Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли дувоздаҳ сарбози афғон дар шаби хобашон


Нерӯҳои Афғонистон зимни омодагӣ ба амалиёт алайҳи ҷангҷӯён дар моҳи августи соли 2016.
Нерӯҳои Афғонистон зимни омодагӣ ба амалиёт алайҳи ҷангҷӯён дар моҳи августи соли 2016.

Ду сарбози афғон, ки зоҳиран бо Толибон иртибот доштаанд, 12 ҳамяроқи худро дар шаби хобашон куштааст. Як мақоми пулиси шаҳри Кундуз рӯзи 27-уми сентябр гуфт, ду сарбоз баъди ҳамлаи шабонаи ҷангҷӯён ба ҳамяроқонашон дар посгоҳи дурафтодае онҳоро кушта ва ба тарафи Толибон гузаштаанд. Толибон бо нашри баёнияе масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтанд ва гуфтанд, ки тамоми аслиҳаи посгоҳро ғанимат гирифтаанд. Вазорати дифои Афғонистон ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Посгоҳ ҳалқае дар занҷири посгоҳҳо дар атрофи шаҳри Қундуз будааст, ки онро Толибон соли гузашта барои муддати кӯтоҳе ишғол карданд.

XS
SM
MD
LG