Пайвандҳои дастрасӣ

Рафтану барнагаштан? Ҳузури 12 зани тоҷик дар ҷангҳои Сурия


Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, то кунун дувоздаҳ зану духтари тоҷик барои иштирок дар ҷангҳо ба Ироқ ва Сурия рафтаанд.

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гуфт, то кунун 12 зану духтари тоҷик барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд ва омори мазкур тоза аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастрас шудааст. Ба қавли ӯ, барои Тоҷикистон ҳатто агар як зан ҳам ба ин роҳ рафта бошад, боис ба нигаронист.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз ин раванд онҳо талош доранд, ки бештар бо хонаводаҳои тоҷик ва ҳам дар алоҳидагӣ бо занон мулоқот карда, онҳоро аз ин раванди номатлуб огоҳ намоянд.

Омори ширкати 12 зани тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ дар ҳоле садо медиҳад, ки дар гузашта на танҳо аз ҳузури занон, балки кӯдакони тоҷик дар ин ҷангҳо низ сӯҳбат шудааст. Иддае аз ин занон, ки бо ҳамроҳии шавҳаронашон ба Сурия рафта буданд, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, баъд аз ҳалокати ҳамсарҳояшон маҷбуран ба ҷангиёни дигар издивоҷ карданд ва фарзандонашонро ба лагери террористӣ супурданд.

Ба гунаи мисол, Дилором Маҳмудова, як ҷавонзани тоҷикро моҳи августи соли 2014, шавҳараш Турсунбой Сафарови 28-сола, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо ваъдаи дурӯғи саёҳати Туркия ба Сурия бурд. Вақте Сафаров дар як амалиёти ҷангӣ кушта шуд, ҳамтоҳои дигари ӯ санадҳои ҳамсари ӯро нобуд карданд ва шарт гузоштанд, ки агар ӯ аз нияти баргаштан ба Тоҷикистон даст накашад, кушта мешавад. Айни замон муайян шудааст, ки Маҳмудоваро алакай ба ҷиҳодие бо номи Абу Ҷаҳд никоҳ карданд.

Маҳдӣ Собир

Маҳдӣ Собир

Маҳдӣ Собир, таҳлилгари масоили амниятӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "албатта маълум аст, ин занҳое, ки бо шавҳарони худ рафтаанд, танҳо ба он хотир рафтанд, ки шавҳаронашонро ҳамроҳӣ намоянд. Дар оғоз шояд шароити ДИИШ бад набуд, молу сарват доштанд, аз ин хотир ҳар нафаре, ки мерафт, зану фарзанди худро мебурд ва занону кӯдакон дар ақибгоҳ ба сар мебурданд. Аммо ҳоло, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саркӯб кардани ин гурӯҳ бархостаст, вазъ низ мураккаб шудаву тағйир кардааст."

Аммо дар баробари ин, мақомоти тоҷик шабакаҳои иҷтимоиро аз воситаҳои дигаре ном мебаранд, ки барои ҷалби занону духтарон ба чунин гурӯҳҳои террористӣ хидмат мекунад. Мақомоти интизомии кишвар то ҳол ҳатто чанд нафарро, ки мехостанд тариқи Туркия ба Сурия бираванд ва ба “Давлати исломӣ” бипайванданд, боздошт карданд ва ба ватан баргардонданд.

Аз ҷумла, чанд рӯзи қабл, тариқи расонаҳо аз бозгардонидани ду ҷавонзани тоҷик - Дилором Шарифзода (соҳиби ду фарзанд) ва Наргис Ортиқова хабар дода шуд, ки бо Сулаймон Саидов ва Озод Саидӣ тариқи Интернет ошноӣ пайдо карда, ба ваъдаи онҳо барои никоҳ ва зиндагӣ дар Туркия "фирефта” шудаанд.

Нигина ҷавондухтаре, ки дар интернет даъвати сафар ба Сурияро гирифтааст, мегӯяд, аксари онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба ин гурӯҳҳо ҷалб мекунанд, агарчӣ равоншиносони ҳирфаӣ нестанд, аммо аксарият дар ин кор таҷриба доранд. Онҳо ғолибан духтарони хеле ҷавонро ба худ моил мекунанд ва орзуҳои одиву самимии онҳо, мисли бунёди оилае бар пояи ишқу муҳаббат ва хушбахт шуданро барои пиёда кардани ҳадафҳои худ истифода мебаранд.

Ҷалби духтарон на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз тамоми Осиёи Марказӣ ва ҳатто Аврупо бештар аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Асомиддин Атоев, таҳлилгари масоили интернет мегӯяд, ки

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Skype роҳи дигари ҷалби духтарҳо ба Ховари миёна шудааст. шудааст. "Як рӯзноманигори англис дар ин замина таҳқиқот анҷом додаст, ки барои ҷалби духтарон бештар аз Скайп истифода мешавад. Дар Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад, ки духтарони мо маъмулан аз ҳамин тариқ ҷалб мегарданд. Мо бояд дар баробари маводи ифротгароёна, маводе интишор кунем, ки ба ободкорӣ раҳнамоӣ кунад. Аммо пеш аз ҳама бояд мо сабаби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин шабакаро омӯзем," -- афзуд Атоев.

Бино ба иттилои расмӣ, беш аз сесад сокини аз 18 то 25-солаи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳаждаҳ донишҷӯи тоҷик дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон барои ҷанг дар Ироқу Сурия рафта, то кунун хабари марги беш сад тани онҳо расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG