дзюдо), Фирӯза Зубайдова (камонварӣ), Олег Набиев (тирпарронӣ) ва Катерина Измайлова (шиноварӣ) дохиланд.

Firuz Yakubov Tajik athlete
Firuz Yakubov Tajik athlete

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо раҳбарии Носир Бозоров, сардори шӯъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпии кишвар, шаби 14-уми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ – Нанҷинг ба Чин парвоз кард.

Дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпӣ дар Нанҷинги Чин ширкати ҳудуди 3800 варзишгари синнашон аз 14 то 18-сола аз 204 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои олимпии наврасон-2014 дар Варзишгоҳи олимпии Нанҷинг 16 –уми август соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мешавад. Ҷадвали ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Нанҷинг -2014:

Ҷаъфар Шерматов (06.02.1996) - тирпарронӣ - 17-20 август

Карина Климик (12.12.1999) - шиноварӣ - 17-22 август
Аниса Замирова (25.09.1998) – камонварӣ - 22-26 август
Меҳрангез Назарова (01.07.1997) – варзиши сабук - 20-26 август
Фирӯз Ёқубов (01.11.1997), Тоҳирҷон Охонов (29.05.1997), Равзатуллоҳ Исоев (01.05.1997) – гуштии варзишӣ - 24-27 август
Фаррухи Салим (06.07.1996) - дзюдо - 25-27 август

XS
SM
MD
LG