Пайвандҳои дастрасӣ

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ садҳо духтар аз Тоҷикистон довталабона ба ҷабҳаҳои набард рафта ва дӯш ба дӯши мардон алайҳи Олмони фашистӣ меҷангиданд.

Дилноза Каримова, сокини 18-солаи ноҳияи Қубодиён тирамоҳи соли гузашта гуфт, ки омода аст, баробар бо писарон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хидмат кунад ва барои ҷанг бо ҳаргуна душмани эҳтимолӣ омода бошад. Ҷасорати Дилноза ғавғоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барпо кард, ки “духтара чиву хидмат карданаш чӣ”, зан бояд дар хона нишинад ва ба тарбияи фарзанд машғул бошад.”

Аммо 70 сол пештар мисли Дилноза садҳо духтари тоҷик ба довталабона ба ҷабҳаҳои дури ҷанг ба зидди Олмони фашистӣ рафтанд ва баробар бо мардон корнамоӣ ва ҷонфидоӣ карданд. Яке аз онҳо, ки ҳоло 93 сол дорад ва дар Афғонистон ба ҳайси разведчик кор кардааст, Маҳбуба Турсунова аст, ки имсол ба паради низомии бахшида ба 70-солагии пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ ба Маскав меравад.

Саҳми Маҳбуба Турсунова дар ифшо кардани гурӯҳҳои харобкору ғоратгар, ки “Абвер”, яке аз хадамоти ҷосусии Олмон аз тариқи Афғонистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон мефиристод, кам нест. Дар ин вилоят дар соли 1944 гурӯҳи 50 нафарии диверсантҳои дохилӣ ба раҳбарии Давлат Мусоро ошкору хунсо карданд, ки фаъолони сиёсиро мекушт ва аҳолиро ғорат мекард. Леокадия Ковтун, яке аз собиқадорони белорустабори ҷанг аз Тоҷикистон аст, ки 5 сол дар деҳоту ҷангалҳои Белорус ба зидди фашистон ҷанги партизанӣ бурдааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзҳои сахти ҷангро чунин ба ёд овард:

“Дар аввал мо як гурӯҳи хурди партизанҳо будем, то охири ҷанг ба се баталиён табдил шудем. Мо тамоми қаламрави Ҷумҳурии Белорусро пиёда гаштем, то ҷангалҳои Смоленск. Мо дар роҳ, пулҳо, роҳҳои оҳанро метаркондем, қаторҳои душманро нобуд мекардем.”

Роҳат Набиева, таърихшинос ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз пажӯҳишгаронест, ки саҳми занони тоҷик дар мубориза ба зидди фашизмро таҳқиқ кардааст ва китоби “Занони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ҳосили заҳмати чандинсолаи ӯст. Ба навиштаи Роҳат Набиева, 32 ҳазор зану духтари тоҷикистонӣ дар мубориза бо нерӯҳои Олмони фашистӣ ширкат кардаанд. Дар он замон 350 нафари онҳо снайпер, 1420 нафарашон автоматчӣ, 435 нафар телеграфист, 3750 нафар телефонист ва 4195 нафари онҳо тирандоз будаанд.

Ба навиштаи Роҳат Набиева, Нина Любовская аз Тоҷикистон, яке аз снайперҳои моҳир дар воҳиди низомиаш буд ва дар ҷангҳои назди Маскав 89 сарбози Олмони фашистиро нобуд кардааст. Бонуи дигари тоҷик София Ниёзова, муддати панҷ соли ҷанг дар Украина ҷони ҳазорон маҷрӯҳро аз қабзаи марг наҷот додааст ва ба навиштаи Роҳат Набиева, дар сурати зарурат, силоҳ ба даст мегирифт ва ба зидди сарбозони Олмони фашистӣ меҷангид.

Хушвахт Абдуназаров, таърихшиноси дигари тоҷик аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам саҳми мардуми тоҷик бахусус бонувонро дар пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ зиёд номид ва дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ду намунаи барҷастаи қаҳрамонии занони тоҷикро мисол овард: “Ойгул Муҳаммадҷонова ва Инъомҷон Қурбоноваро медонед, ки лётчик ва ё халабон буданд ва дар ҷангҳо ширкат кардаанд. Ҳардуяшон барои корнамоӣ дар ҷангҳои ҳавоӣ, ба ордену медал сазовор шуданд, вале унвони қаҳрамонро нагирифтаанд.”

Роҳат Набиева менависад, дар рӯзҳои аввали ҷанг, фақат аз шаҳри он замон хурди Душанбе 200 зан барои рафтан ба фронт ариза додаанд. Аз Ғарми дурдаст дар камтар аз як моҳ 57 зани тоҷик дархости рафтан ба ҷанг кардаанд ва дар маҷмӯъ 32 ҳазор бонуи тоҷик ба ҷабҳаҳои набард рафтаанд.

Вале дар бойгониҳои шӯравии собиқ асосан аз қаҳрамониҳои занони тоҷик дар ақибгоҳҳо ситоиш мешавад. Дар он замон, ки аксарияти мардон ба ҷанг рафтанд, бештар аз 500 ҳазор зани хонанишини тоҷик, ба кор дар саҳро ва корхонаҳои саноатӣ ҷалб шуданд ва ба навиштаи таърихшиносон, худашон намехӯрданд ва ёфтаҳояшонро ба ҷабҳа мефиристоданд. Давлатбӣ Нурова, сокини 80-солаи ноҳияи Сарбанд ва ҳамсари Шафоат Нуров, ки аз ҷанг ба назди хонаводааш маъюб баргашт, дар сӯҳбат бо Радиои он солҳоро чунин ба ёд овард: “Падари худам, ба ҷанг рафт ва бо дасти калта омад, одамон ҳама мурданд. Дарав мекардем, пахта мечиндем, занако бригадир буданд, мардак набуд. Кӯдак доштем, нон набуд, орд набуд, так-такро (як навъи рустании монанд ба ҷав) орд карда мехӯрдем. Ҳама маҷрӯҳ омаданд, бисёр азоб кашидем.”

Ба гуфтаи Хушвахт Абдуназаров, занони тоҷик шабу рӯз ба ҷойи падарону бародарону ҳамсарон, ки дар ҷабҳаи аввали ҷанг бо нерӯҳои Олмони фашистӣ даст ба гиребон буданд, заҳмат мекашиданд. Аз ҳисоби пули ҷамъовардаи мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ бахусус занон сипоҳи тонкӣ бо номи “Колхозчии Тоҷикистон” ва сипоҳи ҳавопаймоҳои ҷангӣ бо номи “Комсомоли Тоҷикистон” сохтаанд.

Ғулом Шарипов, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Кулоб, ки як сол баъди ҷанг маҷрӯҳ шуд ва ночор ба ватан баргашт, мегӯяд, ки дар он замон посбони заминҳои ғалла буд ва бо чашмони хеш дидааст, ки чӣ гуна модарону хоҳарони тоҷик кореро анҷом медоданд, ки баъзе мардҳои ҳозира зӯрашон намерасад: “Дар он вақт занҳо бисёр буданд, мардҳо ҳама дар ҷанг буданд. Занҳо якеаш бригадир буд, дигараш звено буд, якташ болои сари ҳамуно меистод. Мардина кам буд.”

Дар Тоҷикистон, ки ақибгоҳ ва манбаи ашёи хом ба ҳисоб мерафт, 10 ҳазор корхонаро бозсозӣ карданд ва дар ҳамаи онҳо нерӯи асосӣ занон буданд. Чашм ба роҳи шавҳар кор мекарданд, бачаҳояшон дар дастонашон аз гуруснагӣ ва ё беморӣ ҷон медод, ҳарчанд дар ин бора муаррихони шӯравии собиқ зиёд нагуфтаанд. Ҳамингуна ба навиштаи Роҳат Набиева, бонувони тоҷик дар ақибгоҳ такягоҳи фарзандону шавҳарони худ буданд ва дар баробари миллатҳои дигари шӯравии собиқ дар набардҳои шадид барои Сталингарду Ленинград ҷангидаанд ва дар озод кардани кишварҳои Аврупо ба мисли Лаҳистону Руминия ва Югославия ва Чехословакия саҳм гузоштаанд.

Дар маҷмӯъ дар 5 соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ тақрибан 300 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат кардаанд ва бештар аз 90 ҳазор нафари онҳо ба шумули садҳо бону дар ин ҷанги вайронгар ҷон додаанд ва теъдоде ҳам маъюб, бе як даст ё пой ва ё нобино ба Тоҷикистон баргаштаанд. Аз ҳисоби бештар аз 1200 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон теъдоди ангуштшумори онҳоро занон ташкил медиҳанд, ки хотираи зиндаи он солҳои ҳастанд. Ба гуфтаи профессор Малика Зикриёева, духтари Роҳат Набиева, ки ӯ низ нақши занони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҳқиқ кардааст, бо вуҷуди пажӯҳишҳои зиёд дар ин бора зарурате барои омӯзиш бо дидгоҳи нави “қаҳрамониву ҷонфидоиҳои занони тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ” вуҷуд дорад, то ба насли имрӯза дарси ибрат шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG