Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоираи Раҳимҷон, рӯзноманигор, шоир ва оҳангсози ҷавон ахиран аз тариқи шабакаи “Фейсбук” аз амали се ҷавоне, ки ҳамсолони худро ба “ҷиҳод” дар Сурия даъват кардаанд, шадидан интиқод кард.

Шоираи Раҳимҷон, рӯзноманигор, шоир ва оҳангсози ҷавони тоҷик ахиран аз тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ба аксе, ки “се ҷавон дигаронро ба “ҷиҳод” дар Сурия даъват мекунанд” бо навиштаҷоти худаш аз ин иқдом шадидан интиқод кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки аҳли ҳунар ва фарҳанг ба масъалаҳои мазҳабу ҷиҳод кам таваҷҷӯҳ мекунанд ва ё аз он дурӣ меҷӯянд. Дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Шоирабону низ нахуст ин суолро матраҳ кардем, ки чӣ ишонро водор кард, то ба ин масъала рӯ биорад?

Шоираи Раҳимҷон: Воқеан, “Фейсбук” шабакае аст, ки ҳар суханат аз назари ҷомеа дур намемонад ва хоҳед -- нахоҳед, арзёбӣ мешавад. Ҳарчанд ман ҳамчун як шахси эҷодкор аз масоили сиёсӣ канор ё дурӣ меҷӯям, аммо бо ин ҳам, дониш ё фаҳмиши сиёсии ман заиф нест ва инро дар баҳсҳое, ки дар хонавода мешавад ва миёни дӯстон сурат мегирад, эҳсос кардам. Албатта, хоҳиши рӯ овардан ба масоили сиёсиро надорам, аммо аксе, ки дар Фейсбук гузошта шуд ва дар он се нафар аз ноҳияи Тоҷикобод ба “ҷиҳод” даъват мекунанд, маро нороҳат кард ва нахостам то бетараф бошам ва шарҳи худро гузоштам. Чаро ки ман аз хонаводаи мазҳабӣ ҳастам ва агар гӯям, ки аз тамоми хешу таборам танҳо ман ва се – чор нафари дигар ҳиҷоб намепӯшем, хато намекунам. Бо вуҷуди он ки дар масоили мазҳабӣ огоҳии хуб дорам, аммо назари ин се ҷавонро тарафдорӣ намекунам. Чун ҳар нафаре, ки ҷиҳод мекунад ва ё аз барои ман шуда, нафари дигареро қатл мекунад, ман аз эшон тарафдорӣ карда наметавонам. Аз нигоҳи мазҳаб ҳам ин, яъне хун рехтан, дуруст нест ва аз нигоҳи ахлоқӣ ва инсонӣ қобили қабул ҳам нест.

Озодӣ: Чун гуфтед, аз хонаводаи мазҳабӣ ҳастед. Пас он чӣ дар Сурия мегузарад аз назари шумо магар “ҷиҳод” аст?

Шоираи Раҳимҷон: Албатта, ақли ман то ба он ҳад намегирад, ки ин масъаларо баҳогузорӣ кунам, вале худи калимаи “ҷиҳод” аз назари ман чӣ ҳаст? Масалан, ривояте ҳаст, ки як нафар назди Ҳазрати Расули Акрам - Муҳаммади Мустафо (с) меояд ва мегӯяд, ки ман ҷиҳод меравам. Чун Ҳазрати Пайғамбарамон медонистанд, ки ин мард модари пиру беморе дорад ва аз ин рӯ хитоб ба вай мегӯяд, ки “Нигоҳубин кардани модари солхӯрда ва беморат ин худ ҷиҳод аст”. Ҳазрати Пайғамбар боз ҳам таъкид кардаанд, ки “Ҳар нафаре, ки мехоҳад ҷиҳод кунад, пеш аз ҳама бояд ҷиҳоди нафсонӣ дошта бошад”, яъне ҳатман бояд болои нафси худаш ҷиҳод дошта бошад. Мутаассифона, агар бигӯям, ки то ба ҳол дар ҷомеаи Тоҷикистон вонахӯрдаам бо касе, ки дар нафси худаш ҷиҳод дошта бошад, хато нахоҳам кард. Пас вақте инсон саводи кофӣ надорад ва бо ақл таҳлил карда наметавонад, пас чӣ гуна ин рафтори ӯ метавонад ҷиҳод бошад. Дар ҳоле, ки дар охири ҳар яке аз сураҳои Қуръони Карим Ҳазрати Парвардигор таъкид кардааст, ки “магар бо ақл дарнамеёбед”. Яъне ҳама чиз бояд дар асоси ақл сурат бигирад. Аммо онҳое, ки саводи кофӣ надоранд ва бо ақл таҳлил карда наметавонанд ва кӯр – кӯрона дунболи касеву чизе мераванд ва “ҷиҳод” мекунанд, ба фикри ман ин “ҷиҳод” иштибоҳона сурат мегирад.

Озодӣ: Бубинед, як ҳамватани Шумо, шояд як ҳамсояатон, ки 18 сол дар як кӯча бо шумо зиндагӣ карда, ногаҳон мехезаду ҷиҳод мекунад, одам мекушад ва кушта мешавад? Аз назари шумо чаро ақидаи ин ҷавон ногаҳон ё яку якбора дигар мешавад?

Шоираи Раҳимҷон: Иллат боз ҳам дар бесаводӣ аст, чун шахси боақл ва донишманду огоҳ ба “ҷиҳод” намеравад. Аммо бубинед, ки ҳамсояи ман, ки мехоҳад то “ҷиҳод” равад, дар Тоҷикистон шахси бесоҳиб ҳам нест. Аммо он ҷавонро, ки аз тариқи Интернет дигарон гумроҳ мекунанду ба “ҷиҳод” даъват мекунанд, ақли кофӣ дошта бошад ва ё аз Ислом бохабар бошад, пеш аз ҳама дарк мекунад, ки асос ва моҳияти ислом, ин “раҳм” аст.

Озодӣ: Хуб дар ин ҳол боз ҳам муқассир ин ҷавон аст ё кӣ?

Шоираи Раҳимҷон: Ин ҷавонро муқассир гуфтан нашояд, чун дониши казоӣ ва ақли кофӣ надорад ва ба ин роҳ рафтааст. Пас муқассир наздикону пайвандони ӯ ҳастанд, ки аз ҳоли ӯ бехабаранд. Барои ман, ки ҳамсояи ин ҷавонам даҳ дақиқа кофӣ аст, ки то битавонам дар дили ӯ раҳмро ҷо кунам, то ӯ раҳме ба модар, ҳамсар, хоҳар ва ё фарзанди худ дошта боашд. Чун ин ҷавон, ки ба “ҷиҳод” меравад ва аз бесаводӣ ва надоштани ақли комил, қурбон ё кушта мешавад ва Худованд қазоват хоҳад кард, ки ба биҳишт меравад ва ё дузах, аммо дар ин ҷо хонаводааш азият мекашанд ва умре мусибатзада мешаванд ва сад дар сад мутмаинам, ки ин ҷавон гуноҳ содир мекунад. Чун як нафар ҳуқуқ надорад, ки нафари дигареро дар ҳоли азобу уқубат ва мотамдорӣ қарор диҳад.

Озодӣ: Шоирабону мо мебинем, ки солҳои охир овозхонону ҳунармандони зиёд, ки ба дину мазҳаб рӯ меоранду ҳаҷ мераванд, аз таронаҳои шоду хурсандиовар то андозае рӯ мегардонанд, ба мазмунҳои мазҳабӣ рӯ. Инро чӣ гуна метавон арзёбӣ кард? Ишқи самимӣ ба Худованд ва ё як талоши бозорёбӣ?

Шоираи Раҳимҷон: Агар Маликаи Саидро дар назар бошта бошед ё Меҳрубони Равшан ва ё Ҳотами Равшанро, ин се нафар қариб ки рӯи саҳна нестанд, аммо Маликаи Саидро, ки ман хеле дӯст медорам ва ҳурмат мекунам, гуфта метавонам, ки на барои бозорёбӣ, балки ба ишқи Худованд он қадар дода шуд, ки дигар аз сароидан даст кашид. Вале Маликабону куллан аз миёни ҷомеа дур нест. Чун ба тиҷорат машғул аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки шахси тоҷир сад дар сад наметавонад, ҳамеша росткор бошад. Ҷое мешавад, ки воқеан ба нафс дода мешавӣ. Яъне ин маънии онро надорад, ки Малика дигар воқеан шахси ирфонӣ шудааст. Вале чун гуфта мешавад, ки гӯё суруд хондан гуноҳ аст, аз ин нуктаи назар Малика аз саҳна дур шуд. Ҳотами Равшан низ ҳамчунин. Аммо Меҳрубони Равшан фаъолият мекунад, пайи ҷустуҷӯи эҷодӣ аст. Аммо оне, ки рӯи саҳна нест, сабаби худашро дорад. Вале сабаби як лаҳза дур рафтани Меҳрубони Равшан аз саҳна, ҳаргизу ҳаргиз дар ишқи Худованд афтодани ӯ нест. Хуб аст, ки онҳо Ҳаҷ рафтанд, омаданду нуқтаи назарашон дигар шуд, аммо ин онҳоро ҳаргиз каноранишин ё гӯшанишин накардааст. Аммо дар мавриди Шабнам ва Фарзона инро гуфтаниам, ки рафтани ин ҳар ду ба Хонаи Худо ҳеҷ рабте ба бозорёбӣ ва ё ишқи Худованд надорад. Чун ишқ ба Худованд касро ҳатман канораҷӯӣ мекунад. Аммо рафтан ба Ҳаҷро ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: як гурӯҳ барои зиёрат, гурӯҳи дуввум барои тиҷорат ва савумӣ барои саёҳат. Аммо ин ҳам на ба хотири он аст, ки каноранишинӣ шавад. Аз ҳама кори зишттарине, ки имрӯз занҳо ба Ҳаҷ мераванд ва ман инро ин қадар зиёд вомехӯрам ва нафтарам меояд, он аст, ки аз он ки миёни рӯи дубора рӯи саҳна омадани Шабнаму Фарзона ва миёни он зане, ки Ҳаҷ рафту омад, ҳиҷоб мепӯшаду менишинад ва боз ғайбат мекунад, комилан тафовутеро намебинам. Бубинед, дар замони Пайғамбарамон як зане назди Расули Худо меояду бо гиряву нола мегӯяд, ман гуноҳи сахте кардам, тавба кунам, оё Худованд маро мебахшида бошад?! Расули Акрам аз вай мепурсад, ки чӣ гуноҳе? Зан дар ҷавоб мегӯяд, зино кардам. Ҳазрати Расули Акрам ором мешаванду мегӯянд, ки ман фикр кардам, ки “ту ғайбат кардӣ”.Яъне фарқият, ки қариб нест. Ҳаст, яъне, ки гуноҳи оне, ки Ҳаҷ мекунаду меояд ва ҳиҷоб мепушаду ғайбат мекунад, аз гуноҳи дубора рӯи саҳна омадани Шабнаму Фарзона зиёдтар будааст.

Озодӣ: Аммо худи Шоирабону нияти зиёрати Хонаи Худоро доранд?!

Шоираи Раҳимҷон: Ман нафаре ҳастам, ки дар кадом самте набошад, хоҳ миёни овозхонон, ки барояшон тарона эҷод мекунам, таронаҳоям шавҳатангез нестанд. Ҳамаашон тарбиявӣ ҳастанд . Аксаран рӯҳияи ғам доранд. Чун инсон Худоро он ҳолате мешиносад, ки ғам дорад ва ин лаҳзаҳо аз Худованд зиёдтар ёд мекунад. Баъд ин гуна таронаҳо боз инсонро пайванд мекунад бо Худованд. Ман Худои худ, дини худ ва пайғамбари худро он қадар дӯст медорам, ки ногуфтанӣ. Вале ман як ақида дорам, ки Хонаи Худо дар дилу қалби ман аст ва дар як шеърам гуфтаам, ки:

То омадан ба подари ин хона, сад хоначаҳое, ки дар ӯ будам,

То як вузӯъ бигирам аз ин дарё, тарки амал ба дарки ин вузӯъ будам.

Он ҷо ки хостам нишонаашро, сад роҳро зи баски бипаймудам,

Аммо чӣ рафтану куҷо расидан, сар то ба пойи нур аз ӯ будам.

Яъне, ки ман ҳамеша фикр мекунам, ки Худованд ҳамеша дар дили ман ҷой дорад ва Хонаи Худованд ана ҳамин қалби ман аст. Вале ҳамчун як нафари рӯзноманигор ва кунҷков, ки сафар карданро бисёр дӯст медорам, бароям хеле ҷолиб аст, ки биравам, бубинам бо чашми худам ва бо қалби худам эҳсос кунам, ки чӣ ниру ва чӣ қувва дар ин макон (Хонаи Худо) воқеан ҳам ҷой дорад.

Озодӣ: Аммо оё онҳое, ба хусус намояндагони риштаи мусиқиву ҳунар ва фарҳанг, ки рӯ ба мазҳаб меоранд, ҳамзамон ба мазҳабиву радикалшавии ҷомеа саҳмгузор мешаванд?

Шоираи Раҳимҷон: Масалан, як ҳунарманди маъруф, барои як гурӯҳи ҷомеа кумир аст ва ҳатто тарзи сухан гуфтану либос пӯшиданаш маъқул аст ва мехоҳанд аз ӯ пайравӣ бикунанд ва агар як нафарро мазҳабӣ мекунад, фикр намекунам ин хатар дорад, аммо як агар нафарро тундгаро ва ифротӣ мекунад, ин хеле зарар ба ҷомеа аст. Албатта агар Шабнам рӯи саҳна бо ҳиҷоб мебароянд, аксаран ҳиҷоб мепӯшанд, ки онҳо ҳаргиз зараре ба ҷомеа расонида наметавонанд. Чун ҳиҷобпӯш ягон нафари дигари ҷомеаро накуштааст. Ҳарчанд, ки имрӯз баъзе аз ҳиҷобпӯшҳо аз доираи ҳиҷобу мазҳаб хеле – хеле дур ҳастанд ва ин боиси таассуф аст, вале дар сурате, ки Шабнам биояду бар зидди Ватани худаш ҳарфе, бигӯяд, ки барои ин сарзамин хатар дорад ва мухлисон аз ӯ пайравӣ кунанд, ин хеле нигаронкунанда аст. Хушбахтона имрӯз, нафароне аз фарҳангиву аҳли санъат ба ин масоил, ба хусус масоили барагезандаи нафрат алайҳи Ватан бошанд,асландаст назадаанд. Ман бештар як чиро таъкид мекунам, ки “агар “ватандорӣ аз гушаи имон аст”, ки ин ҳарфи Худованд аст, ҳар нафаре ва ҳатто онҳое, ки “ҷиҳод” мераванд, инро сарфи назар накунанд. Вақте ақидаи эшон, рафтори онҳо ё ягон тасмимашон хилофи ин сарзамин аст, чун хуни нофашон дар ин Ватан – Тоҷикистон рехтааст, ман ҳаргиз ин гуна нафаронро мусалмон ном бурда наметавонам. Барои ман мавқеи эшон, аз мавқеи як авбош, як ҷинояткор ва як шахси воқеан ҳам бехудо баландтар нест.

Озодӣ: Пас ба унвони як шахси фарҳангӣ чӣ бояд кард, то ҳам “Лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”, яъне чӣ кунем, ки ҳам ҷавонон аз рафтан ба ҷанг дар Сурия зери шиори “ҷиҳод” худдорӣ кунанд ва аз сӯи дигар ҳунармандон, ба хусус, овозхонон мавқеи худро дар миёни ҷомеа устувор кунанд?

Шоираи Раҳимҷон: Ман фикр мекунам, ки аслан аҳли фарҳанг, аз ҷумла овозхон мусалмон зода шуда ва аллакай мазҳаби худашро интихоб кардааст, мо наметавонем бигуем, ки мусалмон нест. Оне, ки зиёрати Хонаи Худо меравад ва тағйири либос мекунад, ё ки тағйири ақида мекунад, ин аллакай интихоби ӯ аст, шояд чизеро дарк кардааст, ки мо дарк накардаем ва шояд асроре назди он нафар зебо кушода шудааст, ки зебогии боқии зиндагиашро маҳз дар ҳамон масалан, тағйир кардани ақидаи худаш дорад. Вале ҳунарманд ҳарчанде, ки аз саҳна ҳам биравад, мухлисонаш аз набудани вай азият мекашанд ва ҳаргиз ман фикр намекунам, ки шахси эҷодкор битавонад касеро ба фитна бубарад.Ман инро исбот кардам. Боз ҳам, ки Малика болои саҳна нест, аммо ҳунармандонро дӯст медорад ва бо ҳунармандон алоқаи зич дорад, эҳтиром мекунад. Ин нишонаи он аст, ки вай ҳаргиз наметавонад, ки ҷомеаро ба гумроҳӣ бубарад. Шахси эҷодкор ҳамеша дили ҳассос дорад ва дунболи ободӣ, оромӣ ва осоиштагии ватанаш аст ва ватанро аз ҳама чиз болотар медонад.

Аммо дар масъалаи рафтани ҷавонон ба “ҷиҳод” , беҳтар аст, то ҷавононро аз синни мактабӣ бояд тарбия бидиҳем. Барои он ки мушкилӣ ҳалли худро пайдо кунад, бояд дохили мушкил рафт ва онро тоза кард. Мо ҷавононро ҳатман дар рӯҳияи исломӣ тарбия кунем. Барои чӣ? Чун гуфтем, ки пайғамбар онҳоеро, ки ба ақли худ кор мекарданд ва бо нафси худ ҷиҳод мекарданд, аз онҳо давъат мекард, то ба ба ҷиҳод бираванд. Агар инро барои насли наврас , барои як ҷавон, дуруст расонида битавонем, ҷавон худаш то оне, ки омода мешавад, болои нафси худаш ҷиҳод бикунад, хеле вақт мегузарад, шояд воқеаҳо ҳам дар Сурия ҳалли худашон меёбанд. Вале агар инсон воқеан ҳам, комил аст ва воқеан медонад, ки рафтани ӯ зарурат дорад, аз рафтани ӯ ягон масъала дар онҷо ҳалли худашро меёбад, боз ҳам як оташ бисёртар аланга намезанд, бигзор ва мо бо эшон баҳс карда наметавонем. Аммо ман комилан бовар дорам, ки нест, ҳамин гуна ҷавоне, ки имрӯз омода бошад ба ин чиз. Вале беҳтар аст, то мо ҷавононро тарбия бикунем, ба хусус онҳоро аз нуқтаи назари ҳадисҳои Расули Акрам тарбия кунем. Чун мегӯянд, “гармиро гармӣ мебурад”. Яъне боз ҳам агар аз гуфтаи Ҳазрати Пайғамбари ислом ва аз нуқтаи назари Қуръон ин ҷавононро фаҳмонида тавонем, онҳо ҳеҷ гоҳ аз гумроҳӣ ба ҷое намераванд, ҳатто ба “ҷиҳод”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG