Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел бори чаҳорум раҳбари ИДМ интихоб шуд


Ангела Меркел, Садри аъзами Олмон
Ангела Меркел, Садри аъзами Олмон

Садри аъзам Ангела Меркел бори чаҳорум раиси Иттиҳоди демократии масеҳиёни Олмон (ИДМ) интихоб шуд. Дар раъйгирие, ки зимни анҷумани иттиҳод 6 декабр дар Эссен баргузор шуд, наздики ҳазор вакил иштирок карда, 89,5%-ашон ба ҷонибдории ӯ овоз додаанд.

Сиёсати дарҳои бози пешгирифтаи Меркел дар робита ба муҳоҷирон нигаронии бахше аз сокинонро ба бор оварда, маҳбубияти ИДМ-ро коҳиш додааст. Тавре интизор меравад, Ангела Меркел бо назардошти комёбӣ дар интихоботҳои минтақавии Ҳизби ростгарои популистии "Алтернатив барои Олмон" мавқеашро дар робита ба масъалаҳои муҳоҷират сангинтар хоҳад кард.

То раъйгирии вакилон дар анҷуман Меркел афзоиши популизм дар Олмонро ба шиддат интиқод карда, гуфт, аз пешниҳоди манъи пӯшиши ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пуштибонӣ мекунад.

Садри аъзами Олмон афзуд, "ба бар кардани ин гуна либоси пӯшида бояд дар ҳама ҷойҳо аз роҳи қонунгузорӣ манъ карда шавад". Дар ҳоли ҳозир, ҳизби Меркел лоиҳаи қонунеро таҳия дорад, ки пӯшидани ниқобро ҳангоми рондани нақлиёт ва дар толори додгоҳ манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG