Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди шадиди Иттифоқи нависандагон аз матолиби расонаҳо


Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо нашри як изҳорот, бархе аз расонаҳои кишварро ба иғвогарӣ ва дур шудан аз доираи қонун муттаҳам кардааст.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз як қатор матолиби расонаҳо интиқоди шадид карда, муаллифонро ба тӯҳматпароканӣ алайҳи ин ниҳоди обрӯманд муттаҳам мекунад ва “тӯҳмату иғвоҳо”-ро “таҷовуз” - и доираи қонуну одоби инсонӣ ва маданияти муошират номидааст. Ин изҳорот, ки барои нашр ба расонаҳо фиристода шуд, дар пайи як қатор матолиби интиқодӣ дар расонаҳои чопии Тоҷикистон пеш омадааст.

Нашрияҳо қаблан бо сарлавҳаҳои пурсарусадо, ки дар онҳо ҳатто ин маъниҳо, аз қабили “Рӯдакиро мефурӯшанд» ё “Рӯдакиро бо бодирингу помидор мефурӯшанд» ба назар мерасад, аз фаъолиятҳои Иттифоқи нависандагон интиқод карда, шеваи кори онро “падаршоҳӣ” унвон карда буданд.

Ин сели интиқод пас аз он ба расонаҳо сарозер шуд, ки Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барандагони он дар соли 2014 - ро эълон кард. Бино бар ин қарор, адабиётшинос Атахон Сайфуллоев барои китоби «Уфуқҳои нави наср», шоир Мирзо Файзалӣ барои силсилаи шеърҳо, шоири рус Михаил Синелников барои тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забони русӣ ва силсилаи шеърҳои «Нишонаҳои оташин» ва ҳунаршинос Рустам Муқимов барои китоби «Донишномаи ёдгориҳои тамаддуни ориёӣ дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон» барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2014 эълон шуданд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо матолиберо аз Ҳадиса Қурбонова, Шоираи халқии Тоҷикистон, шоира Шаҳрияи Адҳамзод ва нависанда Равшани Ёрмуҳаммад матолиберо нашр карда, Раёсати Иттифоқи нависандагон, бахусус раисаш Меҳмон Бахтиро мавриди интиқоди шадид қарор доданд ва онро дар “арзон фурӯхтани Рӯдакӣ” муттаҳам намуданд.

Аммо Раёсати Иттифоқи нависандагон мегӯяд, муайян кардани барандагони Ҷоизаи Рӯдакӣ на салоҳияти Иттифоқ, балки Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ниҳоди зертобеи ҳукумати Тоҷикистон аст ва танҳо умумияташ ин аст, ки “дар як бино қарор доранд” ва гузашта аз ин, “ба кӣ додани ҷоизаи мазкурро аъзои ин Кумитаи мӯътабар бо овоздиҳии пинҳонӣ (пӯшида) ҳал мекунанд”.

Иттифоқ муаллифонро ба тӯҳмат ва паст задани ҳайсияти Раёсати Иттифоқи нависандагон ва аъзояш муттаҳам карда, меафзояд, ки дар ҳоли зарурат омода аст тӯҳматпароканонро ба ҷавобгарӣ кашад.

Раёсати Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон 17 узв дорад ва Камол Насрулло, Гулрухсор Сафиева, Низом Қосим, Аҳмадҷони Раҳматзод, Шералӣ Мӯсо аз ҷумлаи аъзои он ба шумор мераванд. Раҳбарии Иттифоқи нависандагонро дар ҳоли ҳозир Меҳмон Бахтӣ ба дӯш дорад.

Ҷоизаи Рӯдакӣ дар замони шӯравӣ таъсис шуда, дар он замон мӯътабартарин ҷоизаи адабиву ҳунарии Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Номгӯи барандагони ин ҷоиза дар он даврон бузургоне, чун Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқи Шералӣ, Бозор Собир ва амсоли ононро дар бар мегирад.

Бо пош хӯрдани Шӯравӣ шумори барандагони ҷоизаи Рӯдакӣ хеле афзуд, вале обрӯи ҷоиза баръакс батадриҷ пойин рафт. Ҳатто бархеҳо мегуфтанд, ки ҷоизаи ба номи Рӯдакиро муваққатан барҳам бояд дод. Он ҳам дар ҳоле ки рақобат, бахусус байни адибони тоҷик барои ба даст овардани ҷоизаи Рӯдакӣ ҳамеша шадид будааст. Бархе аз коршиносон ба ин ҷоиза сазовор дониста нашудани осори адибоне чун Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Ҷонибеки Акобир ва дигаронро қубҳи ин ҷоиза унвон кардаанд.

Ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки соли 1964 таъсис ёфта, ҳамасола ба саршиностарин чеҳраҳои адабиву мусиқӣ ва ҳунар дода мешуд. Вале ҳоло ин ҷоиза дар ду сол як бор дода мешавад. Маблағи ҷоизаи Рӯдакӣ баробари 3500 доллар аст. Ҷоизаи Рӯдакӣ маъмулан дар арафаи 9-уми сентябр - Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG