Пайвандҳои дастрасӣ

Як хонандаи Озодӣ бо номи Амирхон Азизов ин видеои ҷолибро бо номи "Дарахтбур" аз пойтахти Русия ба мо фиристодааст.

Амирхон Азизов дар шарҳи хеле кӯтоҳаш ба ин навори видео навиштааст: “Ин видео дар шахри Маскав сабт шудааст. Ин бача тоҷик аст, ихтисоси дарахбурӣ дорад, ки дарахти баландиаш 25-33 метрро аз болояш мебурад. Ба фикрам ин хеле ҷолиб аст. “

Мутаассифона, муаллиф исми ин дарахтбури тоҷикро, ки дар воқеъ малакаи ҳайратоваре дар ин касби худ нишон медиҳад, мушаххас накардааст. Агар касе қаҳрамони ин наворро шинохт ва дараке аз ӯ дорад, ба мо бинависед.


Мо бо нашри ин видео дар сомонаи Озодӣ аз боқӣ хонандагону ҳаводорони ин сомона низ даъват мекунем, ки агар манзараи ҷолибе диданду ба навор гирифтанд ва мехоҳанд ин наворро дигарон низ бубинанд, ҳатман навори худро ба Озодӣ бифиристанд. Лаҳзаҳои ҷолибу хотирмон аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, кору бор ва лаҳзаҳои истироҳати онҳо дар мулки ғурбат, ва ҳамин тавр наворҳо аз манзараҳои зебову дидании дохили Тоҷикистон ва аз ҳаёти мардуми тоҷик дар ватан метавонанд мавзӯъҳое бошанд, ки шумо дар борааш навори видеоӣ бигиред ва барои нашр ба Озодӣ бифиристед.

Навори худро тавассути Саҳифаи хонандагон (http://www.ozodi.org/archive/User_Generated_Content/latest/2933/2933.html) ба мо бифиристед. Ваё метавонед видеои худро мустақиман ба дафтари Радиои Озодӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Интернатсионалная, 85/34 бирасонед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG