Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони натиҷаҳои раъйпурсии Озарбойҷон


Раъйпурсӣ дар Озарбойҷон рӯзи 26-уми сентябр баргузор шуд.
Раъйпурсӣ дар Озарбойҷон рӯзи 26-уми сентябр баргузор шуд.

Мақомоти интихоботии Озарбойҷон мегӯянд, аксари мардум ба тарафдории ислоҳот дар Қонуни асосӣ раъй доданд, ки аз ҷумла тамдиди давраи раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 солро пешбинӣ мекунад. Мазоҳир Паноҳов, раиси Комиссияи марказии интихобот, рӯзи 27-уми сентябр гуфт, шумориши 70 дар сади раъйи мардум нишон дод, ки бештар аз 90 дар сади мардум тарафдори қабули 29 тағйиру ислоҳ ба конститутсия ҳастанд. Ислоҳи Қонуни асосӣ ба раиси ҷумҳур Илҳом Алиев иҷоза медиҳад, то соли 2020 дар мақомаш бимонад. Натиҷаҳои комили раъйпурсии рӯзи 26-уми сентябрро бояд моҳи оянда эълон кунанд, вале Комиссияи интихоботӣ натиҷаҳои муқаддамотиро эълон кард ва гуфт, ки дар интихобот 70 дар сади мардум ширкат кардаанд. Расонаҳои русӣ ҳамчунин бо такя ба назарсанҷиҳо навиштаанд, ки аксарияти мардум тарафдори ислоҳи Қонуни асосӣ ҳастанд, бо вуҷуди онки ҷомеаи байналмилал раъйпурсиро танқид карда ва гуфтааст, ки ҳадаф аз тамаркузи қудрат дар дасти раиси ҷумҳур Илҳом Алиев ва тарафдорони он аст.

XS
SM
MD
LG