Пайвандҳои дастрасӣ

30 июн анҷумани Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон вазъи адабиётро баррасӣ ва раёсати навро интихоб мекунад. Пурсишҳое матраҳ мешаванд, ки оё ин талоше барои эҷоди фазои нави адабӣ хоҳад буд?

Анҷумани навбатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар арафаи 80-солагии таъсиси он ва авҷи танқидҳои рукуди адабиёти бадеии ин кишвар баргузор мешавад. Ақидаи ҳоким ин аст, ки дар давраи истиқлолият бо вуҷуди бархе аз дастовардҳои кӯчак адибони тоҷик ба фақр ва худсонсурӣ рӯбарӯ шуда, аудиторияи худро аз даст доданд.

Аз диди мунаққидон дар ин муддат осоре ба вуҷуд наомад, ки номи офарандаашро шӯҳраи ҷаҳон ё дастикам Тоҷикистон кунад, меҳри гумшудаи хонандагон ба китобро эҳё намояд ва баҳсҳои адабии замони шӯравиро дубора ба толору маҳфилҳо баргардонад. Аммо адибони ҷавоне падид меоянд, китобҳо нашр мешаванд ва иттифоқ побарҷост. Вазъи имрӯзро намояндагони се насли адибони тоҷик аз зовияи худ ба се ранг мебинанд.

"КУШЕД ИН ЗАМОНАРО, КИ МЕКУШАД ТАРОНАРО"

Мӯъмин Қаноат, раҳбари пешин ва номвари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мегӯяд, бӯҳрони адабиёт ва фақри маънавӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар бештари кишварҳои олам рӯ зада, "баъзан маъруфтарин адибони ҷаҳон ҳам наметавонанд, ҳарфе бигӯянд, ки ба ҷомеа ва сиёсат таъсир дошта бошад. Адабиёти тоҷик зинда аст, асарҳои зиёде таълиф мешаванд, ҷустуҷӯву ковишҳое сурат мегиранд ва аммо назму насри муосир наметавонанд чун дар замони Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ба ҷомеаи башарӣ паёми қобили қабули ҳамаро бубарад."

Мӯъмин Қаноат

Мӯъмин Қаноат

Ба ақидаи шоири тоҷик, ин ҳол ду сабаб дорад – яке вазъи равонӣ ва иқтисодӣ дар кишвар ва дигарӣ – набудани мӯъҷиза дар шеър ё наср. Маҳз ба ҳамин хотир, аз нигоҳи Мӯъмин Қаноат, “китобе агар имрӯз чун “Авесто” бо тило ҳам навишта шавад, бехаридор мемонад”. Шоир мутмаин аст, ки ҳам ҷомеа ва ҳам адабиёт ба Шайхурраис Буалӣ Синои дигар ниёз доранд, аммо "мӯъҷизае рух намедиҳад".

"ТАШНАИ ДАРЁЯМУ ДАРЁ ЗИ МАН ДУР АСТ, ДУР"

Ташнагони шеъру достон мегӯянд, адабиёти муосир мушкилоти инсони муосирро бозтоб намедиҳад ва барои ҳамин дар дили хонанда акси садо ба вуҷуд намеорад. Таблиғи осори адибон ба гунае, ки дар давраи Шӯравӣ буд, ҷой надорад, бисёре аз китобхонаҳо дар деҳот баста шудаанд, обрӯйи адиб монанди муаллиму духтур коҳиш ёфтааст.

Гулрухсор

Гулрухсор

Вале Гулрухсор, шоири дигари саршиноси тоҷик бар ин аст, ки адабиёт бо роҳи худ меравад: “Дар ҳар давру замон ва ҳар миллат он чизеро дорад, ки сазовор аст. Ва чизеро мешунавад, ки шунидан мехоҳад,” -- мегӯяд ӯ. Аз нигоҳи хонум Гулрухсор, истеъдод фитрӣ ва фардӣ ва зуҳури нобиғагон кори Худо ва табиат аст. "Аз ин рӯ, шиква аз он ки мо имрӯз Ҳофиз надорем ё “Шоҳнома” намеофарем,хандаовар аст," -- мегӯяд хонум Гулрухсор.

Шоира меафзояд, вақте ӯ дар маҳфилҳо сатрҳое чун “вақт чағона мезанад дар нафаси шитобҳо”-ро қироат мекунад, баъзеҳо мегӯянд, ки “мо намефаҳмем, шумо чӣ мегӯед. Аввал мегуфтед, ки “туро бо дигаре дидам намурдам, намемирам дигар аз ҳеҷ офат” хело беҳтар буд”. Шоира хулоса мекунад, ки солҳои охир адиб ва хонанда аз ҳам хеле дур шуданд.

АДАБИЁТИ СОЛИМИ ҶОМЕАИ БЕМОР?

Дар ҳамин ҳол Орзу Исоев, аз насли ҷавони адибони тоҷик, на адабиёт, балки ҷомеаи имрӯзро бемор мехонад, “зеро дар зарфи беш аз бист соли ахир замона тақозо кард, ки падар ба ҳиҷрат раваду модар ба бозор ва фарзанд берун аз муҳаббату отифа монад”. Ва ин фарзанди маҳрум аз муҳаббати падару навозиши модар дар дунёе бузург шуд, ки он ҷо бояд барои рӯзгузаронӣ аз субҳ то шом заҳмат кашид, дунёе, ки ба ҷуз китоби дарсӣ китоби дигаре даркор нест. Ва чанд сомонии дарёфткардаашро сарфи ғизо мекунад, на сарфи китоб. Ба вижа, ки бештари достону қиссаҳо аз воқеияти рӯзу рӯзгораш фарсахҳо дуранд.

Орзу Исоев

Орзу Исоев

Орзу Исоев меафзояд, нависандаи имрӯз, ба фарқ аз адибони замони шӯравӣ, ки давлат барояшон шароити беҳтарини эҷодиро муҳайё карда буд, дар як даст хома дорад ва бо дасти дигар гаҳвораи зиндагии аҳли байташро такон медиҳад. Ва ин вазъ, бешубҳа, рӯи осораш нақш мегузорад. Аммо бо вуҷуди шароити сахт на фақат Фарзона, ки шеъраш дар сатҳи ҷаҳонист, балки адибони ҷавоне чун Озар, Фирдавси Аъзамиён, Сиёвуши Ҷунайдӣ, Офоқ, Адибаи Хуҷандӣ ҳамеша сухани нав мегӯянд ва баландии шеърашонро, аз ҷумла, муҳаққиқони эронӣ эътироф кардаанд. Дар ҳоле, ки дар назму насри тоҷик баъд аз Рӯдакиву Фирдавсиву Ҳофизу Мавлавии Румӣ Синову Хайём ва Айниву Турсунзодаву Лоиқу Бозору Гулрухсор ҳарфи нав гуфтану дурри маънӣ суфтан рӯз то рӯз мушкилтар мешавад.

РИСОЛАТИ АДИБ ВА АДАБИЁТ

Бисёриҳо вазъи феълии адабиёт ва созмони адибони Тоҷикистонро ба номушаххасии рисолати адиб дар ҷомеаи муосири кишвар рабт медиҳанд. Ҳарчанд ин мавзӯъ ба гунаи ошкор баҳс намешавад, бахше аз адибон аз рӯи мероси шӯравӣ дар хидмати бечуну чарои ҳукуматанд, бархи дигар барои худ ва чанде аз дӯстони хеш эҷод мекунад, аммо кам нафароне пайдо мешаванд, ки ҳадафашон доираҳои васеи хонандагони дохилӣ ва хориҷӣ бошад.

Ба гуфтаи шоира Гулрухсор, адабиёт пайвастани лаҳза бо ҷовидонҳост. Адабиёти мурда ҳамонест, ки адиб зиндаву саломат аст ва аммо асарашро касе намехонад. "Шодравон Лоиқ гуфта буд, “ман метарсам, ки шеърам пеш аз ман мемирад”. Аммо, ба гуфтаи шоира, "Лоиқ 15 сол боз бо мо нест ва аммо дар ҳама маҳфилу базм ва маросимҳо шеъраш садо медиҳад..."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG