Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонӣ: Баъзе аз занҳои тоҷик дар ДИИШ то 5 бор шавҳар кардаанд


Юсуф Раҳмон (нафари аввал аз тарафи чап)

Юсуф Раҳмон (нафари аввал аз тарафи чап)

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, бар асоси иттилое, ки дар даст доранд, баъзе аз занони тоҷик баъди пайвастан ба "Давлати исломӣ" мавриди суистифодаи ҷинсӣ қарор мегиранд.

Юсуф Раҳмон – додситони кулли Тоҷикистон гуфт, бархе аз занону духтарони тоҷик, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд, ҳадди ақалл то панҷ бор шавҳар кардаанд. Оқои Раҳмон ин ҳарфҳоро 31 июл дар сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон баён дошт.

Ӯ гуфт, танҳо рӯзи гузашта (30 июл) бо ёрии мақомот як зани тоҷик аз Сурия оварда шудааст, ки баъди марги шавҳараш тақрибан тӯли як сол мавриди суистифодаи ҷинсӣ қарор гирифтааст.

"Дирӯз бо ӯ сӯҳбат доштам. Нақл кард, ки дар Сурия чӣ аҳвол доштанд," -- гуфт додcитони кулл.

Ӯ афзуд, "ин зан ҳамроҳи шавҳараш ба Сурия меравад. Ҳамагӣ дар як моҳ сад доллар ба онҳо медодаанд ва дар як хонае ҷояшон мекунанд, ки духтар ҳеҷ ҷоеро дида наметавонад. Ба монанди дар ҳасби хонагӣ будан. Аз ҳамаи ҳуқуқ маҳрум будааст. Вақте шавҳараш захмдор мешавад, зиёда аз ду моҳ касе ӯро суроғ намекунад. Касе табобаташ намекунад ва аз ин захмҳо ҳалок мешавад. Як сол ин зани тоҷикро дар Сурия истифода мекунанд. Баъдан, ҳамаи роҳу воситаҳоро истифода карда, бо ёрии мо сарҳадро убур карда, ба Тоҷикистон омад. Ҳамин аст, ҳолу аҳволи онҳое, ки дар Сурия меҷанганд."

Додситони кулли Тоҷикистон дар идома гуфт, харҷи сафари ҷангиёни пушаймоншудаи тоҷик аз Туркия то кишвар аз ҳисоби давлат пардохта мешавад.

Ҳарчанд масъулони додситонии кулл нагуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир чӣ теъдод аз шаҳрвандони кишвар дар Сурия қарор доранд, вале таъкид карданд, ки аксари онҳо шиносоӣ шуда, ҳалокати беш аз 150 нафарашон тасдиқ гардидааст. Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон теъдоди умумии шаҳрвандони кишвар дар ҷангҳои Ироқу Сурияро 519 нафар гуфта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG